Метка: интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон

Ояндаи Афғонистон ва 3 сенориюи пеши рӯ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Баъд аз савганди ҳамзамони ду нафар ба унвони раисиҷумҳури Афғонистон, агарчӣ бисёр душвор аст пешбинӣ кард, ки чӣ хоҳад шуд, вале се сенорию ба назар мӯҳтамал мерасад: 1) Сенориюи аввал: такрори ҳамон чизе, ки пеш аз ин буд. Яъне, Ашраф Ғанӣ ба унвони раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ […]

Таассуфи Ҷамъияти Исломии Афғонистон аз мавзеъи Омрико дар Афғонистон

Ҷамъияти Исломии Афғонистон дар паёме ба муносибати баргузории маросими таҳлифи Абдулллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раисиҷумҳури ин кишвар, бо ишора ба Омрико, иброз дошт, ки Ҷамъияти Исломӣ “бетафовутӣ ва иғмози муттаҳидони ҷаҳонии Афғонистон ва ҳомиёни прусаи интихобот дар баробари кудетое, ки алайҳи раъйи воқеии мардуми ин кишвар сурат гирифт, […]

Абдуллоҳ дархости мулоқоти намояндагони Омрикоро рад кард

Ба дунболи боло гирифтани ихтилофот миёни риёсати иҷроияи Афғонистон ва Омрико, Абдуллоҳ дархости мулоқоти намояндагони Вошингтунро рад кард. Манобеи наздик ба кохи Сапедор аз талоши нокоми намояндагони Омрико барои дидор бо риёсати иҷроияи Афғонистон хабар доданд. Залмай Халилзод, намояндаи вежаи Омрико дар умури Афғонистон, ба ҳамроҳи Рос Вилсун […]

Абдуллоҳ Абдуллоҳ даст ба азлу насбҳое дар вилоятҳои Афғонистон зад

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ба унвони нафари шумораи дуи интихоботи риёсати ҷумҳурии ахири Афғонистон номаш эълом шуд, баъд аз он ки натоиҷи ниҳоии ин интихоботро рад кард, қасд дорад тарҳи густурдаи эътирозии худ аз шимоли Афғонистон то ҷануби онро ба иҷро дароварад. Ба гузориши “Хома пресс”, як манбаъ дар […]

Абдуллоҳ: “Мо пирӯзи интихобот ҳастем // Давлати фарогир ташкил мешавад”

Раҳбари тими “Субот ва ҳамгароӣ” дар як нишасти хабарӣ, ки дақоиқе пеш дар Кобул баргузор шуд, гуфт: “Мо ҳукумати фарогирро ташкил медиҳем ва тақаллубкорон рӯсиёҳи таърих ҳастанд.” Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раҳбари тими “Субот ва ҳамгароӣ” дар як нишасти хабарӣ, ки дақоиқе пеш дар Кобул баргузор шуд, гуфт: “Мо ҳукумати […]

Абдуллоҳ натиҷаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистонро напазируфт

Тими “Субот ва ҳамгароӣ” ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ эълом кард, натиҷаи ниҳоии чаҳорумин давраи интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишварро, ки Ашраф Ғанӣ барандаи он аст намепазирд ва дар муқобили он меистад. Фазл Аҳмад Маънавӣ, узви аршади тими Абдуллоҳ, лаҳазоте пеш аз эъломи натиҷаи ниҳоии интихобот гуфт, ки ҳар […]

Эҳтимоли эъломи пирӯзии Ашраф Ғанӣ пас аз гузашти чаҳор моҳ аз шумориши оро // Листи кобинаи эҳтимолии Ашраф Ғанӣ

Натиҷаҳои чаҳорумин интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон то дақоиқе дигар дар маҳалли Кумисиюни интихобот бо ҳузури хабарнигорон ва расонаҳо баргузор хоҳад шуд. Бино бар эъломи натиҷаҳои ниҳоии орои интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба унвони пирӯзи чаҳорумин давраи интихоботи Афғонистон эълом хоҳад шуд. Ба гузориши хабаргузории Тасним […]

Гузинаҳои Абдуллоҳ дар баробари эъломи пирӯзии Ғанӣ

Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон рӯзи гузашта билохира пас аз таъхири зиёд натоиҷи ибтидоии интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистонро эълом кард, ки бар асоси он, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ тавониста бо касби 50/64 дарсади оро ба унвони пирӯзи интихобот муаррифӣ шавад. Билофосила пас аз эъломи натоиҷи ибтидоии интихобот, Абдуллоҳ Абдуллоҳ — […]

Ҳикматёр ҳам муддаии пирӯзӣ дар интихобот шуд // Чаро номзадҳои интихоботи Афғонистон эъломи пирӯзӣ мекунанд?

Дар ҳоле, ки бар асоси эъломи Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон, 18 рӯз то эъломи натиҷаи ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар боқӣ мондааст, аммо номзадҳои ин интихобот шурӯъ ба эъломи пирӯзӣ кардаанд. Ҳанӯз то замони эъломи натоиҷи ниҳоии чаҳорумин давраи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон 18 рӯз боқӣ монда, […]

Афғонистон дар дуроҳии демукросӣ ва Толибон

Сарфи назар аз ояндаи музокироти сулҳ, ки ҳанӯз дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад, созукори интихобот ва ба таври куллӣ фарҳанги демукросӣ дар Афғонистон низ ба хатар афтодааст. Толибон интихоботро “ғайриқонунӣ” донист ва ҳушдор дод, ки мумкин аст марокизи раъйгириро ҳадаф қарор диҳад. Давлати Афғонистон бо мустақар кардани […]

Интихоботи Афғонистон поён ёфт

Кумисиюни интихоботи Афғонистон эълом кард, ки 4-умин даври интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар сар то сари ин кишвар поён ёфтааст. Забеҳуллоҳ Содот, сухангӯи Кумисиюни мустақилли интихобот дар ин робита гуфт: “Раъйгирӣ дар сар то сари Афғонистон поён ёфтааст ва фақат дар марокизе, ки афрод ҳузур доранд раъйгирӣ аз […]