Метка: Ислом

Фирқагаройӣ (1)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи динӣ (1) Аз ҳудуди як сол пеш, силсилабаҳсҳоеро таҳти унвони “Ислоҳи динӣ” шурӯъ карда ва чанд баҳсе аз онро дар сафҳаам дар Фейсбук гузошта будам, инак, ба назарам расид, ки он баҳсҳоро аз нав дар ҳаминҷо бикорам ва идомаашон ҳам бидиҳам. Инак, баҳси аввал: Фирқагаройӣ (1) […]

Чаро “Исроил” аз бобати ДОЪИШ нигарон нест?

Таҳлиле аз Имод Урён дар нашрияи Ал-Аҳром Муваффақияти нерӯҳои ДОЪИШ дар ишғоли ниме аз сарзаминҳои Сурия баъд аз муваффақиятҳои бузурге, ки тавонист дар Ироқ ба даст оварад, он ҳам дар сояи ҳамалоти ҳавоии Эътилофи мубориза бо теруризм ба раҳбарии Омрико, пурсишҳои бисёреро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла ин […]

Ислом дини ҷангу куштор нест

Абдулқуддус Маҳмудзода Ба номи Худованди ҷону хирад, К-аз ин бартар андеша барнагзарад. Худованди ному Худованди ҷой, Худованди рузидеҳи раҳнамой. Имрӯз мо дар асре зиндагонӣ мекунем, ки Исломи азиз аз ҳар тараф – чи аз ҷониби душманони бурунмарзӣ бошад ё дарунмарзи — бо тири тӯҳмат ва таҳқиру иҳонат ҳадаф […]

Шиъа ва суннӣ (3)

Аз баҳсҳои пешин бароямон ин масъала равшан шуд, ки ба чӣ касе мусалмон гуфта мешудааст ва уламо ва фуқаҳои муосири исломӣ (шиъа ва суннӣ) ба иттифоқ фатво содир кардаанд мабнӣ бар ин ки: пайравони ҳар як аз мазоҳиби чаҳоргонаи фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоат (ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ ва […]

Шиъа ва суннӣ (1)

Чунон ки дар навиштаи пешин ёдовар шуда будам (яъне дар мақолаи “Агар имрӯз касе мисли Иқбол дар миёни мо мебуд, чӣ мегуфт ва чӣ мекард?”), қасд дорам, дар чанд мабҳас матолиберо мавриди баҳсу баррасӣ қарор бидиҳам, ки мӯътақидам, ин баҳсҳо барои ҳалли яке аз бузургтарин мушкили ҷаҳони Ислом […]

Як фақеҳ ҳаргиз тибқи муроди ту фатво нахоҳад дод

Боре ба ин нукта ишора карда будам ва инак, як бори дигар рӯи он таъкид мекунам. Мо мусалмонон имрӯзҳо беш ҳар чизе дигар ниёз ба тасҳеҳи фаҳм ва бардошти худ аз Ислом дорем. Ин ки мебинем, дар миёни мо мусалмонон касоне ёфт мешаванд, ки ба номи Ислом даст […]

Бо Худо буданро бичаш

Хушбӯии гул барои як нафар инсон, то замоне ки онро набӯяд, маълум нест. Шумо агар соатҳое тӯлонӣ ба ӯ аз бӯи гул бигӯед ва васфаш кунед, матлаб ба ӯ намерасад. Ва на танҳо гул, ки бисёр чизҳо дар ин ҷаҳон чунинанд. Яъне, беш аз ин ки тавсифшуданӣ бошанд, […]

Ислом ва Эрон

“Ман мӯътақидам, ки дар торихи Эрон ҳеч кас ва ҳеч гурӯҳе, зишттар ва занандатар аз донишмандон ва муҳаққиқони эрондӯсти мо — ки бо таҳқири Ислом ва таҳқири тамаддуни Ислом, пиндоштаанд, ки аз асолати қавми эронӣ дифоъ кардаанд — чунин зарбае муҳлик ба ҳайсият ва асолати ин миллат назада. […]

Чӣ қадр ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем!

Шояд садҳо сол ё бештар аз он аст, ки тасвире, ки аз тасаввуф ва сӯфиҳо дар зеҳни бештари мардумони мо нақш бастааст, як тасвири манфӣ аз ин ҷараён аст. Албатта шаклгирии ин тасвири манфӣ ва салбӣ аз тасаввуф дар зеҳни мардум бармегардад ба рафтор ва кирдори сӯфинамоҳо (на […]

Уламои исломӣ бояд бо забони мардум ошно бошанд

Яке аз мусибатҳои ҷаҳони Ислом ин аст, ки муаррифони дин барои мардум, одамоне шудаанд, ки худашон бо маорифи динӣ ошно нестанд. Албатта, ҳамвора ва дар тӯли торих ҳам чунин будааст, ки мусалмонон дини худро аз мубаллиғони динӣ бигиранд, на аз уламо. Порае аз тақсир ва кӯтоҳӣ дар ин […]