Метка: Паёмбари Акрам (с)

Моле, ки ба дастат расида оё аз роҳи ҳалол аст ё ҳаром?

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбари Акрам (с) фармуд: “Рӯзгоре фаро хоҳад расид, ки мардум аҳаммият намедиҳанд, ки он чи ба дасташон мерасад аз роҳи ҳалол аст ё ҳаром.” (Ривояти Бухорӣ)

Ҳезумкашӣ кунед аммо гадоӣ накунед

Абӯҳурайра (р) мегӯяд: Расули Худо (с) фармуд: “Ба Худо савганд, ки агар касе аз шумо танобашро бардорад ва бо ҷамъ кардан ва фурӯхтани ҳезум, имрори маъош кунад, ин кор барои ӯ беҳтар аз он аст, ки дасти гадоӣ пеши ину он дароз кунад. Ва тоза он ҳам маълум […]

Анҷоми кори нек ва худдорӣ аз кори бад, садақа аст

Абӯмӯсо (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд: “Садақа бар ҳар мусалмон фарз аст.” Саҳоба гуфтанд: — Эй Паёмбари Худо! Агар касе чизе надошт, чӣ кунад? Он ҳазрат (с) фармуд: “Кор кунад, то ҳам ба худаш нафъ бирасонад ва ҳам ба дигарон садақа диҳад”. Дубора пурсиданд: — […]

Амале, ки соҳибашро вориди биҳишт месозад

  Абӯаюби Ансорӣ (р) ривоят мекунад, ки: шахсе назди Расули Худо (с) омад ва арз кард: — Эй Расули Худо! Амале ба ман муаррифӣ кунед, ки маро вориди биҳишт созад. Яке аз ҳозирон гуфт: — Чӣ мехоҳад? Чӣ мехоҳад? Расули Худо (с) фармуд: — Ниёзе дорад, чӣ мехоҳад. […]

Илм чӣ гуна аз байн меравад?

Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) мегӯяд: аз Расули Худо (с) шунидам, ки фармуд: “Худованд илмро аз синаи бандагони худ маҳв намекунад, балки бо вафоти уламо онро аз байн мебарад. Ва вақте, ки уламо аз байн рафтанд, мардум ҷоҳилонро раҳбари худ қарор медиҳанд ва масоили худро аз онҳо […]

Нишонаҳои қиёмат аз забони Паёмбари Акрам (с)

Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст, ки ҷаҳлу нодонӣ фарогир хоҳад шуд ва илму дониш аз байн хоҳад рафт. Ва зино ва шаробхорӣ ошкору аланӣ анҷом хоҳад гирифт.” (Ривояти Бухорӣ) Ҳамчунин Анас ибни Молик (р) мегӯяд: […]

Ҳалол, ҳаром ва умури шубҳанок

Нӯъмон ибни Башир (р) мегӯяд: шунидам, ки Расули Худо (с) фармуд: “Ҳарому ҳалол ҳар ду возеҳ ва ошкоранд (мушаххас ҳастанд). Ва дар миёни ҳалолу ҳаром, умури муштабаҳе (шубҳаноке, яъне маълум нест ҳалол ҳастанд ё ҳаром) вуҷуд дорад, ки бисёре аз мардум онҳоро намедонанд. Ҳар кас аз онҳо парҳез […]

Шогирди баззоз

(Панҷ ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом) Шогирди баззоз Шогирди ҷавони баззоз (порчафурӯш) бехабар буд, ки чӣ доме дар роҳаш густарда шуда. Ӯ намедонист ин зани зебову муташаххис, ки ба баҳонаи хариди порча ба мағозаи онҳо рафту омад мекунад, ошиқи дилбохтаи ӯст ва дар қалбаш тӯфоне аз ишқу ҳавасу […]

Пули бобаракат

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом) Пули бобаракат Алӣ ибни Абӯтолиб аз тарафи Пайғамбари Акрам (с) маъмур шуд ба бозор биравад ва пероҳане барои Пайғамбар бихарад. Рафт ва пероҳане ба дувоздаҳ дирҳам харид ва овард. Расули Акрам пурсид: — Инро ба чӣ маблағ харидӣ? — Ба дувоздаҳ дирҳам. […]

Нигоҳе ба ҷойгоҳи зан дар гуфтору рафтори ҳазрати Муҳаммад (с) – 2

Бахши дуввум 7) Биҳишт зери пойи модарон: Ибни Моҷа дар ҳадисе саҳеҳ аз Муовия ибни Ҷоҳима ривоят кардааст, ки гӯяд: أَتَيْتُ رَسُولَ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم فَقُلْتُ يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنِّى كُنْتُ أَرَدْتُ الْجِهَادَ مَعَكَ أَبْتَغِى بِذَلِكَ وَجْهَ اللَّهِ وَالدَّارَ الآخِرَةَ. قَالَ: وَيْحَكَ أَحَيَّةٌ أُمُّكَ. قُلْتُ نَعَمْ. […]