Метка: Маснавӣ

Шарҳи Маснавӣ (376)

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш (3) * * * Бас касон, к-эшон ибодатҳо кунанд, Дил ба ризвону савоби он ниҳанд. Худ ҳақиқат маъсият бошад хафӣ, Бас кадир бошад, ки пиндорад сафӣ. Мавлоно аз инҷо ба истинтоҷ аз ин ҳикоят мепардозад. Мегӯяд: хелеҳо ҳастанд, ки бисёр […]

Шарҳи Маснавӣ (375)

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш (2) * * * Ман бигӯям: суҳҳ нӯшат, кист он Аз табибон пеши ту? Гӯяд: фалон. Ман дар ҷавобаш хоҳам гуфт: офият бошад, нӯши ҷонат! Сипас мепурсам: кадом як аз ҳакимон бар болини ту омадааст? Бемор мегӯяд: фалон ҳаким. Суҳҳ: […]

Шарҳи Маснавӣ (374)

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш (1) * * * Хулосаи достон Ба як шахси ношунаво хабар доданд, ки ҳамсояат бемор шуда. Ӯ хост, ки ҳаққи ҳамсоягиро адо кунад ва ба иёдати бемор биравад. Вале пеши худ гуфт: ман бо ин гӯши кар, аз сухани он […]

Шарҳи Маснавӣ (373)

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва омезии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан (3) * * * Гуфт: “Ал-маънӣ ҳуваллаҳ” шайхи дин, Баҳри маъниҳои раббулъоламин. Шайхи дин, ки дарёи маъонии ҳазрати парвардигори ҷаҳониён аст гуфт: маъно, ҳамон Худост. Нукта: Дар ин ки мақсуд аз […]

Шарҳи Маснавӣ (372)

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва омезии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан (2) * * * Гардиши ин қолаби ҳамчун сипар Ҳаст аз руҳи мусаттар, эй писар! Эй писари маънавӣ! Гардишу ҳаракати ҷисм, ки ҳамонанди сипар руҳро дар паси худ ниҳон медорад, ношӣ […]

Шарҳи Маснавӣ (371)

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва омезии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан (1) * * * Ҳамчу Ҳоруту чу Морути шаҳир Аз батар хӯрданд заҳролуд тир. Монанди Ҳоруту Морут, ки овозае фаровон доранд ва ҳама ҷо машҳуранд. Ин ду нафар ба хотири он […]

Шарҳи Маснавӣ (370)

Дуо кардани Балъами Боур, ки Мӯсо ва қавмашро аз ин шаҳр, ки ҳисор додаанд, бемурод бозгардон ва мустаҷоб шудани дуъои ӯ (3) * * * Ҷумла ҳайвоноти ваҳшӣ з-одамӣ Бошад аз ҳайвони инсӣ дар камӣ. Ҳамаи ҳайвоноти ваҳшӣ, ки аз инсон мераманд, аз он ҳайвоноте, ки бо инсон […]

Шарҳи Маснавӣ (369)

Дуо кардани Балъами Боур, ки Мӯсо ва қавмашро аз ин шаҳр, ки ҳисор додаанд, бемурод бозгардон ва мустаҷоб шудани дуъои ӯ (2) * * * Нозанинӣ ту, вале дар ҳадди хеш, Аллаҳ–Аллаҳ по манеҳ аз ҳадд беш. Эй инсон! Ту азизу мӯҳтарамӣ, вале ба андозаи худ, аз Худо […]

Шарҳи Маснавӣ (368)

Дуо кардани Балъами Боъур, ки Мӯсо ва қавмашро аз ин шаҳр, ки ҳисор додаанд, бемурод бозгардон ва мустаҷоб шудани дуои ӯ (1) * * * Дар сураи Аъроф, оятҳои 175 ва 176 омадааст: وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ الَّذِي آتَيْنَاهُ آيَاتِنَا فَانْسَلَخَ مِنْهَا فَأَتْبَعَهُ الشَّيْطَانُ فَكَانَ مِنَ الْغَاوِينَ. وَلَوْ شِئْنَا […]

Шарҳи Маснавӣ (367)

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз Пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: пас ман ҳам маҳалли ваҳйам. (8) * * * Чун кунад ҷон божгуна пӯстин, Чанд вовайло барорад з-аҳли дин. Агар ҷон пӯстинро вожгуна созад, […]

Шарҳи Маснавӣ (366)

Муртад шудани котиби ваҳй ба сабаби он ки партави ваҳй бар ӯ зад, он оятро пеш аз Пайғомбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бихонд, гуфт: пас ман ҳам маҳалли ваҳйам. (7) * * * Фалсафӣ мар девро мункир шавад, Дар ҳамон дам сухраи деве бувад. Он фалсафӣ, ҳамон дам, […]