Метка: Кабирӣ

Баёнияи муштараки ширкаткунандагони тазоҳурот дар Туркия, Австрия ва Олмон

Ширкаткунандагон дар ҳар як аз тазоҳуроти эътирозӣ дар Туркия, Австрия ва Олмон, баёнияи муштараке содир карданд, ки ба шарҳи зайл аст: Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сиёсатҳои саркубгароёна ва ваҳшиёнаи ҳукумат алайҳи дигарандешон, маҳдудияти шадиди озодӣ, шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ ва боздоштҳои беравия афзун бар фазои даҳшатноки иқтисодӣ ва […]

Тазоҳуроти тоҷикон дар Олмон

Шуморе аз тоҷикони муқими Олмон, имрӯз (24.11.2015), дар баробари дафтари Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Бонни ин кишвар, дар эътироз ба сиёсатҳои режими Эмомалӣ Раҳмон ва боздошт ва ба зиндон андохтани мухолифони сиёсӣ аз сӯйи ин режим тазоҳурот барпо карданд. Тазоҳуркунандагон, хостори озодии ҳарчи зудтари зиндониҳои сиёсӣ […]

Тазоҳуроти тоҷикон дар Австрия дар эътироз ба сиёсатҳои режими Раҳмон

Теъдоде аз фаъолони тоҷик ва хонаводаҳои онҳо, имрӯз (24.11.2015) дар назди сохтмони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲА) дар шаҳри Венаи Австрия, дар эътироз ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон, фишор ва таъқиби дигарандешон, боздошт ва зиндонӣ шудани мухолифони сиёсӣ дар Тоҷикистон тазоҳурот баргузор карданд. Дар ин тазоҳурот, […]

Тазоҳуроти эътирозии фаъолони тоҷик дар Истанбул

Шуморе аз фаъолони тоҷик дар назди консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия имрӯз (24.11.2015) дар эътироз ба сиёсати саркӯб, фишору таъқиби дигарандешон, боздошт ва зиндонӣ шудани мухолифони сиёсӣ тавассути режими Эмомалӣ Раҳмон, тазоҳурот барпо карданд. Тазоҳуркунандагони тоҷик дар ин гирдиҳамоӣ дар даст тасовири боздоштшудаҳо ва низ зиндониҳои сиёсии […]

Сукути бемаъно

Созмонҳои мустақилли дифоъ аз ҳуқуқи башар — ки дар ҳар кишваре тавассути фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ҳамон кишвар таъсис мешавад — қоъидатан бояд замоне садояшон баландтар ва фаъолияташон бештар ва корашон малмустар бошад, ки шаҳрвандони он кишвар ба хусус мухолифони сиёсӣ, дар маърази фишорҳо, таъқибҳо, боздоштҳо ва озору азиятҳо […]

60 ҳазор дулор, баҳои раҳоии бастагони Кабирӣ аз боздоштгоҳ

Ба гузориши сойти Payom ба нақл аз манбаи огоҳ дар Тоҷикистон, мақомоти ноҳияи Ваҳдат сокини ин ноҳия Пиров Саидро ҳамроҳи ду бародараш Пиров Умар ва Пиров Аскар (маъюби дараҷаи 2) боздошт намуда, ба шӯъбаи ВКД – ҷамоати Симиганҷ бурданд ва баъд аз шиканҷа ва озору азияти онҳо, аз […]

Интиқоди Кабирӣ аз созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар суханоне дар як конфронси байналмилалӣ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи башар, ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор шуд, бо ишора ба ин ки «саркӯби мухолифин ва гуногунандешон бо баҳонаҳои гуногун, як шеваи маъмулӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна гардидааст», хотирнишон кард: […]

Зарафо Раҳмонӣ: «Агар озод нашавам, даст ба худкушӣ хоҳам зад!»

Кумисиюни умури озодиҳои мазҳабӣ дар Омрико (USCIRF) дар гузорише, навиштааст, вакили мудофеъи Зарафо Раҳмонӣ, аз фаъолони зани ҲНИТ, ба хоҳари ӯ гуфтааст, Зарафо дар зиндон мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта ва таҳдид кардааст, ки агар аз зиндон озод нашавад, даст ба худкушӣ хоҳад зад. Кумисиюни умури озодиҳои мазҳабӣ […]

Вокуниши Кабирӣ ва писараш ба иттиҳомҳои ахири мақомот алайҳи онҳо

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва писараш Руҳуллоҳ Кабирӣ, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори пойгоҳи хабарии Tajinfo, иттиҳомҳои ахири мақомот алайҳи онҳоро қотеъона рад карданд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин гуфтугӯ, бо ташбеҳ кардани рафтори мақомот ба рафтори Заҳҳоки ситамгар, гуфт: «Заҳҳок ва морҳои ӯро, ки […]

Маҳкумияти сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон аз сӯйи масъулони урупоӣ дар дидор бо Кабирӣ

Масъулони баландпояи урупоӣ дар дидор ва гуфтугӯ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зимни изҳори нигаронӣ аз вазъияти кунунии Тоҷикистон, изҳор доштанд: «Суистифода аз ҳодисаҳои ахир барои саркӯби рақибони сиёсӣ метавонад боиси норозигии бештари ҷомеа ва рушди беш аз пеши ифротгароӣ гардад.» Ин масъулони баландпоя бо […]

Оё ҲНИТ метавонад беасос будани ин иттиҳоми бузургро собит кунад?

Иттиҳоми ахири Додситонии кулли Тоҷикистон ба раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки гӯӣ аз панҷ сол пеш гурӯҳҳои мусаллаҳеро ташкил ва онҳоро сармоягузорӣ ва женерол Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ба дастури ӯ кор мекардааст, бо ин ки дурӯғе беш нест ва ҳеч кас, чӣ дар […]