Метка: Паёмбари Акрам (с)

Биҳишт, подоши касе, ки монеъеро аз сари роҳи мардум бардорад

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар сухане гуҳарбор, подоши бузурги кӯмак ба рафъи мушкили мардум ва бардоштани монеъ аз сари роҳи убури мардумро баён фармудаанд. Ҳазраташ (с) дар ривояте, ки Муслим бо санад аз Абӯҳурайра (р) нақл кардааст, фармуд: لَقَدْ رَأَيْتُ رَجُلاً يَتَقَلَّبُ فِى الْجَنَّةِ فِى شَجَرَةٍ […]

Мавлиди Барзанҷӣ бо садои Шайх Халил Ҳусарӣ

Мавлиди Барзанҷӣ матни манзуме аст аз Ҷаъфар ибни Ҳасан Барзанҷии Ҳусайнӣ (зодаи 1126 ҳиҷрии қамарӣ), муфтии шофеиҳо дар Мадинаи Мунаввара. Ин манзума, ҳам ба лиҳози назм камназир аст ва ба лиҳози мазмун мухтасару муфид. Дар кишварҳои исломӣ аз ҷумла дар Тоҷикистони худамон, дар моҳи Рабиъулаввал — айёми вилодати […]

Ардуғон дар маросими Ҳафтаи мавлуд: “Бидуни амал ба суннати Паёмбар (с), ҷомеаи исломӣ пешрафт нахоҳад кард” (тасовир)

Раисиҷумҳури Туркия дар маросими оғози “Ҳафтаи мавлуди Набӣ (с)” дар Туркия гуфт: “Зиндагии Паёмбари ислом (с) ба унвони манбаъ ва сарчашмаи озодӣ ва андеша бояд мавриди таҳқиқу пажӯҳиши васеъ воқеъ шавад, то насли кунунӣ ва наслҳои оянда битавонанд аз сираи эшон барои пешрафти худ аз он ҳазрат (с) […]

Вежаномаи милоди босаодати ҳазрати Муҳаммад (с)

Мустафоро ваъда кард алтофи Ҳақ: Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ. Ман китобу мӯъҷизатро рофеъам, Бешу кам кунро зи Қуръон монеъам. Ман туро андар ду олам ҳофизам, Тоъинонро аз ҳадисат рофизам. Кас натонад бешу кам кардан дар ӯ, Ту беҳ аз ман ҳофизе дигар маҷӯ. Равнақатро рӯз-рӯз афзун […]

Ривояте дар бораи авзоъу аҳволи мардум дар охируззамон

Аллома Таботабоӣ, соҳиби тафсири гаронмояи “Алмизон”, зайли тафсири ояти 54 сураи Моида, ин ривоятро аз соҳиби тафсири Қуммӣ бо санад (Қуммӣ аз падараш аз Сулаймон ибни Муслими Хашшоб аз Абдуллоҳ ибни Ҷурайҳи Маккӣ аз Ато ибни Абӯриёҳ аз Абдуллоҳ ибни Аббос) нақл карда, ки Ибни Аббос (р) гуфт: […]

Шаклу шамоили ҳазрати Паёмбар (с) дар ривоёт

Мурод аз шамоили ҳазрати Паёмбар (с), вежагиҳои ҷисмонӣ ва мушаххасоти чеҳра ва андоми мубораки он ҳазрат (с) аст, ки дар манобеи ривоӣ ва таърихии мухталиф баён гардида. Мусалмонон, аз садри ислом, илова бар ҳифзу забти гуфтору кирдори ҳазрати Паёмбар (с), ба забту нақли авсофи зоҳирии он ҳазрат (с) […]

Аз дуои мазлум битарсед!

Дар ҳадисе аз Маъоз ибни Ҷабал (р) омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Аз дуои мазлум битарсед, ки байни ӯ ва Худованд ҳеч пардае вуҷуд надорад.” (Ривояти Бухорӣ) Яъне, вақте як мазлум ва ситамдида дуо мекунад, дуои ӯ қатъан мустаҷоб аст. Ва ба ҳамин мазмун Имом Аҳмад аз […]

Насронии ташна

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом) Насронии ташна Имом Содиқ роҳи миёни Макка ва Мадинаро тай мекард. Мусодиф, хидматкори маъруфи Имом низ ҳамроҳи Имом буд. Дар байни роҳ чашмашон ба марде афтод, ки худро рӯи танаи дарахте андохта буд. Вазъ оддӣ набуд. Имом ба Мусодиф фармуд: — Ба […]

Оё ислом фақир буданро ситоиш ва сарватманд буданро мазаммат кардааст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Аллома Аҳмади Дониш дар фасли аввали “Наводирул-вақойеъ”, ки дар бораи муъзали кашмакашҳо ва ҷудоиҳое, ки миёни падарон ва фарзандон ва миёни арӯсҳо ва модаршавҳарҳо – ки маълум мешавад, дар замони ӯ ба унвони як муъзали иҷтимоӣ матраҳ будааст — сухан гуфта ва хостааст, ин муъзалро бо […]

Паёмбар (с); он ҳама азамат ва ин ҳама соддагӣ

Ба баҳонаи солрӯзи Исро ва Меъроҷи Паёмбари Акрам (с) Имшаб (шаби 27 раҷаб), шаби Исро ва Меъроҷи ҳазрати Расули Акрам (с) аст. Ба ҳамин муносибат, лозим дидам порае аз гуфтори марҳум дуктур Алӣ Шариатиро, ки дар бораи он ҳазрат (с) аст, ба самъи хонандагони азизи пойгоҳи Кимиёи саодат […]

Мискин чӣ касе аст?

Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд: “Мискин касе нест, ки ба дари хонаҳои мардум меравад ва яке ду луқма нон ва ё яке ду адад хурмо дарёфт мекунад ва бармегардад. Балки мискин касе аст, ки чизе надорад ва мардум аз ҳоли ӯ огоҳ нестанд, то […]