Метка: Истанбул

Боздошти як фаъоли ҲНИТ дар Истамбули Туркия

Ба гузориши сойти Паём, як фаъоли ҲНИТ ва собиқ узви Риёсати вилоятӣ ва раиси комиссиюни тафтишотии ин ҳизб дар Суғд, Нӯъмонҷон Шарипов бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Истамбули Туркия боздошт шудааст. Бар пояи ин гузориш, Нӯъмонҷон Шарипов дар Истамбул ба тиҷорат машғул буд ва дар маркази ин шаҳр […]

Тазоҳуроти мухолифони тоҷик дар Истанбули Туркия (тасовир)

Тазоҳуркунандагон дар шаҳри Истанбули Туркия, бо судури баёнияе, хитоб ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки «бо ширкат дар референдуми дурӯғин занҷири ғуломиро бо дастони худ ба гарданашон наовезанд ва дар ин мазҳакаи сиёсӣ ширкат нанамоянд.» Имрӯз (19.05.2016) дар шаҳри Истанбули Туркия, дар баробари консулгарии Тоҷикистон, тазоҳуроти гурӯҳе […]

Боздошти Қамариддин Афзалӣ дар Истанбули Туркия

Дақоиқе пеш, Темур Варқӣ, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, хабареро бо такя ба манобеи ҲНИТ эълом кард мабнӣ бар ин ки Қамариддин Афзалӣ, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, дирӯз бо дархости ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия дастгир шудааст. Бар мабнои […]

Чаро нишасти сарон бидуни қироати баёния поён ёфт?

Нишасти сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Истанбули Туркия, ки тайи яке ду рӯзи ахир ба сабаби матраҳ шудани бархе мавозеъи зидди эронӣ ҷанҷолсоз шуда буд, дар ниҳоят бидуни қироати баёнияи ниҳоӣ поён ёфт. Иқдоме, ки ба далели мухолифати шадиди Эрон бо ин баёния, сурат гирифт. Раисиҷумҳур ва вазири […]

Мушкили ҷаҳони ислом аз назари Ҳасани Руҳонӣ

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар ҷамъи сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ, бо таъкид бар ин ки «ҳар ҳаракати тафриқаафканонае дар Созмони Ҳамкории Исломӣ қатъан беэътибор аст, изҳор дошт: «Барои ҳама равшан аст, ки на Арабистон мушкили Эрон аст ва на Эрон мушкили Арабистон. Мушкили аслӣ ҷаҳлу таъассуб ва хушунатварзӣ […]

Ардуғон: «Ғарбиҳо мавзеъи дугона доранд»

Раҷаб Тайиб Ардуғон, бо таъкид бар ин ки «мо наметавонем иқдомоти созмонҳое теруристӣ монанди ДОЪИШ-ро таъйид кунем, зеро инҳо терурист ҳастанд» гуфт: «Бархе кишварҳои ғарбӣ дар масъалаи мубориза бо теруризм мавзеъи дугонае дар пеш гирифтаанд.» Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар 13-умин нишасти […]

Омили ҳамлаи интиҳории Истанбул мушаххас шуд

Осори DNA-и мавҷуд дар саҳнаи инфиҷори интиҳории дирӯзи Истанбул нишон медиҳад, ки омили ин ҳамла як шаҳрванди Туркия ва аз аъзои гурӯҳи теруристии ДОЪИШ будааст. Таҳқиқоти пулиси Туркия нишон медиҳад, ки як шаҳрванди Туркия бо ном Муҳаммад Узтурк, ки пеш аз ин ба гурӯҳи теруристии ДОЪИШ пайваста буда, […]

Масҷиде, ки дари он ба рӯйи гурбаҳои хиёбонӣ боз аст (тасовир)

Имомхатиби масҷиде дар Истанбул бо роҳ додани гурбаҳои хиёбонӣ ба дохили масҷид, аз онҳо дар муқобили сармои зимистон муҳофизат мекунад. Ба гузориши сойти шабакаи CNNTurk, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия, дар рӯзҳои гузашта тасвирҳои Мустафо Эфӣ, имомхатиби масҷиди «Азиз Маҳмуд Ҳудоӣ»-и Истанбулро ба унвони «имомхатиби ҳайвондӯст» мунташир карда […]

Баёнияи муштараки ширкаткунандагони тазоҳурот дар Туркия, Австрия ва Олмон

Ширкаткунандагон дар ҳар як аз тазоҳуроти эътирозӣ дар Туркия, Австрия ва Олмон, баёнияи муштараке содир карданд, ки ба шарҳи зайл аст: Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сиёсатҳои саркубгароёна ва ваҳшиёнаи ҳукумат алайҳи дигарандешон, маҳдудияти шадиди озодӣ, шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ ва боздоштҳои беравия афзун бар фазои даҳшатноки иқтисодӣ ва […]

Тазоҳуроти эътирозии фаъолони тоҷик дар Истанбул

Шуморе аз фаъолони тоҷик дар назди консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия имрӯз (24.11.2015) дар эътироз ба сиёсати саркӯб, фишору таъқиби дигарандешон, боздошт ва зиндонӣ шудани мухолифони сиёсӣ тавассути режими Эмомалӣ Раҳмон, тазоҳурот барпо карданд. Тазоҳуркунандагони тоҷик дар ин гирдиҳамоӣ дар даст тасовири боздоштшудаҳо ва низ зиндониҳои сиёсии […]