Метка: Сайидюнуси Истаравшанӣ

«Дигарҳаросӣ» дар тарозуи ақл ва дин

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳамаи мо вожаи Phobia-ро шунидаем ва то ҳудуде низ бо маънои он ошно ҳастем. Phobia дар луғат ба маънои «нафрат ва ҳароси беморгуна» аст. Ва дар истилоҳи равоншиносӣ, ба «тарсу ҳароси муфрит ва ғайри мантиқӣ аз як чиз ё мавқеият ва шароити хосс» итлоқ мешавад. Тибқи […]

Чаро роҳи ҳалле барои ҷилавгирӣ аз падидаи шуми худкушӣ дар ҷомеа ироа намешавад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бар асоси гузориши расонаҳо, Зӯҳро Маҳмуродова, бонуи 25-сола сокини деҳаи Дӯстии (собиқ Қаратош) шаҳри Норак, ҳамроҳ бо чаҳор фарзандаш худро ба дарё андохта ва ҳамагӣ ба ҳалокат расидаанд. Ин фоҷеа рӯзи ҷумъа 5-уми феврал рух додааст. Ин барои бори аввал нест, ки бонувони ҷавони тоҷик худро […]

Опозисиюни шарқӣ ва опозисиюни ғарбӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Тафовути ғарбу шарқ на танҳо дар ҳукуматҳо ва низомҳои ҳоким дар онҳо зоҳир мешавад, балки ҳатто дар опозисиюнҳои онҳо низ ба чашм мехӯрад. Албатта, манзурам аз шарқ ҳамаи шарқ нест, чунонки муродам аз ғарб тамоми ғарб нест. Он чӣ имрӯза дар ғарб ниҳодина ва ба як […]

Чӣ кор кунем, то дигар даст ба гуноҳ назанем?

Номаи яке аз ҷавонони азизамон имрӯз бароям бисёр такондиҳанда буд. Ӯ навиштааст: «Салом, ман як нафар муҳоҷири аз ватан дур дар Питер ҳастам. Ба шумо як савол доштам. Ман як бандаи гунаҳкор, ба сӯи Худо баъди ҳар гуноҳи кардагиям тавба мекардам, аммо боз тавба мешикастам. Оё боз тавба […]

Оё мо башари қарни 21 нестем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Қарне, ки мову шумо дар он зиндагӣ мекунем, қарни 21 аст. Башар дар қарни 20 ва оғози 21, бо вуҷуди тамоми ҷангҳо ва хунрезиҳояш – ки гуфта мешавад, беш аз ҳар замоне дигар шоҳиди ҷангу хунрезӣ буда – аммо дар баробари он, беш аз ҳар давроне […]

Қонуни ҷангал

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҷаҳони имрӯз ҷангал аст ва қавонини ҳоким дар он, қавонини ҷангал. Созмони Милал ва муассисаҳои таҳти амраш чизе ҷуз ниҳодҳое вобаста ба чанд абарқудрат нестанд. Ва кишварҳои абарқудрат ба навбаи худ аммо ба дунболи таъмини манофеъ ва масолеҳи худашон ҳастанд. Ҳуқуқи башару демукросиву адолату ин қабил […]

То замоне ки хаттамон сириллик аст, бемор мемонем

Дар ду се моҳи ахир чанд матлаб дар расонаҳо мунташир шуд, ки ҳамагӣ як ҳадафро дунбол мекарданд. Ва он, зери суол бурдани талошҳои шуморе аз донишмандони азизамон дар эҳёи хат ва забони модарии мо тоҷикон аст. Албатта, ин матолиб (ки бархе аз онҳо дар шакли мусоҳиба ва гуфтугӯст) […]

Ҳукми шароб дар Ислом

Агарчӣ ҳукми хамр (шароб) дар ислом барои мусалмонон маълум аст, аммо чун шубҳаҳое аз тарафи иддае ноогоҳ ба масоили шаръӣ, дар бораи ҳукми он пароканда мешавад, лозим дидам ба ин шубҳаҳо посух бинависам. Шубҳаҳое аз ин қабил, ки: 1. Оё дар Қуръони Карим ҳукми хамр ба ин сурат, […]

Мо куҷоем?

Имрӯз Тоҷикистон дар як марҳилаи бисёр ҳассос қарор дорад. Аммо мо чун дар даруни ин марҳила ҳастем, ҳассосияти он чандон бароямон малмус нест. Бо гузашти андак замон, хоҳем донист, ки ин марҳила чӣ марҳилае будааст. Шояд бо гузашти ҳудуди 10 сол, масалан, бароямон рӯшан шавад. Ҳассосияти ин марҳила […]

Даст марезод ҷаноби Ҳикматулло Насриддинов!

Шояд тааҷҷуб кунед, вале бо пешниҳоди ҷаноби Ҳикматулло Насриддинов мабнӣ бар ин ки Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамеша раисиҷумҳури Тоҷикистон боқӣ бимонад, комилан мувофиқам. Ва истидлоле ҳам, ки ҷаноби Насриддинов дар ин хусус оварда, дуруст ва муваҷҷаҳ аст. Эшон гуфтааст: «Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз гузаронидани интихоботҳо бениёз мешавад […]