Метка: Ироқ

Чаро Арабистон мункири миёнҷигарӣ бо Эрон шудааст?

Таҳлили Абдулборӣ Атвон Изҳороти ҳамроҳ бо асабонияти як масъули саудӣ мабнӣ бар ин ки: “Арабистон ба ҳеч ваҷҳ хостори миёнҷигарӣ бо Эрон нашудааст ва ахбори марбут ба ин мавзӯъ сиҳҳат надорад ва Риёз ба мавзеъи худ дар радди ҳар гуна наздик шудани равобит бо Эрон пойбанд аст”, ғайримунтазира […]

Дархости расмии Арабистон аз давлати Ироқ барои миёнҷигарӣ байни Эрон ва Арабистон

Вазири кишвари (дохилаи) Ироқ дар дидор бо ҳамтои эронии худ гуфт: “Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, расман аз ман дархост кард, то Ироқ воситае байни Эрон ва Арабистон барои коҳиши танишҳо бошад.” Ба гузориши Irna, Қосим ал-Аъраҷӣ, вазири кишвари Ироқ, рӯзи якшанбе (13.08.2017) дар дидори Раҳмонии Фазлӣ, вазири […]

Оё Курдистони мустақил дар нақшаи ҷаҳон зоҳир мешавад?

Таҳлиле дар Mashreghnews Аз замони ташкили ҳукумати федерол дар Ироқ, тайи як даҳаи гузашта рӯйкарди давлати Иқлими Курдистон (KRG) ҳамвора бар “ҷудоӣ аз давлати марказӣ дар Бағдод” ва “ташкили кишвари мустақилли Курдистон” мутамаркиз будааст. То кунун гузоришҳо ва таҳлилҳои бешуморе дар бораи мавонеъи пеши рӯйи ташкили кишвари мустақилли […]

Шайхулислом: “Даргирии Арабистон бо Эрон, ба шикасти муфтазаҳонаи ин кишвар мунҷар мешавад”

Ҳусайни Шайхулислом, мушовири вазири умури хориҷаи Эрон ва сафири асбақи ин кишвар дар Сурия, дар хусуси эҳтимоли рӯёрӯии Арабистон бо Эрон гуфт: “Дар ҳар сурат, даргирии Арабистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба шикасти муфтазаҳонаи ин кишвар мунҷар мешавад. Зеро инҳо бо садҳо милёрд дулор аслиҳа тавоноии шикасти Яманро, […]

Амири Қатар пирӯзӣ дар Мавсилро ба сарони Ироқ табрик гуфт

Дар пайи пирӯзиҳои ахири нерӯҳои ироқӣ дар Мавсил, амири Қатар ин пирӯзиҳоро ба сарони Ироқ табрик гуфт. Ба гузориши Русия ал-явм, Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, рӯзи ҷумъа бо ирсоли ду телегроф, хитоб ба Фуод Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ ва Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири ин кишвар, озодсозии Мавсил аз […]

Меҳмоннавозтарин мардуми ҷаҳон

Гузориши CIF мегӯяд, ироқиҳо ва либиёиҳо бо вуҷуди солҳо ҷангу даргирӣ дар ин кишвар, меҳмоннавозтарин мардуми ҷаҳонанд. Ба гузориши ВВС форсӣ, натоиҷи тозатарин таҳқиқи «Бунёди имдоди хайрия» (CIF) нишон медиҳад, мардуми ду кишвари пора-пора аз ҷанг ва мардуми сарзамине, ки даҳаҳо таҳти сайтараи низомиён буда, меҳрубонтарин ва саховатмандтарин […]

Нерӯҳои ироқӣ сохтмони телевизиюни давлатӣ дар Мавсилро ба контроли худ дароварданд

Сохтмони телевизиюни давлатии Ироқ дар соҳили чапи Мавсил ба контроли нерӯҳои ироқӣ даромад. Ба гузориши хабаргузории Associated Press, нерӯҳои ироқӣ сохтмони телевизиюни давлатӣ дар соҳили чапи Мавсилро ба контроли худ дароварданд. Телевизиюни Ироқ имрӯз ҳамчунин аз вуруди нерӯҳои ироқӣ ба рустои Кукҷалӣ дар муҷовирати аввалин маҳаллаҳои шарқии Мавсил […]

Тарошидани риш барои доъишиҳо ҳалол шуд

Нерӯҳои ДОЪИШ ришҳои худро тарошида ва ба сурати мутафовит дар сатҳи шаҳр зоҳир мешаванд. Шабакаи хабарии CNN ба нақл аз шоҳидони айнӣ мегӯяд, ДОЪИШ дар ҳоли эъзоми муҳоҷимони интиҳорӣ аз Сурия ба шаҳри Мавсил дар Ироқ аст. Даҳҳо ҳазор сарбоз ва нерӯи низомии Ироқ Мавсилро муҳосира кардаанд, то […]

Ардуғон: “Риққа ҳадафи баъдии “Сипари Фурот” хоҳад буд”

Раисиҷумҳури Туркия бо баёни ин ки дар тамосе телефонӣ бо раисиҷумҳури Омрико, нақшаҳояш дар бораи Сурияро ба ӯ иттилоъ додааст, аз амалиёти нерӯҳои таҳти ҳимояти Туркия барои озодсозии Риққа хабар дод. Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, эълом кард, низомиёни ин кишвар дар шимоли Сурия баъд аз озодсозии ду […]

Нерӯҳои ироқӣ ба 5 километрии Мавсил расиданд (тасовир)

Карим Санҷорӣ, вазири иқлими Курдистони Ироқ эълом кард, ки нерӯҳои ироқӣ дар идомаи пешравиҳои худ, дар 5 километрии Мавсил мустақар шудаанд. Карим Санҷорӣ, вазири иқлими Курдстони Ироқ ба хабаргузории Ройтерз ҳамчунин гуфт, ки Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари ДОЪИШ се рӯз пеш дар шаҳри Мавсил дида шудааст. Бино бар ин […]

Сарнавишти ДОЪИШ пас аз озодсозии Мавсил

Назари коршиноси масоили Ховари Миёна дар гуфтугӯ бо Fararu Ба гузориши сойти Fararu, ба назар мерасад амалиёти озодсозии Мавсил бо муваффақият дар ҳоли пешравӣ аст. Бо озод шудани Мавсил, ки дар воқеъ маркази аслии таҷаммӯъи теруристҳои ДОЪИШ аст, ин суоли муҳим шакл мегирад, ки саранҷом ДОЪИШ чӣ хоҳад […]