Метка: маҳалгароӣ

Шерзамонов: “Бадахшониҳо маҳалгаро нестанд, балки аз ҳувияти қавмии худ дифоъ мекунанд”

Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсии тоҷик ва муовини иҷроии раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо Кимиёи саодат, бо баёни ин ки вақте бадахшониҳо аз ҳувияти қавмии худ дифоъ кунанд, аз тарафи аксарият мавриди нофаҳмӣ қарор мегирад, гуфт, ки ин як бардошти иштибоҳӣ аст, инро набояд маҳалгароӣ пиндошт. Машрӯҳи […]

Маҳалгароӣ

Ёддошти Зафари Сӯфӣ Аслан дӯст надорам дар ин мавзӯъ чизе нависам. Ба ростӣ, фикр мекунам мавъзӯҳое мисли маҳалгароӣ шабеҳи наҷосат аст. Вақте дониста ё надониста рӯи он пой гузорӣ ҳам бӯи гандаш ба атроф пахш мешавад ва ҳам кафшҳоят олуда мегардад.Дар ташбеҳи дигар, мавзӯъи маҳалгароӣ монанд ба лаҷанзор […]

Луқмон Бойматов: Маҳалгароён қотилони равони миллианд”

Устод Луқмон Бойматов, муаррихи тоҷик, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо пойгоҳи Кимиёи саодат дар мавзӯи маҳалгароӣ, бо баёни ин ки “афроди “оддӣ ва содда” аз манотиқи гуногун, ба роҳатӣ якдигарро мефаҳманд ва эҳтироми якдигарро ҳифз мекунанд, тасреҳ кард: “Ин “аҳли фарҳанг ва адаб” аст, ки дар саргаҳи ин […]

Решаи “маҳалгароӣ” ва роҳи хушконидани он

Сайидюнуси Истаравшанӣ Шояд ин аз шигифтиҳои мо, тоҷикон бошад, ки дар айни ин ки ҳамаамон ба иттифоқ “маҳалгароӣ”-ро як падидаи бисёр зишт ва нописанд ва ҳатто навъе беморӣ медонем ва давлатмардон ва сиёсатмадоронамон аз минбарҳо ба накӯҳиши он мепардозанд ва нависандаҳо ва шоирон ва рӯзноманигоронамон дар мазаммати он […]

Маҳалгароӣ раво набувад!

Ёддошти Камол Қурбон Беморӣ агар дармон карда нашавад, дарди дигареро ба бор меоварад. Каҷравӣ нахуст андак аст, вале кам-кам фузунӣ мегирад ва пас аз чанде зовияи он гушодатар мешавад ва доманаи он густурдатар мегардад. Ин қоъидаи тағйирнопазир буда, дар ҳама чизҳо ва авзоъ ва андешаҳо ва рафтору гуфтор […]

Вақте маҳал ба ҷои миллат менишинад

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Иллати шармандагии мо дар хориҷ, ҳамон иллати шикасти мо дар дохил аст – маҳалгароӣ. Дар асл мо он рӯз шикаст хӯрдем ва шармандаи офоқ гаштем, ки гавҳари гаронбаҳои «миллат»-ро фаромӯш карда ва ба ҷояш ба унсури гандидаи «маҳал» часпидем. Ҳамдастии тоҷикон бо чеченҳо барои ҳамла […]

Торих дар Тоҷикистон дар ҳоли такрор аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Баррасии таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон ҳикоят аз он дорад, ки торих дар ин кишвар дар ҳоли такрор аст. Нишонаҳои такрори торихро метавон аз таҳлили заминаҳои иҷтимоӣ ва мушоҳидаи иллатҳои мушобеҳ дар арсаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳаводиси гузашта ва имрӯз пайдо кард. Тавзеҳ ин ки: ҳар […]

Андар “кӯчи баҳсбарангези ҳудуди 70 хонавода аз Дарвоз ба Данғара”

Пеш аз вуруд ба асли мавзӯъ ва ин ки оё ин кӯч дуруст будааст ё нодуруст, иҷоза бифармоед, муқаддимае матраҳ бикунам. Ва он ин аст: азизон огоҳанд, Эрон кишваре аст, ки ақвом ва гурӯҳҳои нажодии мухталифе дар он зиндагӣ мекунад; аз порсу курду турку арабу туркмону арманиву яҳудиву […]