Метка: материализми диалектик

Фалсафа ва равиши реализм (41)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (14) Хулосаи назарияи моддигароёни ҷадид Аз маҷмӯи гуфтаҳои моддигароён ин натиҷа истинбот мешавад: фикр ва идрок ба таври куллӣ аз хоссиятҳои муайяни ташкилоти моддии аъсоби мағзӣ аст ва ин хоссият вақте ба зуҳур мерасад, ки таъсире аз хориҷ бар аъсоб ворид шавад, монанди […]

Фалсафа ва равиши реализм (40)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (13) Дар посух ба ишколи материализми диалектик – ки дар бахши пешин зикр шуд – шоиста дидам, пеш аз овардани матни китоб шарҳ ва таълиқи шореҳ яъне Устод Муртазо Мутаҳҳариро биёварам. Эшон дар ҳошияи матни китоб, баҳси муфассале оростаанд, ки дар ду ё […]

Фалсафа ва равиши реализм (39)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (12) Матни китоб: Илм (огоҳӣ) бо тақсими аввалӣ мунқасим аст ба илми тасаввурӣ ва тасдиқӣ. “Илми тасаввурӣ” илмест, ки муштамил ба ҳукм нест, монанди сурати идрокии инсони танҳо, аспи танҳо, дарахти танҳо. “Илми тасдиқӣ” илмест, ки муштамил ба ҳукм буда бошад, монанди сурати […]

Фалсафа ва равиши реализм (38)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (11) Матни китоб: Баррасии масъалаи илм ва маълумро, аз лиҳози аҳаммият, дар ҷиргаи масоили дараҷаи яки фалсафа бояд қарор дод; зеро то мо ҳастем, сару коре ба ғайри илм (яъне он чӣ дар зеҳни мо нақш мебандад) надорем. Албатта, ин суханро набояд аз […]

Фалсафа ва равиши реализм (37)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (10) Муқаддима (10) Назарияи Ҳенри Бергсун Дар инҷо назарияи Ҳенри Бергсун (Henri Bergson, 1859-1941), донишманди орифмашраби фаронсавиро наметавон аз назар дур дошт. Вай низ ба як навъ фалсафаи ҷазмии мақрун ба ирфонӣ мӯътақид аст ва ҳамон ақидаро, ки Декорт ва дигарон дар бораи […]

Фалсафа ва равиши реализм (36)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (9) Муқаддима (9) Назарияи Конт Эмонуел Конт (Immanuel Kant), файласуфи шаҳири олмонӣ (1724-1804), назариёти қобили таваҷҷӯҳе дар боби “арзиши маълумот” ва соири масоили марбут ба илм дорад. Конт аз фалосифаи дараҷаи аввали Урупо ба шумор меравад ва урупоиён эътиқоди азиме ба фалсафаи вай […]

Фалсафа ва равиши реализм (35)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (8) Муқаддима (8) Назарияи Декорт Декорт (1596- 1650) ва пайравонаш — ки онҳоро cartesien (кортезиен) мегӯянд — ба пайравӣ аз Арасту мактаби ҷазмро ихтиёр карданд, вале бо ин тафовут, ки Арасту ва пайравонаш маҳсусот ва маъқулот ҳар дуро мӯътабар ва ба дастдиҳандаи яқин […]

Фалсафа ва равиши реализм (34)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (7) Муқаддима (7) Пайдоиши суфизм дар Юнон Дар ҳудуди қарни 5-уми қабл аз милод дар Юнон қадим, ки дар он вақт дорои тамаддуне олӣ буд ва фалосифа ва донишмандони бузурге дар он сарзамин зуҳур карда буданд ва макотиби фалсафии гуногунеро ба вуҷуд оварда […]

Фалсафа ва равиши реализм (33)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (6) Муқаддима (6) 7. Оё “ҳақиқат” мутлақ аст ё нисбӣ? Иддае аз донишмандони ҷадид ҳастанд, ки мункири “ҳақиқати мутлақ”-анд ва қоил ба “ҳақиқати нисбӣ” мебошанд. Ин ҷамоатро “нисбиюн” ё relativist ва маслаки онҳоро “нисбият” ё relativism мехонанд. Хулосаи ақидаи ин донишмандон ин аст: […]

Фалсафа ва равиши реализм (32)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (5) Муқаддима (5) 6. Чаро улуми таҷрибӣ яқинӣ нест? Иллати яқинӣ набудани улуме, ки сирфан мустанад ба таҷриба ҳастанд ин аст, ки фарзиёте, ки дар улум сохта мешавад, далел ва гувоҳе ғайр аз интибоқ бо амал ва натиҷаи амалӣ додан надорад. Ва натиҷаи […]

Фалсафа ва равиши реализм (31)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (4) Муқаддима (4) 5. Оё ҳақиқат мутаҳаввил ва мутакомил аст? Аз баёне, ки дар боло (дар баҳси пешин) роҷеъ ба доимӣ будани ҳақоиқ кардем, посухи ин суол низ равшан мешавад. Дар боло гуфтем (дар баҳи пешин), агар як мафҳуми зеҳнӣ бо воқеияте аз […]