Метка: опозисиюн

Дар Тоҷикистони мо, мувофиқ ҷойи мухолиф нишаста ва мухолиф ҷойи мувофиқ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар Тоҷикистони мо ҳама чиз баръакс аст. Мувофиқ ҷойи мухолиф нишаста ва мухолиф ҷойи мувофиқ. Дар ҷавомеъи дигар, вақте хатаре пеш меояд ва ҷомеаро таҳдид мекунад, ҳокиму ҳукумат “кашмакашу ҷанҷолҳои сиёсӣ” бо мухолифони сиёсии худро, ҳарчанд ба сурати муваққат ва то замони бартараф шудани хатар, як […]

Муллоҷонов: “Фаъолияти мухолифин хеле густариш пайдо кардааст”

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, бо ишора ба баста шудани шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Youtube дар шоми 1-уми октябр барои чанд соат, далели онро густариш пайдо кардани фаъолияти мухолифон донист ва афзуд: “Вақтҳои охир тарғиботи гурӯҳҳои мухолифин, ки дар кишварҳои Урупо ба сар мебаранд, хеле густариш пайдо кардааст. Ин […]

Ин аст маънои он чи ҳамеша мегуфтем, ки опозисиюн мояи пешрафти ҳукуматҳост

Сайидюнуси Истаравшанӣ Имрӯз, вақте Фейсбукро боз кардам, дидам рӯзноманигор Раҷаб Мирзо чунин эълонеро гузошта: “Вазири маориф ва илм ба ҳама саволҳои корбарони “Ахбор барои афкор” посух медиҳад…” Агар иштибоҳ накунам, ин барои аввалин бор аст, ки як вазири ҳукумати Тоҷикистон эълом медорад, ки ҳозир аст ба пурсиши корбарон […]

Магар дар Дортмунд чӣ хабар аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Он чи қарор аст фардо (рӯзи якшанбе, 15 июл) дар Дортмунди Олмон шоҳидаш бошем, ҳамоише аст, ки ҲНИТ ба муносибати солгарди имзои созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон баргузор мекунад; дуруст мисли нишасте, ки соли қабл ба ҳамин муносибат баргузор карда буд. Тамоми достон ҳамин аст. На аз […]

Тағйири токтики ҳукумат; бархоста аз инсоният ё ақибнишинӣ?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Баргардондани баъзе афроди мансуб ба опозисиюни тоҷик тавассути ҳукумат дар ду се моҳи ахир ба дохили кишвар (яке ду нафар аз ҲНИТ ва яке ду нафар ҳам аз Гурӯҳи 24), ва шева ва равиши тозае, ки ҳукумат дар бархӯрди худ бо «афроди бозгашта» иттихоз намудааст – […]

Опозисиюни тоҷик дар соли 2017; дастовардҳо ва нокомиҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар навиштори ҳозир, саъйи нигоранда ин аст, ки ба дур аз ҳар гуна алоқа ба ин ё он гурӯҳи хосси сиёсӣ, ба баррасии вазъи опозисиюни Тоҷикистон дар соли 2017 ва ин ки дар ин сол чӣ дастовардҳое дошта ва дар куҷо комёб ва дар куҷо ноком […]

Мухолифат бо ҳукумат, лузуман ба маънои хостори расидан ба қудрат нест

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар кишвари мо, чунонки бисёре аз мафоҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ воруна тафсиру тавзеҳ шуда (ва мешаванд), мавзеъгириҳо — ба хусус мавзеъгирӣ дар арсаи сиёсат — низ ба мардум ва афкори умумӣ воруна нишон дода мешаванд, он ҳам бештар аз тариқи расонаҳои вобаста ба ҳукумат ва махсусан […]

Роҳи чора кадом аст?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Метавон гуфт, ҳаводиси ҷаҳони араб имрӯз барои диктотурҳои дунё ба як ҷашни пирӯзӣ табдил шудааст. Ва дар ин ҷашни диктотурҳо, намояндаи Тоҷикистон беш аз ҳама пойкӯбӣ дорад. Зеро ин ҳаводис тавре дар ҷаҳони араб рақам хӯрда, ки гуё агар диктотурҳо бар сари ҷойи худ набошанд, ҳатман […]

Раҳмон ва мухолифин

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Яке аз вижагиҳои режими Раҳмон дар тӯли муддати ҳукуматаш, бе гумон ин «мухолифсозӣ» будааст. Албатта, манзур аз «мухолифсозӣ» дар инҷо як маънои хосс аст, ки зимни мутолеаи ин мақола барои хонанда равшан хоҳад шуд. Замони баъд аз имзои созишномаи сулҳ байни ҳукумат ва нерӯҳои мухолиф […]

Оппозисиюн ва нақши он

Ба қалами ЗЕБО Назарова Мухолифони давлатӣ ё оппозисиюн дар истилоҳи сиёсат, ба ҳизб ё гурӯҳ ва маҷмӯаи афрод ва ниҳодҳое гуфта мешавад, ки мухолифи ҳизби ҳоким ва ё гурӯҳҳои ҳоким бар кишварҳо буда ва бо онҳо ихтилофи назар доранд ва дар садади ба даст овардани қудратанд. Аммо фоидаи […]

“Висоли ҳақ” хиёли ҳукумати Тоҷикистонро роҳат кард

Ба назар мерасад, нигаронии давлатмардони Тоҷикистон – чӣ худи ҳукумат бошад ё Маркази исломӣ ва ё Кумитаи дин – аз барномаҳои “вижаи Тоҷикистон”-и шабакаи телевизиюнии “Висоли ҳақ”, ҷо надошта бошад. Зеро агар андаке дар муҳтавои ин барномаҳо ва паёме, ки ин шабака бо иҷрои барномаҳояш мехоҳад ба ҷомеаи […]