Метка: рӯза

Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт!

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт, Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт! Моҳи мубораки Рамазон ҳам поён ёфт. Моҳе, ки инсон агар хуб аз он истифода кардааст, ба инсон будани худ пай бурдааст. Моҳе, ки инсон агар нек аз ин фурсат баҳра гирад, хоҳад […]

Як таҷруба кунед, таҷрубааш маҷҷонист

Сайидюнуси Истаравшанӣ “Ман дар намозхонае нишаста будам ва дар ҳамон ҳин, ки аз лаззати дуо баҳраманд мешудам, баногаҳ дар андарунам гармое хушоянду аҷиб эҳсос мекардам. То муддатҳои мадид ҳайрон будам, ки ин гармо аз куҷо меояд, то ба таҷриба омӯхтам, ки аз ҷониби Холиқ аст, на махлуқ, ва […]

Кабирӣ: “Сабаби аслии гаронии нархҳо ришваситонии мансабдорон, баландии андозҳо ва пардохти гумрукӣ аст”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, зимни табрики фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тоҷикистониён, ба болоравии нархҳо дар арафаи идҳо ишора кард ва гуфт: “Ҷои таассуф аст, ки мақомот, расонаҳо ва бархе аз мардум болоравии нархҳоро дар арафаи идҳо бар дӯши соҳибкорон гузошта, онҳоро ба “киматфурӯшӣ” ва “беинсофӣ” муттаҳам […]

Паёми табрикӣ ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон

Фардо (душанбе, 6 май) рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон аст. Худойро сипосгузорем, ки имсол низ тавфиқи дарки моҳи мубораки Рамазонро насибамон кард; моҳе, ки тибқи фармудаи Паёмбари азимушшаън: “аввалаш раҳмат аст, миёнааш мағфират ва поёнаш раҳоӣ аз оташи дӯзах”, яъне дар даҳ рӯзи аввали ин моҳи пурбаракат раҳмати […]

Аҳкоми рӯза

Аз китоби Фиқҳус-сунна Фазилати рӯза Ақсоми рӯза Фазилати моҳи Рамазон ва фазилати аъмоли хайр дар он моҳ Аз чӣ роҳе фаро расидани моҳи Рамазон маълум мешавад? Бар чӣ касоне рӯзаи Рамазон воҷиб аст? Аркони рӯза Чӣ касоне муҷозанд дар Рамазон рӯза нагиранд, вале қазои он бар онҳо воҷиб аст? […]

Оё нишастани мард назди зану фарзандаш маҳбубтар аз эътикоф дар масҷид аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ду рӯз пеш, яке аз корбарон дар шабакаи маҷозӣ, матлаберо ба ин мазмун бароям матраҳ кард, ки ҷое хонда ё шунидааст, ки дар ривояте ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармудаанд, нишастани мард назди зану фарзандаш, маҳбубтар аз эътикоф дар масҷид аст. Ӯ хост, агар чунин ҳадисе ҳаст, […]

Меҳмони туам, эй ҷон, зинҳор махусб имшаб

Шаби қадр аз забони Мавлоно Дар ашъори шуарои порсигӯ намунаҳои қобили таваҷҷӯҳе аз ишороти эшон ба шаби қадр вуҷуд дорад. Бештарин ва дилкаштарини ашъор дар санои рамазон ва рӯзаро дар шеъри Мавлоно метавон ёфт. Ба ҳамон қиёс, бештарин ашъоре, ки дар он зикре аз шаби қадр рафтааст низ, […]

Ҳамаи мо дар ин моҳ ниёз ба «таҷдиди ҳаёт» дорем

Сайидюнуси Истаравшанӣ Одамизод мавҷуди аҷибу ғарибе аст. Фаришта нест, аммо метавонад мақоме болотар аз фариштаҳо дошта бошад. Ҳайвон нест, аммо метавонад ҷойгоҳе пойинтар аз пасттар аз чорпоён дошта бошад. Агар Худованд ӯро дар ҷойе ба унвони ҷонишин ва халифаи худ дар рӯйи замин муаррифӣ карда ва аз малоика […]

Хӯрокиҳои моҳи Рамазон дар кишварҳои мухталифи дунё (тасовир)

Суфраи ифтор дар ҳар кишваре баёнгари навъи хоссе аз фарҳанги мардуми он кишвар аст. Дар Тоҷикистон масалан Рамазон бо нишолло рангу бӯи дигаре мегирад. Ба ҳар ҳол, дар аксари кишварҳои исломӣ беҳтарин ғизоҳо дар ҳамин айём сарф мешавад. Инак, нигоҳе меандозем ба суфраи ифтор дар бархе аз кишварҳои […]

«Мусалмон нестам, аммо рӯза мегирам»

Як намояндаи порлумони Конодо эълом кард, бо вуҷуди мусалмон набудан, барои дуввумин соли паёпай рӯза мегирад. Ба гузориши Huffingtonpost, як намояндаи порлумони Конодо дар ҷаласаи ҳафтагии порлумони ин кишвар эълом кард, бо вуҷуди он ки мусалмон нест, барои он ки гуруснагии фуқароро дар сатҳи ҷаҳон беҳтар дарк кунад, […]

Чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунанд

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (14) Чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунанд, ду навъанд: а) Он чи ки рӯзаро ботил мекунад ва фақат қазои он воҷиб аст; б) Он чи ки рӯзаро ботил мекунад ва илова бар қазои он, каффора ва товони он низ воҷиб аст. Инак, баёни чизҳое, […]