Метка: Кабирӣ

Кабирӣ иттиҳомоти додситонии кулли Тоҷикистонро беасос хонд

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иттиҳомоти ҷадиди додситонии кулли ин кишвар алайҳи худ ва 13 нафар аз аъзои боздоштшудаи риёсати ин ҳизбро беасос унвон кард. Додситонии кулли Тоҷикистон, раис ва аъзои Шӯрои олии риёсати Ҳизби наҳзати исломиро ба даст доштан дар созмондиҳии гурӯҳҳои мусаллаҳ бо ҳадафи таъсиси гурӯҳҳои […]

Мушкили асосии мақомоти тоҷик кадом аст?

Оё мушкил дар Тоҷикистон як мушкили сирф “сиёсӣ” аст, ё чизе фаротар аз он? Яъне, оё мушкил танҳо ин аст, ки давлатмардони кунунӣ таҳаммули вуҷуди аҳзоб ва гурӯҳҳо ва шахсиятҳои мунтақидро надоранд ва ба ҳамин ҷиҳат будааст, ки ба ҷони Ҳизби наҳзати исломӣ афтоданд? Ба назар мерасад, мушкил […]

Абъоди ҷадиди фишори давлати Тоҷикистон бар Ҳизби наҳзати исломӣ

Ёддоште дар пойгоҳи интернетии IRIB World Service Муовини раиси Маркази исломшиносии вобаста ба ниҳоди риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии ин кишварро маншаи ифротгароӣ эълом кардааст. Рустам Азизӣ бо интишори матлабе таҳти унвони “Ҳидоятҳои Абдуллоҳи Нурӣ; сарчашмаи тундравӣ ва ифротгароӣ”, муддаъӣ шуд, […]

Паёми табрикотии роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба муносибати Иди Қурбон

Ҳамватанони азиз! Фарорасии Иди саиди Қурбонро аз самими қалб ба Шумо табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди Мутаъол бароятон сарбаландӣ, зиндагии осуда, саломатии бардавом, хонаи ободу ояндаи равшан таманно менамоям. Иди Қурбон дар баробари онки нишоту хурсандӣ, эътои таъом ва дастгирии ятимону барҷоймондагон ва камбизоатонро дар худ ҷой додааст, […]

Оғози даврони ҷадиди саркӯб дар Тоҷикистон

Таҳлиле дар Deutsche Welle Муовини собиқи вазири дифоъи Тоҷикистон дар муборизаи мусаллаҳона бо нерӯҳои давлатӣ кушта шуд. Дар пайи ин ҳодиса фаъолияти бузургтарин ҳизби мунтақиди давлат дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд. Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар гуфтугӯ бо Deutsche Welle, далели ин иқдомро шарҳ медиҳад. Манобеи хабарии Тоҷикистон аз […]

Кабирӣ ва хушунат

Истилоҳи “иҷтимои нақизайн маҳол аст” ҳатман ба гӯшатон хӯрда. Ин истилоҳ бештар дар улуми ақлия мисли фалсафа ва калом ба кор меравад. Маънояш ин аст, ки маҳол аст ду нақиз ҷамъ бишаванд. Масалан, маҳол аст, ки як инсон дар як замон ҳам бошад ва ҳам набошад? Зеро будан […]

Дурӯғи бузург

Билофосила пас аз поён ёфтани амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ва саркӯб ва аз байни бурдани гурӯҳи женерол Абдуҳалим Назарзода дар Ромит, додситонии кулли кишвар эълом кард, пушти сари ин “шӯриш” Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва шахси раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ қарор доштааст. Гузашта аз бегонагон […]

Кабирӣ: “Ангезаҳои амали Ҳоҷӣ Ҳалимро бояд дар сиёсати хатои худи ҳукумат ҷуст”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як мусоҳибаи катбӣ бо Радиои Озодӣ, бо радди иттиҳомоти ахири додситонии кулл онро бепоя номид ва гуфт: “Ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Додситонии кул ҳанӯз аз ин пеш алайҳи ман […]

Додоҷон Атовуллоев: “Имрӯз ҳама бояд дар канори ҲНИТ бошем!”

Баёнияи Додоҷон Атовуллоев дар пайи боздоштҳои густардаи аъзои ҲНИТ Дар Тоҷикистон дубора бӯйи ҷанг эҳсос мешавад, ҳарчанд агар содиқона бигӯям, ҷанг дар ин кишвар ба поён нарасида буд ва дар тӯли 23 сол идома дошт. Ҷанги раисиҷумҳур бо мардумаш. Дар ин рӯзҳо ғаму андӯҳ дубора бар хонаҳои мардумони […]

Кабирӣ: “Умедворам, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистон тамошогар ва наззорагар нахоҳанд буд”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, изҳори умедворӣ кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин мардум ва нухбаҳои тоҷик, нисбат ба боздоштҳои дастаҷамъӣ ва густардаи раҳбарон ва фаъолони ҲНИТ, бетафовут ва тамошогар нахоҳанд буд. Дар Тоҷикистон аз дирӯз (16.09.2015) боздоштҳои дастаҷамъии раҳбарон ва аъзои ҳизби ҳанӯз расмии Наҳзати […]

Кабирӣ: “ҲНИТ на танҳо идома хоҳад дошт, балки қавитар ба саҳна бармегардад”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ, дар посух ба пурсише дар бораи ояндаи ҳизб гуфтааст: “ҲНИТ ҳамчун фикр, андеша ва роҳ на танҳо идома хоҳад дошт, балки қавитар ба саҳна бармегардад. Ман ба ин шаке надорам. Чӣ ман бошам, […]