Метка: идрок

Фалсафа ва равиши реализм (74)

Идрокоти эътиборӣ (5) Матни китоб: 5. Ин амали фикриро тибқи натоиҷи гузашта метавон таҳдид карда ва гуфт, амали номбурда ин аст, ки бо авомили эҳсосӣ ҳадди чизеро ба чизи дигаре бидиҳем ба манзури тартиби осоре, ки иртибот бо авомили эҳсосии худ доранд; 6. Ин идрокот ва маъонӣ чун […]

Фалсафа ва равиши реализм (73)

Идрокоти эътиборӣ (4) Матни китоб: Аз баёни гузашта натиҷа гирифта мешавад: 1. Ин маъонии ваҳмӣ дар зарфи “таваҳҳум” мутобақ доранд, агарчӣ дар зарфи хориҷ мутобақ надоранд. Яъне дар зарфи тахайюл ва таваҳҳум масалан инсон мисдоқи шер ё моҳ аст, агарчӣ дар зарфи хориҷ чунин нест. Яъне дар пиндор […]

Фалсафа ва равиши реализм (72)

Идрокоти эътиборӣ (3) Матни китоб: Шоире гӯяд: Моҳе чу ту осмон надорад, Сарве чу ту бӯстон надорад. Дигаре гӯяд: Ду найза ду бозу ду марди далер, Яке аждаҳову яке наррашер. Ночор аз ин шеърҳои базмиву размӣ то кунун ҳазорҳо шунидаед, ки шуаро як мавзӯи базмиро — аз гулу […]

Фалсафа ва равиши реализм (71)

Идрокоти эътиборӣ (2) Муқаддима (2) Ҳамчунон ки қаблан ишора шуд, назарияи табаияти ақл ва мутлақи идрокоти ақлонӣ аз “асли интибоқ бо муҳит” бо назарияи таҷрибагароён — ки ҷамиъи усули ақлониро мавлуди таҷриба медонад — аз як ҷиҳат мухолиф ва бо назарияи таъаққулиюн мувофиқ аст, зеро ба вуҷуди ақл […]

Фалсафа ва равиши реализм (70)

Мақолаи шашум Идрокоти эътиборӣ (1) Муқаддима (1) Мабҳасе, ки дар ин мақола мехоҳем вориди он бишавем низ аз мабоҳиси марбут ба олами зеҳн ва идрокот аст. Он чӣ дар ин мақола мавриди баррасӣ ва таҷзия ва таҳлил қарор мегирад, қисмате аз идрокот аст, ки дар истилоҳи ин силсиламақолот […]

Фалсафа ва равиши реализм (69)

Пайдоиши касрат дар идрокот (24) Матни китоб: Посух Мо акнун ба гуфтугӯи асосӣ дар атрофи созмони “тез-антитез-синтез” намепардозем ва шарҳи комили аҷзои ин назарияи тозаро ба мақолае, ки ба хости Худои ягона ба унвони “Қувва ва феъл” хоҳем нигошт, мавкул менамоем. Мо дар онҷо бо равшан сохтани маънои […]

Фалсафа ва равиши реализм (68)

Пайдоиши касрат дар идрокот (23) Нақди назариёти тарафдорони материализми диалектик дар бораи идрокот Он чӣ марбут ба ин мақола аст, ки дар матн баён шуда ақоид ва назариёте аст, ки тарафдорони материализми диалектик рӯйи усули чаҳоргонаи фавқ ва рӯйи теорияи материалистии худ дар бораи “идрокот” ва “афкор” изҳор […]

Фалсафа ва равиши реализм (67)

Пайдоиши касрат дар идрокот (22) Матни китоб: Ишкол Донишмандони моддияти таҳаввулӣ (1) мегӯянд, ҳамаи ин назариёти гузашта, ки аз баёни собиқ натиҷа гирифта шуда ва асоси мантиқи ҷомидро мечинад, мантиқи худро рӯйи се асли зерин устувор менамояд: 1. “Асли айният”, яъне ҳар чиз худаш айни худаш мебошад; 2. […]

Фалсафа ва равиши реализм (66)

Пайдоиши касрат дар идрокот (21) Матни китоб: Ишколи 2 Агар чунончи илм ба назариёт аз илм ба бадеҳиёт тавлид шуда ва бадеҳиёт аз қонуни таволуд мустасно мебошанд, дигар таваққуфи бадеҳӣ ба бадеҳии дигар мафҳум надорад, бо ин ки мегӯед, ҳамаи қазияҳо — аъамм аз назарӣ ва бадеҳӣ — […]

Фалсафа ва равиши реализм (65)

Пайдоиши касрат дар идрокот (20) Матни китоб: Ва аммо дар қисми дуввум (тасдиқӣ) Ҷойи тардид нест, ки мо маълумоти фикрӣ ва идрокоти тасдиқии бешумор дорем ва гоҳе, ки онҳоро баррасӣ менамоем, мебинем, ҳамаи онҳо аз ҳамдигар ҷудо нестанд. Яъне тавре нест, ки агар яке аз онҳоро гирифта ва […]

Фалсафа ва равиши реализм (64)

Пайдоиши касрат дар идрокот (19) Арзиши мантиқии таҳлил ва таркиби тасдиқот (3) Ҳақиқат ин аст, ки инкори “аҳкоми бадеҳии аввалӣ” мусталзими шакк дар ҳама чиз аст, ҳатто шакк дар худи шакк. Ва ҳадди фосили фалсафа ва мантиқ бо суфастоигарӣ, ҳамин аст. Дар ин ҷо бе муносибат нест, ки […]