Метка: Кабирӣ

Кабирӣ: «Раҳмон тири халосро ба созишномаи сулҳи Тоҷикистон шиллик кард»

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд бо эъломи аҳкоми сангини зиндон барои бархе аз раҳбарони ин ҳизб, давлати Эмомалӣ Раҳмон «тири халосро ба созишномаи сулҳ шиллик кард.» Оқои Кабирӣ дар гуфтугӯе бо ВВС форсӣ гуфт, ки албатта вай аз пеш интизори эъломи чунин аҳкоми сангине барои […]

Кабирӣ: «Дар ин мазҳакае, ки воқеан беобрӯгии миллат аст, ширкат накунед!»

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, бо ишора ба референдуме, ки қарор аст то чанд рӯзи дигар дар Тоҷикистон баргузор шавад, изҳор дошт: «Онҳое, ки ҳарфи моро мешунаванд ва барои мо эҳтиром қоиланд, худро дар ин мазҳака ва дар ин як амали нангин шарик накунанд ва дар ин референдуме, ки […]

Магар шумо кӯррангед?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар латифае ҳаст, ки Мулло Насриддин мубтало ба бемории кӯррангӣ (дальтонизм) буд ва наметавонист рангҳоро дуруст ташхис бидиҳад. Ранги сурх ба назари ӯ сабз намоён мешуд. Аммо шӯрбахтона, ӯ ба ҳеч ваҷҳ ҳозир набуд, бипазирад, ки кӯрранг аст ва балки бадтар аз ин, гумон мекард, ин […]

Кабирӣ: «Барномаи мо бар асоси мантиқ ва ҳикмат пеш хоҳад рафт»

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар бахши дуввум ва поёнии мусоҳибаи худ бо пойгоҳи иттилоърасонии аҳли суннати Эрон, дар посух ба пурсиши хабарнигори ин пойгоҳ мабнӣ бар ин ки «бо тавваҷҷӯҳ ба шароити пешомада барои шумо дар Тоҷикистон, барномаи шумо барои оянда чист?», изҳор дошт: «Барномаи мо бар асоси […]

Ангезаи сафари серӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Арабистон

Таҳлиле дар Deutsche Welle Тоҷикистони форсизабон ва суннимазҳаб, ба лиҳози забонӣ ба Эрон ва аз ҷиҳати динӣ ба Арабистон наздик аст. Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Риёз, дар замони авҷгирии таниш миёни Арабистон ва Эрон, пурсишбарангез шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе (05.01.2016) ба сафари серӯзаи худ ба […]

Кабирӣ эътирози мақомоти Тоҷикистонро «баччагона» донист

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар гуфтугӯ бо сойти Sunnionline, бо «баччагона» хондани эътирози ҳукумати Тоҷикистон ба Эрон ба хотири ҳузури ӯ дар Конфронси ваҳдати исломӣ, гуфт: «Хеле ҷойи таъаҷҷуб аст, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон расман сафири Эронро эҳзор карда ва нутқи эътирозиашро ба хотири ширкати мо дар ин […]

Омодагӣ барои «тазоҳуроти эътирозӣ» дар назди сафорати Эрон дар Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон гурӯҳе аз донишҷӯён ва занонро барои тазоҳурот дар назди сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе омода мекунанд. Ба гузориши сойти Payom, қарор аст «тазоҳуркунандагон» назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ҷамъ шаванд ва Эронро «ба дастгирии теруризм» муттаҳам кунанд ва ҳамчунин пешбинӣ мешавад, онҳо […]

Оё Кабирӣ гоме хатарнок ниҳода?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ширкати Кабирӣ дар Конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон, ки ҳамасола баргузор мешавад, оё нахустин ширкати ӯ дар ин маросим будааст, ки имрӯзҳо ин ҳама сару садо эҷод карда? Кабирӣ, то ҷое ки огоҳам, ҳамасола дар ин маросими байналмилалӣ ҳузур дорад. Ва ё, дидор ва гуфтугӯи вай […]

Хабаргузории Форс: «Суханони Файзулло Баротзода мавриди таъйид нестанд»

Хабаргузории Форс, бо ишора ба суханони Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гуфтааст: «Баргузоркунандагони Конфронси ваҳдати исломӣ аз ҳайъати тоҷик ба хотири нишондани Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар канори Сайидмукаррам Абдулқодирзода узрхоҳӣ кардаанд», ин суханонро «таъйиднашуда» унвон кард. Хабаргузории Форси Эрон, […]

Хушу беши Кабирӣ ва Абдулқодирзода дар ҳошияи Конфронси Ваҳдати исломӣ

Дар ҳошияи Конфронси Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон, Муҳиддин Кабирӣ — раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода — муфтӣ ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, бо ҳам мусофиҳа ва хушу беш ва дақоиқе сӯҳбат карданд. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суханронии худ дар ин конфронс, […]

Кабирӣ: «Русия ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз хаттҳои қирмиз убур накунад»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар гуфтугӯе ихтисосӣ бо сойти Диплумосии эронӣ, бо таъкид бар ин ки «ба тозагӣ бархе уқало ва коршиносони русӣ аз иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят накарданд» ва «ҳатто ҳушдорҳое ба ҳукумати Тоҷикистон додаанд ва ба онҳо гӯшзад кардаанд, ки аз хаттҳои қирмиз […]