Метка: Мантиқ

Мантиқ чист?

Ба қалами Катрино Нувойс (Catarina Novaes) Барои ҳар касе, ки иштиёқе ба тафаккури дуруст ё ақаллан тафаккури маъқул дорад, таърихи мантиқ ҷолиби таваҷҷӯҳ хоҳад буд. Таъаммул дар бораи таърихи мантиқ, моро ба таъаммул дар ин бора вомедорад, ки тафаккури дуруст ба чӣ маъност. Оё ба маънои ворид шудан […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 21 (баҳси охир)

Синоъоти хамс (2) Дар баҳси пешин гуфтем, ки қиёс аз назари модда, ба панҷ қисм тақсим мешавад: бурҳон, ҷадал, хитоба, шеър ва муғолата ва ба ин ақсоми панҷгона синоъоти хамс (маҳоратҳои панҷгона) гуфта мешавад. Ҳол, чаро қиёс ба лиҳози модда ба ин панҷ қисм тақсим мешавад? Посух ин […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 20

Синоъоти хамс (1) Баҳси синоъоти хамс (маҳоратҳои панҷгона) марбут ба моддаи қиёс аст. Зеро қиёс шакле дорад ва моддае. Он чӣ дар баҳсҳои пешин ва то кунун дар борааш баҳс мекардем, ҳама марбут ба шакли қиёс буд, мисли ин ки шакли қиёс бояд чунину чунон бошад ва шароите […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 19

Оё мантиқ илме беҳуда аст? (3) Дар баҳси пеш эродҳое, ки бар фоида доштан ё надоштани мантиқи арастуӣ гирифтаанд, зикр кардем. Акнун эродҳое, ки бар дурустии он гирифта ва мантиқро пуч ва ботил ва ғалат донистаанд, ба тартиб зикр мекунем. Албатта ёдоварӣ мекунем, ки дар ин ҷо фақат […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 18

Оё мантиқ илме беҳуда аст? (2) Гуфтем, касоне ки арзиши мантиқи арастуиро нафй кардаанд, ё фоидаашро нафй кардаанд ва ё дуруст буданашро. Мо нахуст дар бораи фоида доштани мантиқ ба баҳс мепардозем: Фоида доштани мантиқ Эродҳое, ки дар ин хусус ворид кардаанд, иборат аст аз: Агар мантиқ дорои […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 17

Оё мантиқ илме беҳуда аст? (1) Ишора: Ин баҳс, ки дар се қисмат хоҳем овард, баргирифта аз баҳсҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби “Ошноӣ бо улуми исломӣ” таҳти унвони “Арзиши қиёс” аст. Эшон дар ин баҳс ба тафсил посухи ишколи касонеро, ки бар қиёс ворид кардаанд додааст. Аз […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 16

Қиёси истисноӣ Пеш аз вуруд ба асли баҳс, ниёз аст чанд матлабро, ки қаблан тавзеҳ дода будам, такрор бикунам. Гуфта будем, ки қазия ё ҳамлия аст ва ё шартия. Ва қазияи шартия ё муттасила аст ва ё мунфасила. Муттасила мисли: “Агар барқ дар абр меҷаҳад, овози раъд шунида […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 15

Қиёси иқтиронии ҳамлӣ Баҳси ҳозир дар бораи қиёси иқтиронии ҳамлӣ аст. Дар баҳси пешин гуфтем, ки қиёси иқтиронӣ қиёсе аст, ки дар муқаддимот натиҷа ва ё нақизи он ба сароҳат наомадааст ва ин қиёс агар аз ҳамлияҳо ташкил бишавад, қиёси иқтиронии ҳамлӣ номида мешуд. Бо ин ки дар […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 14

Ақсоми қиёс Дар баҳси пешин гуфта гузаштем, ки ҳуҷҷат (ва ё ҳамон истидлол) ба навбати худ бар се қисм аст, ва қиёс яке аз ақсоми ҳуҷҷат ба шумор меравад. Ва дар таърифи қиёс ҳам гуфтем, ки қиёс маҷмӯае фароҳамомада аз чанд қазия аст, ки ба сурати як воҳид […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 12

Акси нақиз Акси нақиз он аст, ки қазияе бо ҳифзи сидқ ва кайф, ба қазияи дигаре табдил шавад, ки мавзӯаш нақизи маҳмул асл ва маҳмулаш нақизи мавзӯи асл аст. Ва ба сухани дигар, акси нақиз иборат аст аз: ҷобаҷо кардани нақизи ду тараф бо ҳифзи сидқ ва кайфи […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 11

Акси муставӣ Дар баҳси пешин гуфтем, ки миёни қазияҳо нисбатҳое вуҷуд дорад; ба ин сурат, ки гоҳе метавон аз сидқи яке ба кизби дигарӣ пайд бурд ва гоҳе баръакс аз кизби яке ба сидқи дигарӣ ва низ гуфтем, баҳсҳое, ки дар онҳо нисбатҳои миёни қазияҳо тавзеҳ мешаванд иборат […]