Метка: материализми диалектик

Фалсафа ва равиши реализм (85)

Идрокоти эътиборӣ (16) Матни китоб: Иртиботи эътибориёт бо ҳақоиқи мутараттиба ба онҳо, ё кайфияти иртиботи улуми маҷъулаи инсон бо хоссиятҳои воқеии вай * * * Чунонки дар оғози мақола гуфта шуд, гуфтугӯи мо дар улуми эътиборӣ дар се бахш мебошад: 1) Кайфияти пайдоиши илми эътиборӣ аз инсон; 2) […]

Фалсафа ва равиши реализм (84)

Идрокоти эътиборӣ (15) Матни китоб: 3) Риёсат ва маръусият ва лавозими онҳо Чунонки тааммули кофӣ дар равиши ҷомеаҳои инсонӣ ҳатто ҷомеаҳои мутараққии имрӯза ба даст медиҳад ва ҳамчунин таърихи нақлӣ аз давраҳои нисбатан наздики зиндагонии башар ва васоили дигари таърихӣ аз давраҳои дуру дарози зиндагии дастаҷамъии инсони аввалӣ […]

Фалсафа ва равиши реализм (83)

Идрокоти эътиборӣ (14) Матни китоб: Қисми дуввум: Эътибориёти баъди иҷтимоъ Мафоҳими эътиборӣ, ки инсони иҷтимоӣ имрӯза аз қолиби зеҳни худ даровардааст, ба андозае зиёд аст, ки шояд тамйиз ва табақабандӣ ва шумурдани онҳо, болотар аз тавоноии фикр буда бошад, агарчи ҳамаи онҳо сохтаи фикр ва андеша мебошанд. Бо […]

Фалсафа ва равиши реализм (82)

Идрокоти эътиборӣ (13) Матни китоб: Хотимаи ин баҳсу гуфтугӯҳо Эътибороти умумӣ, ки суханони гузаштаи мо дар пайдоиши онҳо буд, мунҳасир ба панҷ эътиборе, ки шумурда шуд (вуҷуб, ҳусну қубҳ, интихоби ахаффу асҳал, истихдом, амали илм) намебошад, балки эътибороти дигаре низ метавон ёфт, ки ҷанбаи умумият дошта бошанд, чунонки […]

Фалсафа ва равиши реализм (81)

Идрокоти эътиборӣ (12) Матни китоб: 5. Асли мутобиати илм Пурравшан аст, ки қувваҳои фаъола дар модда чунонки худ моддӣ ҳастанд, фаъолияти онҳо низ дар модда мебошад ва як қувваи фаъола ҳамин ки моддаеро муносиби фаъолияти худ ёфт, шурӯъ ба фаъолият карда ва асари худро ба сӯи мутаассири худ […]

Фалсафа ва равиши реализм (80)

Идрокоти эътиборӣ (11) Матни китоб: 4. Асли истихдом ва иҷтимоъ Мо дар хориҷ, ба ҳар падидаи моддӣ, ки мерасем, таркибе ё ҳамроҳи таркибест, ки барои ҳифзи бақои худ, аз хориҷ ба наҳве истифода менамояд. Ва ин хоссият дар ҳамаи мавҷудот ва ба вижа дар як даста аз мавҷудот, […]

Фалсафа ва равиши реализм (79)

Идрокоти эътиборӣ (10) Матни китоб: Решаи эътибориёт ва оғози пайдоиши онҳо Чунонки аз баёни гузашта дастгир мешавад, қувваҳои фаъолаи инсон чун фаъолияти табиӣ ва таквинии худро рӯйи асоси идрок ва илм устувор сохтааст, ночор аст барои мушаххас кардани феъл ва мавриди феъли худ, як силсила эҳсосоти идрокӣ чун […]

Фалсафа ва равиши реализм (78)

Идрокоти эътиборӣ (9) Матни китоб: Ба ҳар ҳол қувваҳои фаъолаи мо эҳсосоте дарунӣ дар мо эҷод мекунанд, мо анҷом додани афъоли қувваҳои худро дӯст дошта ва мехоҳем, ва ҳаводис ва воридоте, ки бо қувваҳои мо ноҷуранд душман дошта ва намехоҳем, ё дар мавриди онҳо афъоли муқобили онҳоро дӯст […]

Фалсафа ва равиши реализм (77)

Идрокоти эътиборӣ (8) Идомаи таълиқаи баҳси пешин (Баҳсе фалсафӣ дар ин бора, ки оё ҳайвонот аз корҳое, ки анҷом медиҳанд огоҳанд?) Башар қабл аз он ки рӯйи услуби фаннӣ вориди таҳқиқи мавҷудоти ин ҷаҳон гардад, дар бархӯрдҳои аввалӣ, ки бо табиат мекунад, тамоми аҷзои беҷону ҷондори табиатро дорои […]

Фалсафа ва равиши реализм (76)

Идрокоти эътиборӣ (7) Матни китоб: Гоҳе, ки ба саҳнаи мумтадди зиндагии худ тамошо мекунем ва аз тариқи дигар ва ҷанбаи дигар зиндагии худро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, мебинем, даме, ки кӯдаке хурдсолем, дар баробари дидагони пур аз эҳсосоти нағз ва тозаи мо, ҳамон ва ҳамон меҳру утуфати модар […]

Фалсафа ва равиши реализм (75)

Идрокоти эътиборӣ (6) Матни китоб: Мо дар нигоҳи нахустин, падидаҳои ҷаҳонро ба ду қисми мухталиф: мавҷудоти зинда (дорои шуъур) ва мавҷудоти ғайри зинда тақсим менамоем. (1) Ва гоҳе, ки дар як мавҷуди ғайри зинда (монанди як фарди дарахт) тааммул намоем, мебинем иҷтимои чандин воҳид — масалан шоха ва […]