Метка: Ироқ

Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии “Аттоҷӣ” дар шимоли Бағдод

Пойгоҳи низомми “Аттоҷӣ”, ки дар шимоли Бағдод қарор дорад, шомгоҳи сешанбе (14 январ) мавриди ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифт. Ба гузориши шабакаи Аларабия, 5 фарванд мушак ба пойгоҳи “Аттоҷӣ” бархӯрд карданд. Як манбаи амниятии ироқӣ ба шабакаи Аларабия гуфт, ки ҳанӯз иттилооте дар бораи талафоти воридшуда аз ин […]

Вокуниши Помпео ба ҳамлаи мушакии дигар ба пойгоҳи ҳавоии Балад дар Ироқ

Вазири хориҷаи Омрико ба ҳамлаи мушакии якшанбешаб ба пойгоҳи ҳавоии Балад дар Бағдод, ки мизбони низомиёни омрикоӣ аст, вокуниш нишон дод. Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико дар вокуниш ба ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи ҳавоии Балад дар шимоли Бағдод, ки мизбони низомиёни омрикоӣ аст, дар сафҳаи твиттери худ навишт: […]

Тазоҳурот дар Бағдод бо шиори: “Мо порлумони кунуниро намояндаи худ намедонем!” – (Тасовир)

Ҳазорон нафар аз мардуми Ироқ имрӯз бо таҷаммӯъ дар майдони Таҳрири Бағдод алайҳи ҳузури бегонагон тазоҳурот карданд. Мӯътаризон бо парчамҳои Ироқ ҳозир шуда ва алайҳи дахолати хориҷӣ дар Ироқ ва “нақзи ҳокимияти арзии кишвар” шиор сар доданд. Ба гузориши Mdeast, тазоҳуркунандагон таъкид карданд, ки аъзои порлумони кунуниро намояндаи […]

Ба зуди хасоратҳои ҷонӣ ва моддии Омрико бармало мешавад

Абдулборӣ Атвон, рӯзноманигори фаластинитабори муқими Ландан ва сардабири рӯзномаи Раъюлявм, иқдоми Тромп дар инкори талафоти низомиёни омрикоӣ дар пойгоҳи Айнуласад пас аз посухи мушакии Эронро дар ростои дурӯғгӯҳои ӯ донист ва гуфт: “Тромп дурӯғгӯи ҳирфаӣ аст. Ба зуди хасоратҳои ҷонӣ ва моддии Омрико бармало мешавад.” Ёддошти Абдулборӣ Атвон, […]

Сипоҳи Эрон: Ҳалокати 80 низомии омрикоӣ дар ҳамлаи мушакӣ ба Айнуласад / 104 мавзеи ҳассоси Омрико дар сурати хатои баъдӣ мунҳадим мешавад

Як мақоми маъсул дар Созмони иттилооти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз ҳаҷми талафоти омрикоиҳо дар ҳамлаи мушакии Эрон хабар дод. Як мақоми масъул дар Созмони иттилооти Сипоҳи Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс, аз ҳаҷми талафоти густурдаи омрикоиҳо дар ҳамлаи мушакии Эрон хабар дод. Вай гуфт: “Мутобиқи […]

Аввалин вокуниши Тромп ба ҳамлаи Сипоҳи Эрон ба пойгоҳҳои низомии Омрико

Раисиҷумҳури Омрико дар аввалин вокуниши худ ба посухи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, Вошингтун дар ҳоли арзёбии хасоратҳо ва талафоти эҳтимолӣ аст. Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бомдоди чаҳоршанбе дар аввалин вокуниши расмиаш ба посухи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, Вошингтун дар ҳоли арзёбии хасоратҳо ва талафоти эҳтимолӣ аст […]

Гроҳом: “Ба ҳамлаи мушакии Эрон посух надиҳед!”

Гроҳом, сенотури ҷумҳурихоҳ ва муттаҳиди Тромп, дар вокуниш ба ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Эрон, хостори адами вокуниши Омрико ба ҳамлаи Эрон шуд. Линдси Гроҳом (Lindsey Graham), сенотури муттаҳиди Дунолд Тромп, хоҳони коҳиши таниш ва надодани посух ба ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Эрон шуд. Гуфтанист, Ҷумҳурии Исломии Эрон амалиёти интиқоми терури шаҳид Қосим […]

Тромп: “Омрико омодаи ҳар гуна иқдоми мутақобили Эрон буда ва дар муқобил низ ба он вокуниш нишон хоҳад дод”

Раисиҷумҳури Омрико гуфт, Омрико омодаи ҳар гуна иқдоми мутақобили Эрон буда ва дар муқобил низ ба он вокуниш нишон хоҳад дод. Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, шомгоҳи сешанбе дар дафтари худ дар Кохи сафед дар ҷамъи хабарнигорон аз иқдоми худ дар терури Сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи […]

Вазири дифои Омрико: “Ҳеч қасде барои хуруҷ аз Ироқ надорем”

Вазири дифои Омрико эълом кард, ки ин кишвар ҳеч барномае барои хуруҷ аз Ироқ надорад. Морк Эспер, вазири дифои Омрико эълом кард, ки ин кишвар ҳеч барномае барои хуруҷ аз Ироқ надорад. Вай, ки дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, ёддошти мунташиршуда дар расонаҳо дар бораи хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ […]

Эътилофи Омрико расман эълом кард, аз Ироқ хориҷ мешавад

Артиши Омрико тасмими худ барои хуруҷ аз Ироқро ба Бағдод эълом кардааст. Ба гузориши Huffingtonpost, ин тасмим як рӯз баъд аз он гирифта шуда, ки порлумони Ироқ аз давлат хост нерӯҳои хориҷиро аз ин кишвар ихроҷ кунад. Вилём Сили (William H. Seely), раиси коргурӯҳи Ироқ дар артиши Омрико, […]

Порлумони Ироқ ихроҷи нерӯҳои Омрикоиро тасвиб кард – (Видео)

Аксарияти порлумони Ироқ дар ҷаласаи раъйгирии имрӯзи худ бо тарҳи хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ мувофиқат кард. Нахуствазири давлати пешбурди умури Ироқ ҳам дар ҷаласаи раъйгирии порлумони ин кишвар барои тасвиби тарҳи ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвараш, хостори хуруҷи фаврии нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ шуд ва гуфт: “Манфиати […]