Метка: Миср

Тарҳи 5-моддаии ҷадиди аъроб барои ҳалли бӯҳрони Қатар

Ҳамзамон бо поён ёфтани мӯҳлати таъйиншуда барои Қатар ҷиҳати посухгӯӣ ба хостаҳои 13-гонаи Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср, бархе манобеи диплумотик аз тарҳи 5-моддаии ҷадид барои ҳалли бӯҳрони Қатар хабар доданд. Ба навиштаи рӯзномаи “Ассиёса”-и Кувайт, Омрико вориди хатти бӯҳрони Қатар шуда, то аз миёнҷигарии Кувайт барои пайдо […]

“Қатар бо хатарноктарин бӯҳрон дар таърихи худ рӯ ба рӯст”

Таҳлили Абдулборӣ Атвон дар Раъюл-явм Қатар дар ҳоли ҳозир бо хатарноктарин бӯҳрони таърихи худ ва ҳамлаи чаҳорҷонибаи Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср рӯ ба рӯст. Ихтилофи фазоянда миёни Қатар бо Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср, баёнгари ҳарҷу марҷ ва ихтилофоти фарогири ҳоким бар минтақаи арабӣ ба вижа бар […]

Арабистони Саудӣ дар ҳоли наздик шудан ба Ихвонулмуслимин

Дар ҳоле ки равобити Арабистони Саудӣ бо Миср дар моҳҳои ахир ба тирагӣ гаройида, манобеи огоҳ эълом карданд, раҳбарони саршиноси ҷамоати Ихвонулмуслимини Миср ахиран дар Дуҳа бо масъулони аршади Саудӣ дидор ва масъалаи наздик шудани дидгоҳҳои ду тарафро баррасӣ карданд. Ва ин дар ҳолест, Арабистони Саудӣ дар замони […]

Мисриҳо хоҳони канорагирии Ассисӣ шуданд

Мухолифони кудето дар Миср дар эътироз ба сиёсатҳои иқтисодии раисиҷумҳури ин кишвар, дар устонҳои мухталиф даст ба тазоҳурот заданд ва хостори барканории Ассисӣ шуданд. Ҳамчунин гурӯҳе аз мухолифони мисрӣ дар баёнияе, мардуми ин кишварро ба иқдом барои сарнагунии давлат даъват карданд; иттифоқоте, ки хабар аз бозгашти таниши сиёсӣ […]

Изҳороти аҷиби Ассисӣ дар бораи зиндагияш

Суханони раисиҷумҳури Миср дар бораи “холӣ будани яхчоли хонааш” бо вокунишҳои густурдае рӯ ба рӯ шудааст. Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алҷазира, суханони Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср дар бораи холӣ будани яхчоли хонааш дар 10 соли гузашта, бо вокунишҳои густурдае дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Абдулфаттоҳ Ассисӣ […]

Муҷрии телевизиюни Миср ба хотири раисиҷумҳур хондани Мурсӣ аз кор барканор шуд

Масъулони мисрӣ муҷрии телевизиюни ин кишварро ба далели истифода аз иборати «оқои раисиҷумҳур» дар хусуси Муҳаммад Мурсӣ боздошт ва аз вай бозҷӯӣ намуданд. Ба гузориши рӯзномаи фароминтақаии Алқудс ал-арабӣ, масъулони мисрӣ фаъолияти бону Муно Шукрӣ, муҷрии телевизиюнии Мисрро ба далели истифодаи ӯ аз иборати «Муҳаммад Мурсӣ, оқои раисиҷумҳур» […]

Сайид Қутб; парчамдори бедории исломӣ

Ба баҳонаи солгарди шаҳодати Сайид Қутб 29 август, солгарди шаҳодати Сайид Қутб аст. Вай дар соли 1966 ва дар ҳамин рӯз, ба дастури Ҷамол Абдунносир, раисиҷумҳури вақти Миср, ба иттиҳоми “тавтиъа барои барандозии ҳукумат” эъдом шуд. Аммо андешаи ӯ ҳаргиз эъдом нашуд. Дар дунёи ислом шахсиятҳои бузурге нидои […]

Economist: “Миср дар остонаи инқилоби ҷадид аст”

Маҷаллаи Economist пешбинӣ кардааст, ки инқилоби ҷадиде дар Мисри бӯҳронзада рух хоҳад дод. Ин маҷалла оғози инқилоби ҷавонона ва хашинтареро дар Миср пешбинӣ мекунад ва менависад: “Ҷавонони Миср, ки миёнгини бекорӣ дар миёни онҳо аз марзи 40 дарсад гузаштааст, фақат бояд яке аз 2 гузина: “муҳоҷират” ва “ифротигарӣ”-ро […]

Муфтии собиқи Миср аз суиқасд ҷони солим ба дар бурд

Телевизиюни Миср рӯзи ҷумъа эълом кард, ки муфтии собиқи ин кишвар аз суиқасд дар Қоҳира ҷони солим ба дар бурд. Телевизиюни Миср гузориш дод, ки ду фарди мусаллаҳи ношинос ба самти Алӣ Ҷумъа, муфтии собиқи ин кишвар, дар минтақаи “6 октябр”-и Қоҳира тирандозӣ карданд. Бар асоси ин гузориш, […]

Писари Мурсӣ ҳукми ҳабси падарашро ботил хонд

Писари Муҳаммад Мурсӣ, ки рӯзи шанбе дуввумин ҳукми ҳабси абади худро дар парвандаи «ҷосусӣ ба нафъи Қатар» дарёфт кард, аҳкоми содира алайҳи падарашро «ботил ва фоқиди эътибор» хонд. Усома Мурсӣ, писари Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, дар гуфтугӯи телефонӣ бо шабакаи моҳвораии «Мукаммилин» дар бораи аҳкоми содиршуда алайҳи падараш […]

Миср дар остонаи инқилобе дигар

Дар ҳоле ки имрӯз дар сар то сари Миср тазоҳурот алайҳи сиёсатҳои Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури ин кишвар шурӯъ шудааст, Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон низ мардуми Мисрро ба ширкат дар ин тазоҳурот даъват кард. Ба гузориши хабаргузории Онотули, Шайх Юсуф Қарзовӣ дар изҳороте гуфт: «Абдулфаттоҳ […]