Метка: нодонӣ

Вақте куруно ҷаҳлу таъассуби моро низ рӯ мекунад

Сайидюнуси Истаравшанӣ Шуюъи куруно дар ҷаҳон, нақсу камбудҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии фаровонеро дар бисёре аз ҷомеаҳо ва системҳо бармало кард, ки пас аз пушти сар гузоштани ин бӯҳрон, қатъан донишмандон ва назарияпардозон маҷбур ба бознигарӣ ва таҷдиди назар дар бисёре аз андешаҳо ва равишҳо дар арсаи […]

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ин пурсиш ҳамеша фикрамро ба худ машғул медошт ва мехостам барояш як посухи дуруст биёбам, ки: чаро тасаввури аксар ба иттифоқи одамҳо — ва ҳатто худи мусалмонон бахусус авомми онҳо — аз ислом, бо он чи манобеъи динии мо аз ислом мегӯяд, фарқ мекунад ва аз […]

Ифрот ва тафрит: ду вежагии боризи нодон

Ҳазрати Алӣ (алайҳис салом) фармояд: لَا تَرَى الْجَاهِلَ إِلَّا مُفْرِطاً أَوْ مُفَرِّطاً “Шахси нодон ҳамвора яке аз ин ду ҳолатро дорад: ё ифрот (тундравӣ) мекунад ва ё тафрит (кундравӣ).” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 70) * * * Шарҳи ин ҳикмат: Инсони оқил ҳамеша бояд мӯътадил бошад, на ифрот кунад ва […]

Муҷозоти шаш гурӯҳ ба хотири шаш хислат

Ҳарчанд ҳамаи гуноҳон накӯҳида аст, аммо дар ин миён бархе гуноҳон бештар мазаммат ва сарзаниш шудаанд. Барои мисол, дар хабари зерин, ки аз ҳазрати Алӣ (а) ривоят шудааст, ба муҷозоти шаш гурӯҳ ба далели доштани шаш хислат ишора шуда: اِنَّ اللّٰهَ یُعَذِّبُ سِتَةً بِسِتَةٍ: الْعَرَبَ بِالْعَصَبِیَّةِ، وَالدَّهٰاقِینَ بِالْكِبْرِ، […]

Нодон

“Нодон касе аст, ки худро ба он чӣ намедонад доно шуморад, ва ба раъю назари худ басанда кунад, ва пайваста аз донишмандон дурӣ кунад ва аз онон айбу эрод гирад ва мухолифони худро бар хато донад ва он чиро нафаҳмидааст, гумроҳкунанда шуморад. Ҳар гоҳ ба матлабе бархӯрад, ки […]