Метка: идрок

Фалсафа ва равиши реализм (63)

Пайдоиши касрат дар идрокот (18) Арзиши мантиқии таҳлил ва таркиби тасдиқот (2) Ва аммо эроде, ки мантиқи таҷрибӣ бар равиши истинтоҷи мантиқи таъаққулӣ мегирад ва муддаӣ аст, ки сайр аз куллӣ ба ҷузъӣ ва истидлоли қиёсӣ ё такрори амри маълум аст ва ё мусодира бар матлуб, посухаш ин […]

Фалсафа ва равиши реализм (62)

Пайдоиши касрат дар идрокот (17) Арзиши мантиқии таҳлил ва таркиби тасдиқот (1) Дар муқаддимаи ин мақола ва дар тайи худи мақола, ихтилофи назари “ҳиссӣ” ва “ақлӣ”-ро машруҳан баён кардем ва тавзеҳ додем ва муҷаддадан низ ёдоварӣ мекунем, ки он ихтилофи назар, марбут ба “тасаввурот” аст, на “тасдиқот”, ва […]

Фалсафа ва равиши реализм (61)

Пайдоиши касрат дар идрокот (16) Матни китоб: Ишкол: Метавон дар баёни гузашта хӯрдагирӣ карда ва гуфт (яъне моддигароён дар баёни гузаштаи мо метавонанд хӯрдагирӣ кунанд ва бигӯянд), ки мақсуд нафйи сиҳҳати мутлақи таъриф ва таҳдид нест, балки манзур ин аст, ки баҳс аз аҳкоми мавзӯе, мутаваққиф ба шинохтани […]

Фалсафа ва равиши реализм (60)

Пайдоиши касрат дар идрокот (15) Матни китоб: Посух: Бахши нахустин аз ишкол, ки мегуфт, ихтилофоти хориҷӣ ҳеч гуна ихтилофи навъӣ надошта ва танҳо мустанад ба ихтилофи таркиботи моддӣ аст, ки билохира ҳама низ ба асли воҳид бармегарданд, суханест, ки намешавад пазируфт. Зеро агарчӣ мумкин аст мо иштибоҳ карда […]

Фалсафа ва равиши реализм (59)

Пайдоиши касрат дар идрокот (14) Матни китоб: Ишкол: Метавон дар баёни гузашта (-и мо) муноқиша намуда ва гуфт: ин баён ба ду назария мубтанӣ аст, ки бутлони ҳар ду ба субут расида, ва он ду назария иборат аст аз: 1. Вуҷуди анвоъи мутабойина дар хориҷ; 2. Субути моҳиятҳои […]

Фалсафа ва равиши реализм (58)

Пайдоиши касрат дар идрокот (13) Матни китоб: Ва пас аз ин марҳила, қувваи мудрика шурӯъ мекунад ба идроки муфрадот ва нисбатҳо ва таркибу таҷзияи маҳсусот ва мутахайялот, ва албатта баёни тафсилии онҳо аз тавоноии мо берун аст ва танҳо чизе, ки ҳаст, се нуктаи зерро ба таври куллӣ […]

Фалсафа ва равиши реализм (57)

Пайдоиши касрат дар идрокот (12) Матни китоб: Ва аз ин рӯй, дар мавориди маҳсусот, ки то кунун хабаре аз пушти сари онҳо надоштем, ҳукм ба араз будан карда ва аз барои ҳамаи онҳо мавзӯе ҷавҳарӣ исбот менамоем ва якбора ҳамаи онҳо ба “васф” табдил мешаванд. Яъне то кунун […]

Фалсафа ва равиши реализм (56)

Пайдоиши касрат дар идрокот (11) Матни китоб: Мафоҳими ҳақиқия (моҳиятҳо) ва мафоҳими эътибория (ғайри моҳиятҳо): Мафҳуми 1 ва 2 (сиёҳӣ ва сафедӣ)-ро, ки идрок намудем, худи моҳият буданд, яъне худи воқеияти хориҷ буданд (ҳар чӣ ҳастанд, ҳамонанд, ки ҳастанд), ва дар айни ҳол, ки худи воқеияти хориҷ мебошанд, […]

Фалсафа ва равиши реализм (55)

Пайдоиши касрат дар идрокот (10) Матни китоб: Решаҳои нахустин идрокот ва илмҳои ҳусулӣ: Дар нахустин бор, ки чашми мо бар андоми ҷаҳони хориҷ афтод (ва албатта ин сухан, ба унвони мисол гуфта мешавад, вагарна пеш аз ин марҳила мароҳили зиёде аз ҳисс — ва ба вижа аз роҳи […]

Фалсафа ва равиши реализм (54)

Пайдоиши касрат дар идрокот (9) Матни китоб: Ишкол ва посух: Албатта, барои нахустин бор бо шунидани ин сухан, ба зеҳни инсон хутур мекунад, ки агар ин тавр буд, инсон ё ҳар мавҷуди зиндаи дигар, дар оғози пайдоиши худ ҳамаи аъзо ва аҷзои вуҷуди худро то охирин ҳадди ҳақиқияш […]

Фалсафа ва равиши реализм (53)

Пайдоиши касрат дар идрокот (8) Матни китоб: Ва аз ҳаминҷо равшан мешавад, ки агар бихоҳем ба кайфияти такассурот ва танаввуъоти улум ва идрокот пай бибарем, бояд ба сӯйи асл мунъатиф шуда, идрокот ва улуми ҳузуриро баррасӣ намоем, зеро ҳамаи шохаҳо билохира ба ин реша расида ва аз вай […]