Метка: Ишқ

Ақл ва ишқ

Кадом замон барои як инсони диндор оромиш даст медиҳад?! Сайидюнуси Истаравшанӣ Файласуф, абзори ковишаш ақл аст. Ақли инсон фақат дар баъзе масоил (масалан, масоили риёзӣ) муваффақ ба кашфи воқеият (ҳамон тавр ки ҳаст) мешавад, аммо дар масоили дигар, бахусус масоили метафизикӣ, хеле андак аст, ки муваффақ ба дарки […]

Чанд ҳикояти пандомӯз

Чаро мехоҳӣ ба ман инро бигӯӣ?! Рӯзе як нафар Суқроти ҳакимро дид ва гуфт: — Оё медонӣ, ман чӣ чизе дар бораи фалон дӯстат шунидам? Суқрот гуфт: — Як лаҳза сабр кун. Қабл аз он ки чизе ба ман бигӯӣ, мехоҳам аз се озмуни кучак бигзарӣ. Он мард […]

Дард

Мавлоно гӯяд: “Дард аст, ки одамиро раҳбар аст. Дар ҳар коре, ки ҳаст, то ӯро дарди он кор ва ҳавасу ишқи он кор дар дарун нахезад, ӯ қасди он кор накунад ва он кор бе дард ӯро муяссар нашавад, хоҳ дунё, хоҳ охират, хоҳ бозаргонӣ, хоҳ подшоҳӣ, хоҳ […]

Хулосаи “Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино ба забоне содда

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ишқ аз назари Ибни Сино, кашиш ва ҷозибае аст, ки дар вуҷуди тамоми мавҷудот ҷорӣ аст. Дар мавҷудоти мумкин (яъне ҳар чизе ғайр аз Худо) – аз ҷондору беҷон – ин ишқ аст, ки сабаби бақои онҳо мебошад; ки агар ин нерӯ набуд, боқӣ намемонданд. Ишқ […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (6)

Бахши шишум (поёнӣ) Матни рисола: Фасли ҳафтум: Дар хотимаи фаслҳо ва ин ки ҳамаи мавҷудоти олам ошиқи хайри мутлақанд Мехоҳем дар ин хотима, ки натиҷаи фаслҳост, чанд матлаб баён намоем: Матлаби аввал: Ҳамон тавре ки аз пеш гуфтем, куллияи мавҷудоти олам ошиқ ва муштоқанд ба хайри мутлақ ба […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (5)

Бахши панҷум Матни рисола: Фасли шишум: Дар баёни ишқи нуфуси илоҳия ва ин ки иллати уло хайри мутлақ ва дорои ҷамиъи хайрот ва маъшуқи нуфуси илоҳия аст Дар ин фасл ҳам се муқаддимаи мухтасар лозим аст, ки қабл аз вуруд ба мақсуд гуфта шавад: Муқаддимаи аввал он аст, […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (4)

Бахши чаҳорум Матни рисола: Фасли панҷум: Дар баёни ишқи (1) зурафо ва соҳибони завқи салим нисбат ба суратҳои ҳасана Бидон, ки мо дар ин фасл ибтидо чаҳор муқаддима барои равшан намудани унвони фавқ зикр мекунем: Муқаддимаи аввал: Вомдор будани қувваҳои ҳайвонӣ ва ваҳмияи инсон аз қувваи нотиқа: Ҳар […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (3)

Бахши севвум Сайидюнуси Истаравшанӣ Матни рисола: Фасли дуввум: Дар баёни вуҷуди ишқ дар мавҷудоти баситаи ғайри зинда Мавҷудоти баситае, ки дорои ҳаёт нестанд, бар се қисм мебошанд: 1. Аввал, ҳаюлои (1) ҳақиқӣ; 2. Дуввум, он сурате, ки ба танҳоӣ қоим ба зот нест; 3. Севвум, араз. Фарқ миёни […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (2)

Бахши дуввум Сайидюнуси Истаравшанӣ Матни рисола: Чунин фармояд Шайхурраис Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (р) дар посухи пурсиши Шайх Абӯабдуллоҳ Фақеҳи Маъсумӣ: Ин рисолае, ки бино ба хоҳиши ту дар баёни моҳияти ишқ навиштаам, ҳафт фаслро дарбар мегирад: Фасли аввал: Дар баёни сараёни (ҷорӣ будани) ишқ дар ҳар […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (1)

Бахши аввал Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз рисолаҳои Ибни Сино “Рисолатул-ишқ” аст, ки онро – чунон ки дар оғози рисола омада — ба хоҳиши шогирдаш Абӯабдуллоҳ Фақеҳи Маъсумӣ нигоштааст. Ин рисола бо вуҷуди камии ҳаҷм, рисолаи пурборест. Аз ин рӯ, бар он шудам, то ин рисоларо аз арабӣ тарҷума […]

Ахлоқи ҷинсӣ (8, поёнӣ)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши поёнӣ Ишқ ва иффат Вил Дуронт мегӯяд: “Дар сар то сари зиндагии инсон, ба иҷмоъи ҳама, ишқ аз ҳар чиз ҷолиби таваҷҷӯҳтар аст. Ва таъаҷҷуб ин ҷост, ки фақат иддаи каме дар бораи реша ва густариши он баҳс кардаанд. Дар ҳар забоне […]