Tag: Меҳмоншоҳ Шарифзода

Мо ва болшевикон

Ба қалами Меҳмоншоҳ Шарифов Воқеан болшевикон дар ин сарзамин ҷаҳоне сохтанд, ки он ҷаҳони мо нашуд ва ҷаҳони халқу миллатҳои дар ин иттифоқ буда ҳам нашуд ва аз байн рафт, гуфти Шайх Аттор, “Он қадаҳ бишкасту он соқӣ намонд // Аз ҷамолаш заррае боқӣ намонд.” Ҳуҷуми болшевикон ин […]

Leadership ё сиёсати шутурмурғӣ?

Ба қалами Меҳмоншо Шарифов Роҳбарӣ (leadership) дар ин бӯҳрони куруно дар сатҳи ҷаҳонӣ як маънии калидӣ буд, ҳаст ва мемонад. Зеро нақши роҳбар дар ҳама гуна бӯҳронҳо ҳамеша муайянкунанда буд ва онҳое, ки имрӯз ин чизро мехоҳанд нодида бигиранд ва бесалоҳиятии мақомот ва сиёсат(бе)мадоронро пӯшида нигаҳ доранд, сахт […]

Governmentality ё ҳукуматдорӣ?

Ба қалами Меҳмоншо Шарифов Ин ки ин қавм ё гурӯҳи дар “қудрат” буда вуҷуди “дигаронро” сабру таҳаммул надоранд, мухолифини сиёсиро тоқат надоранд ва ба хотири манфиатҳои худ ба ҳама гуна ҷиноят метавонанд даст задан, аз вижагиҳои бунёдии чунин ҳукумaтанд. Ин падидаест, ки аз шакл гирифтани як мавҷуд ё […]

Паёмбар (с) ва хушунат

Пешгуфторе аз Меҳмоншоҳ Шарифзода бар рисолаи ҷадиди “Муҳаммад (с) ва терроризм”, таълифи Далер Шарифов Ба номи Худованди ҷону хирад Бешак шикасти низоми ҷаҳонӣ дар охири асри гузашта боиси шаклгирии фазои ҷанг, хунрезӣ ва хушунат гардид, ки бештари мардуми бо ном “ҷаҳони сеюм” ин фазо ва ин воқеиятро ҳанӯз […]

Ватан

Ёддошти Меҳмоншоҳ Шарифзода Ватан танҳо ҳарфе нест, ки стратегҳои ин мамлакат аз он идеулужӣ сохтанианд, балки маънии дар як вақт воқеӣ – моддӣ — маънавӣ – абстрактӣ – равониест, ки болои унсурҳо ва таркибҳое шакл гирифтааст. Таркибҳои муҳимме, ки ҳисси ватанро дар вуҷуди як инсон шакл медиҳанд ин […]

Номус ва сиёсат (3)

Ба қалами Меҳмоншоҳ Шарифзода Бахши севвум “Мардуми ин минтақа баъди омадани арабҳо ҳам имкони гуфтугӯи фарҳангиро пайдо карданд ва тавонистанд давлати худро ташкил кунанд. Бубинед, воқеан ҳуҷуми арабҳо ба таърихи гузаштаи ин мардум хотима бахшид, ва онҳо таърихи нави худро оғоз карданд, фарҳанги тоза ва давлатро тавонистанд бунёд […]

Номус ва сиёсат (2)

Ба қалами Меҳмоншоҳ Шарифзода Бахши дуввум “Аз як сӯ, ҳанӯз ҳам қисмати зиёд барои Шӯравии собиқ гиря доранд, ва аз сӯи дигар, қисме “истиқлоли” оилавии худро истиқлоли мамлакат пиндошта, истиқлол ҷашн мегиранд, вале мутассифона дар роҳи мустаҳкам кардани истиқлол нестанд…” * * * Номус бунёди сиёсат ва истиқлол […]

Номус ва сиёсат (1)

Ба қалами Меҳмоншоҳ Шарифзода, файласуф ва ҷомеашинос Бахши аввал “Имрӯз онҳое, ки манфиати шахсии худро болотар аз ҳукмронии қонун, манфиати миллат ва давлат медонанд, онҳое, ки амнияти шахсии худро аз амнияти миллат ва давлат фарқ накардаанд ва дар беамниятии ҷомеа, бенизомии ҷомеа ва беномусӣ барои худ “амният” месозанд, […]

Таназзул ё тараққӣ? (2)

Давлат, фарҳанг ва инкишоф Нақде бар “Инқилоби Фаттоҳзода” Ба қалами: Меҳмоншоҳ Шарифзода, файласуф ва ҷомеашиноси тоҷик Бахши дуввум Масъалаи калидие, ки дар санъати “ҳукмронӣ кардан” бояд баррасӣ шавад, ин масъалаи иқтисод ва истеҳсол аст. Давлатмардон дар дунёи имрӯз дар рақобат дар бозори ҷаҳонӣ бояд технологияи иқтисод ва истеҳсоли […]

Ватандӯстӣ ва ватандорӣ

Ба қалами Меҳмоншоҳ Шарифзода, файласуф ва ҷомеашинос Сӯи бесӯӣ равонем, эйдареғ аз сӯи мо, Кӯи некӯе надорем, эй дареғ аз кӯи мо! (Лоиқ) Ватандӯстӣ қувваи бузург аст, агар воқеан бошад ва аз дурӯғ сохта нашуда бошад. Идеологҳое, ки аз ватандӯстӣ идеология сохтанианд боясти бохабар бошанд, ки ин фазо […]

Таназзул ё тараққӣ? (1)

Нақде бар “Инқилоби Фаттоҳзода” Ба қалами: Меҳмоншоҳ Шарифзода, файласуф ва ҷомеашиноси тоҷик Бахши аввал Ҳамчу кӯзаи дӯлоб ҳар чи зери гардун аст, Ё тараққи оҳанг аст ё таназзуле дорад… (Бедил) * * * Инқилоб дар ҷои холӣ… Падидае, ки имрӯз боиси нигаронист ин заиф шудани қудрати шинохти мардум […]