Метка: Кабирӣ

К-омад зи низои шиъаву суннӣ қаям

Чанд рӯз пеш, дар ёддоште дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, дар бораи дард ва эҳсоси беморӣ (бемориҳои иҷтимоӣ) навиштам ва баён доштам, касе ки бедард аст ва дорои ин эҳсос нест, аз бузургтарин неъмати илоҳӣ маҳрум мондааст. Имрӯз, ва дар ин ёддошт, мехоҳам илова бикунам, гоҳе баъзе аз мо […]

Мулло Насриддин ва ёддошти эътирози Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон

Латифае ҳаст, ки мегӯяд, рӯзе Мулло Насриддин хост, мардумро сари кор гузорад ва ба истилоҳ, онҳоро дунболи нахӯдсиёҳ фиристад. Ӯ назди дари хонааш нишаста буд ва ба ҳар касе ки аз наздаш рад мешуд, салом медод ва мегуфт, фалонӣ ҳалво пахш мекунад, биштоб, ки агар дер кардӣ, ҳалво […]

Дидори Кабирӣ бо раҳбари Эрон

Дар ҳошияи конфронси Ваҳдати Исломӣ, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дидор ва гуфтугӯ кард. Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, ҳамзамон бо солрӯзи милоди Паёмбари Аъзам (с), меҳмонони ширкаткунанда дар конфронси Ваҳдати Исломӣ субҳи имрӯз (29.12.2015) бо Оятуллоҳ […]

Кабирӣ: «Кишварҳо бояд таваҷҷӯҳи бештаре ба мардуми худ дошта бошанд»

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо баёни ин ки «камтаваҷҷӯҳии кишварҳои исломӣ ва аҳзоби исломӣ яке аз далоили инҳирофи бедории исломӣ дар минтақа аст», таъкид кард: «Кишварҳо бояд таваҷҷӯҳи бештаре ба мардуми худ дошта бошанд.» Ба гузориши Isna, Кабирӣ дар суханоне дар Кумисиюни иттиҳодияи аҳзоби муқовимати […]

Забони рафтор гӯётар аз забони гуфтор аст

Ёддошти Маҳмуд Бурҳонов Ин навор парда аз ду ҳақиқат бармедорад; ҳақиқати аввал, нафрину нафратест, ки забони ҳоли ин пирамарди заҷрдида нисбат ба ин режим ошкоро баён дорад, ва ҳақиқати дуввум, заъфу шикастест, ки ин режми бо ин рафтораш эътироф намуда истодааст. Агар майдони сиёсат ҳам монанди майдони мусобиқоти […]

Худкома буданд, вале пасттинат набуданд

Дар тӯли торих, мо ҳокимони диктотур ва худкома кам надоштем. Дур намеравем, дар авоили ҳамин қарни 21 ва қарни 20, номи шуморе аз онҳо ба гӯши азизон хӯрда ва онҳоро мешиносанд амсоли Муаммар Қаззофӣ, Ҳусни Муборак, Саддом Ҳусайн ва ғайра… Ин диктотурҳо дар даврони ҳукумати худ анвоъи фишорҳо […]

Таҳдиди КДАМ ба бастагони Кабирӣ пас аз расонаӣ шудани хабари боздошти онҳо

Бо расонаӣ шудани хабари боздошт ва раҳоии наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, мақомоти амниятии Тоҷикистон бори дигар яке аз наздикони раиси ҲНИТ-ро ба идораи Кумита даъват намуда, таҳдид кардаанд, ки расонаӣ кардани ахбори боздошт, ба зарари худи онҳо анҷом хоҳад ёфт. Ба гузориши сойти Payom, ҳамчунин аз ин […]

«Насиҳат»

Ба дунболи боздошти шуморе аз бастагони Муҳиддин Кабирӣ, аз ҷумла падари пири 95-солааш аз сӯйи мақомот, раиси ҷамоати Қасамдараи ноҳияи Файзобод дар тавзеҳи иллат ва чароии боздошти онҳо, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки «рӯзи сешанбе, 15 декабр кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз Тилло Кабиров (падари 95-солаи Муҳиддин […]

Боздошти падари 95-солаи Кабирӣ ва дигар бастагонаш

Субҳи имрӯз (15.12.2015) мақомоти интизомии Тоҷикистон ҷамъе аз бастагон ва наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиро боздошт ва ҷойе номаълуме бурдаанд. Ба гузориши сойти Payom, ҳарчанд феҳристи комили ҳамаи боздоштшудаҳо ҳанӯз дар даст нест, аммо афроди зерин аз ҷумлаи боздоштшудаҳо мебошанд: Кабиров Тилло 95 сола, падари раиси […]

«Фронти халқӣ» ва ҳизби ҳокими ҲХДТ низ теруристӣ эълом хоҳанд шуд?

Дирӯз (14.12.2015), вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҷаноби Рамазон Раҳимзода, дар дидор бо мардуми ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон, бори дигар Ҳизби наҳзати исломиро муттаҳам ба даст доштан дар шӯриши 4 сентябри женерол Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои кишвар кард ва гуфт, ҲНИТ «аз сармоягузорон ва раҳбарони асосии» ҳамлаҳои Назарзода […]