Метка: Сайидюнуси Истаравшанӣ

Далели ҷаззобияти Маснавии Мавлоно

Сайидюнуси Истаравшанӣ Оё медонем, чаро Маснавӣ ҷаззоб аст? Чаро ҳар касеро, ки онро бихонад ва бифаҳмад, ба худ ҷазб мекунад ва шефтаи худ месозад? Ба ҳадде, ки на танҳо як мусалмонро, балки ғайримусалмон аз масеҳиву яҳудиву бутпарасту мулҳиду ғайраро низ, ва дар як калом, инсон аз он назар, […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Имом Ҳасани Муҷтабо

Имом Ҳасани Муҷтабо, нури дида ва набераи мукаррами ҳазрати Паёмбар (с), дар нимаи Рамазони соли севвуми ҳиҷрӣ яъне ҳамин рӯз зода шудаанд. Ба ҳамин муносибат, шоиста дидам шаммае дар бораи он ҳазрат бинависам. 1) Таваллуд: Ибни Асокир дар “Таърихи Димишқ” бо санад аз бону Савда бинти Мушарраҳ овардааст, […]

Чанд нукта перомуни тавҷеҳоти бархе муллоҳо аз “фатвои” ахири Эмомалӣ Раҳмон

Сайидюнуси Истаравшанӣ “Фатвои” ахири раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мабнӣ бар ин ки “дар осори донишмандони фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст, шахсоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд, аз ҷумла кишоварзон ва коргарони коргоҳу корхонаҳо рӯза нагирифтанашон мумкин аст”, ҳамон тавр ки пештар ҳам ишора карда будам, дуруст нест. Ва фаҳми нодуруст […]

Ду се нуктаи ҷолиб аз Аҳмади Дониш

Ҳузне, ки куффоррост, ъушри ъашири он (яъне аз даҳ яки он) аҳли имонро нест Аллома Аҳмади Дониш дар “Наводирул-вақойеъ” он ҷо, ки аз сафари худ ба ҳамроҳи чанд нафар ба Русия ва боздид аз Сан-Петерзбург ва ширкат дар базму маросимҳои наздикони имперотури Русия мегӯяд ва ин ки чӣ […]

Ин ҷиноят бе посух намемонад

Хабарҳое, ки аз дохили Тоҷикистон мерасад бисёр нигаронкунанда аст. Умедворем кишвари азизамон бо камтарин хасорат, аз ин бӯҳрон берун ояд ва ҳатто “хушбинонатарин” сенориюи Бонки ҷаҳонӣ дар робита бо вазъияти куруновирус дар Тоҷикистон, ҷомаи амал напӯшад, то чӣ расад ба “бадтарин”-и он. Бонки ҷаҳонӣ дар як таҳқиқи 49-сафҳаии […]

Андар ҳикояти “пневмония”

“Илтиҳоби шуш” ё “пневмония” имрӯзҳо дар кишвари мо худаш як достоне шуда. Ва бо ин ки ҳамагон медонанд ва ҳатто худи мақомот низ медонанд, ки куруновирус дар ҷомеаи мо шуюъ пайдо карда ва ҳар рӯз қурбонӣ мегирад, аммо исрор доранд бигӯянд ин маргу мирҳо, ки шоҳидаш ҳастем, ношӣ […]

#Фикр_мекунӣ_кӣ_ҳастӣ?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Чанд рӯз пеш гузорише дар Euronews нашр шуд дар бораи вокуниши бисёр тунди жопуниҳо ба видеое, ки нахуствазирашон яъне Шинзо Обе, дар сафҳаи твиттери худ гузоштааст. Дар ин видео, ки оқои Шинзо Обе аз худ мунташир карда, дида мешавад, ки ӯ рӯи сандалӣ нишаста, чой менӯшад, […]

Таҷрибаи як рӯзадор дар моҳи Рамазон, беҳтарин далел бар ҳаққонияти дин

Дар китоби “Ақл ва эътиқодоти динӣ” аз забони як обид овардааст: “Ман дар намозхонае нишаста будам ва дар ҳамон ҳин, ки аз лаззати дуо баҳраманд мешудам, баногаҳ дар андарунам гармое хушоянду аҷиб эҳсос мекардам. То муддатҳои мадид ҳайрон будам, ки ин гармо аз куҷо меояд, то ба таҷриба […]

Дар ин рӯзҳои сахт қадре гӯш ба Саъдӣ супорем

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Саъдӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ Гарат ақлу рой асту тадбиру ҳуш, Ба иззат кунӣ панди Саъдӣ ба гӯш. Панду андарзҳои Саъдӣ пас аз чандин қарн ҳанӯз тоза ва коромад ҳастанд. Бисёре аз онҳоро гӯӣ Саъдӣ барои ин замона навишта. Дар ин рӯзҳои сахти куруноӣ, Шайхи Аҷалл, […]

“Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост”

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ҳафтае, ки гузашт, меҳвари ахбору гузоришҳои расонаҳои тоҷик ва низ баҳсу гуфтугӯҳои корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ду ҷавон буданд: яке, рӯзноманигор Далер Шарифов, ва дигаре писари раисиҷумҳури кишвар Рустами Эмомалӣ. Баҳсу гуфтугӯҳо дар мавриди Далер Шарифов, дар бораи зиндонӣ шудан ё нашудани ӯ буд, вале […]