Метка: Маҳмудхон Бурҳонов

Ҷаҳони моддӣ оғози замонӣ надорад

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов Ҷаҳони моддӣ оғози замонӣ надорад, зеро замон худ ҳамчун макон, мафҳумест бархоста аз модда, ва ба иборати дақиқтар: замону макон ду буъд аз абъоди модда аст. Аз ин рӯ, фалосифа аз қадим дар радди пиндори мутакаллимон, ки ҳудус (пайдоиши замонӣ)-ро мутародиф бо эҷод мегирифтанд, […]

Фарқи як равшанфикр бо сиёсатмадор

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Фарқи як равшанфикр бо сиёсатмадор дар ин аст, ки сиёсатмадор ҷомеаро ба шакли як корвоне мебинад, ки бояд онро дуруст роҳбарӣ кунад ва аз он дар муқобили хатарҳои берунӣ ва дуздони сарироҳӣ муҳофизат намояд. Вале як равшанфикр ҷомеаро ба шакли як организми зиндае мебинад, ки […]

Вақте шарти дӯстӣ бо Оли Сауд, душманӣ бо муқовимати Фаластин қарор дода мешавад…

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Оли Сауд ҳамеша саъй мекард, воқеъиятро таҳриф намояд ва ба он ранги мазҳабӣ диҳад. Бинобар ин, бо харҷи сармояҳои ҳангуфт ва роҳандозии шабакаҳои гуногуни таблиғотӣ, тавониста буд зеҳни мардуми мусалмонро олудаи даргириҳои мазҳабӣ намояд ва ба ҷойи марзбандии сиёсии воқеъӣ, як марзбандии дурӯғини мазҳабӣ эҷод […]

Чаро душманонамон моро гӯл мезананд?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Хеле аз мо мусалмонон имрӯз мисли кабк сари худро зери барф кардаем ва гумон мекунем, айбу нуқсонамон ҳам мисли сарамон зери барф рафта ва аз диди мардум пинҳон мондааст. Лутфан сари худро аз зери барф берун кунед ва чашмони худро боз намоед, то бубинед, ки […]

Қуръон ва масъалаи худшиносӣ ва Худошиносӣ

Маҳмудхон Бурҳонов Бе ягон шакку тардид метавон гуфт, ки дар ин мавзӯъ Қуръони Карим болотарин ва охирин сухани мумкинро гуфтааст, ки на пеш аз он ва на пас аз он, ҳеч мактаб ва ё дине ба ин зебоӣ ва зарофат натавониста онро баён кунад. Дар Қуръон ояте ҳаст, […]

Зиёновартарин таҳрифи торих ва масъалаи тазодди илму дин

Маҳмудхон Бурҳонов Дар Таврот таҳрифе воқеъ шудааст, ки ба назар мерасад, дар ҷаҳон ҳеч таҳрифе ба он андоза, ба башар зарба назадааст. Медонем, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар Таврот достони Одам ва биҳишт омадааст. Достон ба ин сурат аст, ки Одам ва ҳамсараш дар биҳишт ҳақ […]

Нақде бар мақолаи “Баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Иқбол” — 1

Ба қалами: Маҳмудхон Бурҳонов Бахши аввал Чанде паш мақолае аз ҷаноби Ҳафиз Холиқзода таҳти унвони “Баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Муҳаммад Иқбол” мунташир шуд, ки муаллиф дар он кӯшидааст, то андешаҳои Иқболро барои ҷомеаи Тоҷикистон хатарнок ва мухарриб ҷилва диҳад ва ба таъбири худи муаллиф, ҳадаф аз навиштани мақола […]

Моҳи асали Раҳмон дар роҳ аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Ҳамон тавр ки бар ҳамагон рӯшан аст, мардуми Тоҷикистон мардуми сиёсӣ нестанд, ва ба иборати дигар, дағдағаҳои сиёсӣ ҳанӯз вориди зиндагии рӯзмарраи мардуми мо нагаштааст. Агар ҳам имрӯз мардуми Тоҷикистон аз ҳукумат норозӣ ҳастанд, ин ба хотири масоили сиёсӣ нест, балки ба хотири масоили иқтисодӣ […]

Хатти сириллик ҷомаест, ки бар тани забони мо дӯхта нашудааст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Бо як гашту гузори мухтасар дар фазои маҷозӣ метавон тарзи тафаккур, сатҳи дониш, завқи ҳунарӣ, биниши сиёсӣ, гароиши мазҳабӣ, дағдағаҳои аслӣ ва салиқаи ғолиби як миллатро ба сурати нисбӣ ва тақрибӣ ба даст овард. Бинобар ин, имрӯз фазои маҷозӣ ба манзилаи витринаи фарҳангӣ ва мадании […]

Секулоризм чист?

Дар ин мақола секулоризм таъриф ва тавзеҳ шуда ва нависанда ба нақди он напардохтааст. Асли мақола аз бону Фотима Козимии Оронӣ аст, ки Маҳмудхон Бурҳонов заҳмат кашид ва онро талхис намуд. Дар рӯзҳои оянда Маҳмудхон дар мақолае ҷуд ба нақди он хоҳад пардохт. Маънои секулоризм дар луғат ва […]

Роҳи наҷот коҳиши молиёт аст, на афзоиши он

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Бар аҳволи он мард бояд гирист, Ки дахлаш нуздаҳ буду харҷаш бист. Дар тӯли ҳукумати беш аз 20-солаи Э.Ш.Раҳмон таъмини иқтисоди мардуми Тоҷикистон комилан бар ӯҳдаи худашон вогузор шуда ва ризқашонро аксаран аз роҳи муҳоҷирати корӣ махсусан аз кишвари Русия ёфта ва зиндагии худро ба […]