Метка: панд

Чаҳор панд аз Мавлоно

Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ Мавлоно гӯяд: “Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ… Гуфт: пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медид ва мерамид. Ӯ мепиндошт, ки […]

Неъматҳое, ки ба қадраш намерасем

(Чанд ҳикмат аз ҳазрати Алӣ (а)) شَیئانِ لایعرِفُ فَضلَهُما إلاّ مَن فَقَدَهُما: الشَّبابُ وَالعافِیةُ “Ду чиз аст, ки қадру қиматашро намешиносад магар касе, ки он дуро аз даст дода бошад: яке ҷавонӣ, ва дигаре тандурустӣ.” الشَّبابُ لا يَعرِفُ قَدرَهُ إلاَّ الشُّيوخُ، وَالعافِيَةُ لا يَعرِفُ قَدرَها إلاَّ أهلُ البَلاءِ، […]

Чанд гуфтори пандомӯз

* Илми хеш ба мардум биёмӯз ва илми дигаронро фаро гир; дар ин сурат, донистаҳоро инфоқ кардаӣ ва надонистаҳоро ёд гирифтаӣ. (Имом Ҳасани Муҷтабо (а)) * Мардум акнун дар хонаи ғафлат ва бехабарӣ бар сар мебаранд; амал мекунанд ва аз натиҷаи он хабар надоранд. Ва чун ба охират […]

Чанд панд аз чанд ҳаким

* Бишр ибни Ҳорис гӯяд: ду сифат мардумро ҳалок карда: ғайбат ва худписандӣ. * Афлотун гӯяд: нодон душмани хеш аст, чӣ гуна дӯсти дигарон мешавад? Он ки ҳимматаш шикам аст, қиматаш фаровардаи он аст. * Аз Дюжан (Diogenes), файласуф ва ҳакими юнонӣ пурсиданд: кадомин сифат саранҷомаш беҳтар аст? […]

Пандҳои ҳакимон

* Ҳакиме гӯяд: оқил бояд ду ойина дошта бошад: дар яке, бадиҳои хеш бинад, то худро ҳақир бибинад ва битавонад айбҳояшро ислоҳ кунад. Ва дар ойинаи дигар, хубиҳои дигарон бинад, то он чӣ битавонад, ба чанг оварад ва худро бад-онҳо биёрояд. * Ду чиз аст, ки то ҳаст, […]

Андарзи ҳакимон

* Аввали ғазаб девонагӣ аст ва охираш пушаймонӣ. * Сахттарин ҷиҳод, набард бо хашм аст. * Аз Афлотун пурсиданд: ба чӣ васила метавон аз душман интиқом гирифт? Гуфт: ба фазлу карам. * Буқрот гуфта: инсоният яъне тавозӯъ дар ҳоли давлат, афв ҳангоми қудрат, саховат ҳангоми тангдастӣ ва атои […]

Панди ҳакимон

* Аз ҳакиме пурсиданд: тавозуъ чист? Гуфт: такаббур бо тавонгарон. (Насоеҳ) * Аҷаб аз касонест, ки бузургӣ мекунанд, бо ин ки ду мартиба аз маҷрои бавл убур кардаанд. (Буқрот) * Аз он қавм набош, ки ошкоро шайтонро лаън кунанд ва дар ниҳон фармонаш баранд. (Буқрот) * Бадтарини зимодорон […]

Аз пандҳои ҳакимон

* Ҳар кӣ айби хеш ҷӯяд, руҳаш пок шавад. * Тамаъ озодро банда мекунад ва қаноат бардаро озод. * Забон ҳаҷмаш кучак ва гуноҳаш бузург аст. * Дӯсти ту касе аст, ки ба ту рост гӯяд, на тасдиқат кунад. * Дар хайр исроф нест, чунон ки дар исроф […]

Чанд панд ва муноҷот аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Дар аҷабам аз касе ки кӯҳро мешикофад, то ба маъдани ҷавоҳир бирасад, вале хешро намековад, то ба даруни худ роҳ ёбад. * * * Илоҳӣ! Ҳар кӣ туро шинохт ва илми меҳри ту афрохт, ҳар чӣ ғайр аз ту буд биандохт… Он кас ки туро шинохт, ҷонро чӣ […]