Метка: Русия

29 сарбози туркияӣ дар Идлиб кушта шуданд

Устондори Ҳотойи Туркия аз кушта шудани 29 сарбози ин кишвар бар асари як ҳамлаи ҳавоӣ дар устони Идлиби Сурия хабар додааст. Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, вобаста ба муъоризони сурӣ, бомдоди ҷумъа аз кушта шудани 34 сарбози Туркия дар устони Идлиби Сурия хабар дод. Аммо устондори Ҳотой, ки бо […]

Муовини Шӯрои муфтиёни Русия: “Мусалмонон алайҳи муомилаи қарн басиҷ шаванд”

Муовини Шӯрои муфтиёни Русия эълом кард: “Ҳамаи мусалмонон муваззаф ба ҳимоят аз Фаластин дар баробари “муомилаи қарн” ва муқобила бо ин тарҳи омрикоӣ ва саҳюнистӣ ҳастанд.” Дамир Муҳиддинов рӯзи якшанбе (16 феврал) дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ирно, бо баёни ин ки “муомилаи қарн” комилан ба нафъи Исроил ва […]

Эҳзори сафири Русия дар Лаҳистон // Путин Лаҳистонро ба ҳамдастӣ бо Ҳитлер муттаҳам кард

Вазорати хориҷаи Лаҳистон рӯзи гузашта (ҷумъа, 27 декабр) сафири Русия дар ин кишварро эҳзор кард. Ин иқдом дар эътироз ба изҳороти ахири Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия сурат гирифта буд, ки дар он, Путин Лаҳистонро ба ҳамдастӣ бо Ҳитлер муттаҳам ва масъули шурӯи ҷанги ҷаҳонии дуввум унвон карда буд. […]

Аслитарин монеъ барои гузор ба дабираи порсӣ дар Тоҷикистон чист?

Дар ҳоле, ки талоши зиёде аз сӯи Тоҷикистон барои бозгашт ба дабираи порсӣ сурат гирифта ва иттифоқи назар низ миёни нухбагони ин кишвар дар ин замина вуҷуд дорад, аммо ба назар мерасад дабираи русӣ бо пуштибонии сиёсии Маскав, омили аслии адами муваффақияти ин талошҳо будааст. Ба гузориши Tasnimnews, […]

Мудири Фейсбук: “Пеши роҳи дахолати Эрон ва Русия дар интихоботи 2020-и Омрикоро мегирем”

Ширкати Фейсбук дирӯз эълом кард, ки сафҳаҳои корбарии шабакаеро, ки аз дохили Эрон фаъолият мекард, бастааст. Морк Сукерберг (Mark Zuckerberg), мудири Фейсбук дар мусоҳибае муддаӣ шуд, ки Фейсбук ҷилави дахолатҳои эҳтимолии Эрон ва Русия дар раванди интихоботи 2020-и Омрико аз тариқи ин шабакаро гирифтааст. Морк Сукерберг дар мусоҳибае […]

Русия ва Арабистони Саудӣ беш аз 30 санади ҳамкорӣ имзо карданд

Дар ҷараёни музокироти раисиҷумҳури Русия ва подшоҳи Арабистони Саудӣ беш аз 30 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид. Дидори Владимир Путин ва малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар кохи подшоҳии Риёз баргузор шуд ва дар ҷараёни он, асноди ҳамкорӣ ба арзиши беш аз 2 милёрд дулор […]

Интихоби Аълоҳазрат: тоҷикон аз Раҳмоновҳо кадом якро интихоб мекунанд?

Имрӯз ҳеч кас наметавонад бигӯяд, Эмомалӣ Раҳмон чӣ бозиеро анҷом хоҳад дод. Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Regnum Тоҷикистониён дар соли оянда раисиҷумҳур ва низ намояндагони порлумони кишварро интихоб хоҳанд кард. Баҳсу гуфтугӯҳо, агарчӣ доғ нестанд, аммо бештар дар меҳвари интихоби раисиҷумҳури оянда доиранд. Ба сухани дигар, баҳсу гуфтугӯ […]

Ханҷари Тромп дар пушти ҳампаймононаш

Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо тасмими ногаҳониаш мабнӣ бар хуруҷ аз шимоли Сурия чӣ басо ҳадияи масмумеро ба раисиҷумҳури Туркия дода ва Ардуғон артишашро вориди доме бисёр хатарнок кардааст, ки хуруҷ аз он барояш бисёр душвор мебошад. Таҳлили Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм Бисёреҳо Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро ба […]

Боздошти хабарнигори рус дар Теҳрон ба иттиҳоми ҷосусӣ барои “Исроил”

Юлиё Юзик (Юлия Викторовна Юзик), бонуи рӯзноманигори рус ва хабарнигори собиқи рӯзномаи “Комсомольская парвда” ба иттиҳоми ҷосусӣ барои “Исроил” дар Эрон боздошт ва муҳокима шуда ва хатари 10 сол ҳабс ин хабарнигорро таҳдид мекунад. Ба гузориши “Спутник”, Мориё Зохорово, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия, зимни таъйиди ин хабар гуфтааст, […]

Кабирӣ дар ҳошияи изҳори назари Лавров: “Ҳукумати Тоҷикистон ҳатто дар минтақа низ ба инзиво рафтааст”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ишора ба изҳори назари ахири Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, хотирнишон кард: “Вақте як масъули баландпояи Русия чунин мавқеъгирӣ мекунад, ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳатто дар минтақа низ вориди як марҳилаи душвор шудааст; дар минтақа ҳам ба […]