Метка: Ихвонул-муслимин

Ба баҳонаи солрӯзи шаҳодати Ҳасанул-Банно, поягузори Ихвонул-муслимин

Ҳасан ул-Банно, ки марде шуҷоъ буд, ҳеч гоҳ тарсе ба дил роҳ надод ва ҷасурона дар малаъи омм зоҳир мешуд, ки ҳамин амр боис шуд вай саранҷом дар 12 феврали 1949 дар яке аз хиёбонҳои Қоҳира ба дасти авомили Англис терур шавад ва ба орзуяш, ки шаҳодат буд […]

Сабаби душмании ҳукумати Тоҷикистон бо Ихвон аз назари як пажӯҳишгар

Ҷеймз Дурсӣ (James M. Dorsey), пажӯҳишгари Донишгоҳи Нонёнги Сингопур мӯътақид аст, муқобила бо Ихвонул-муслимин саудиҳоро хушнуд мекунад. Ин пажӯҳишгар ва устоди донишгоҳ мегӯяд, саудиҳо дар соли 2015 вақте ки равобити Тоҷикистон бо Эрон танишолуд шуд, барои кӯмак ба Тоҷикистон вориди майдон шуданд. Ба гузориши рӯзномаи фароминтақаии Алараб, Тоҷикистон […]

Баёнияи ҲНИТ дар бораи боздоштҳои ахир

Раёсати Олии ҲНИТ бо судури баёнияе, зимни ҳушдор аз паёмадҳои вахими боздоштҳои ахир, аз бастагони боздоштшудаҳо дархост кардааст, ки “ба ваъдаҳои мақомот бовар накарда, садояшонро ба гӯши созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бирасонанд. Ҳамчунин, номҳои шиканҷагарони фарзандону наздиконашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр кунанд, то онҳо […]

Вируси “боздошт” дар Тоҷикистон дар ҳоли дарнавардидани тару хушк аст

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чолишҳое монанди куруновирус (coronaviruses = коронавирус) ва “муомилаи қарн” ва ҷанҷоли Омрико ва Эрон ва ғайра… дасту панҷа нарм мекунад, дар Тоҷикистон аммо ҳудуди як моҳ аст, ки вируси “боздошт” дар ҳоли дарнавардидани тару хушк аст. Ин “вирус” аз ибтидои […]

Оё навбати сӯфиҳо ҳам расид?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ду рӯз пеш дар расонаҳо хабаре мунташир шуд мабнӣ бар даргузашти як руҳонии маъруф дар Вахш ба номи Домулло Сафархоҷа. Тибқи гузориши расонаҳо, ин руҳонии 72-сола пеш аз вафот ҳамроҳ бо 3 фарзанд ва 1 наберааш аз сӯи мақомот дастгир ва мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта будааст. […]

Кабирӣ дар гуфтугӯ бо ВВС: “Ҳатто номи Ихвонул-муслимин барои бисёре аз боздоштшудаҳо ошно нест” – (Видео)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо ВВС форсӣ, бо ишора ба боздоштҳои ахир дар Тоҷикистон, гуфт, ки ҳатто номи Ихволнул-муслимин барои бисёре аз афроде, ки боздошт шудаанд, ошно нест. Гуфтугӯи Кабирӣ бо ВВС форсиро бибинед:

Ихвонул-муслимин чӣ гурӯҳест? // Оё “теруристӣ” донистани он дуруст аст?

Ҳеч мадрак ва далеле мабнӣ бар ин ки Ихвонул-муслмин “теруристӣ” ва “ифротӣ” шумурда шавад вуҷуд надорад, магар ин ки кишварҳое, ки ин гурӯҳро “теруристӣ” эълон кардаанд, мушкилашон на бо Ихвон, ки ба асли ислом ва аз реша мухолифи он бошанд, ки як мусалмон дар умури сиёсии кишвараш изҳори […]

“Мақомоти интизомӣ ба мо ҳушдор додаанд, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо дар бораи боздоштшудаҳо худдорӣ варзем”

Як мақоми баландпояи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Родию Озодӣ бо таъйиди боздошти 5 тан аз устодони ин донишкада, гуфта, ки мақомоти интизомӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо дар ин бора худдорӣ варзанд. Ба гузориши пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ, шумораи онҳое, ки бо […]

Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе аз боздоштшудаҳои ахирро мунташир кард

Сомонаи Ахбор (Мирзо Салимпур) исми 17 боздоштшуда дар мавҷи ахири боздоштҳо дар Тоҷикистонро, ки бо номи «Парвандаи Ихвонул-муслимин” маъруф шудааст, мунташир кард. Ин сомона дар гузорише навишт: Дар байни боздоштшудаҳо номзадҳо ва ҳатто докторҳои илм, устодони донишгоҳҳо, имомхатибони собиқ, рӯҳониён ва ҳатто мансабдорони давлатӣ ҳастанд. Бар пояи ин […]

Ҳушдори Туркия нисбат ба “теруристӣ” хондани Ихвонулмуслимин

Ҳизби ҳокими адолат ва тавсиъаи Туркия дар бораи тасмими эҳтимолии давлати Омрико барои қарор додани гурӯҳи Ихвонулмуслимин ба унвони “созмони теруристӣ” ҳушдор дод. Ба гузориши Русия ал-явм, Умар Челик, сухангӯи ҳизби ҳокими адолат ва тавсиъаи Туркия эълом кард: “Тасмими эҳтимолии Омрико барои қарор додани Ихвонулмуслимин ба унвони созмони […]

Вокунишҳо ба тарҳи оштии давлати Миср бо Ихвонулмуслимин

Тарҳи дуктур Камол Ҳалбовӣ, аз аъзои аршади собиқи Ихвонулмуслимин, мабнӣ бар оштии Ихвонулмуслимин бо давлати феълии Миср, саҳнаи сиёсии ин кишварро бо баҳсу ҷадали тозае рӯ ба рӯ кардааст. Ба гузориши пойгоҳи хабарии Арабӣ21, имрӯзҳо саҳнаи сиёсии Миср бо баҳсу ҷадали тозае рӯ ба рӯ шудааст, ки бархоста […]