Метка: Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чӣ касе кӯтоҳ меояд: қавӣ ё заъиф?

Ба баҳонаи зодрӯзи устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳар аз гоҳе бо дӯстон дар бораи ҳодисаҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон ва сулҳу созише, ки баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, баҳсу гуфтугӯ мекунем. Дар бештари ин гуфтугӯҳо, вақте сухан аз нуқоти заъфу қуввати тарафайни он даргириҳо — […]

Bollywood ва мусалмонҳаросӣ дар Ҳинд

Сайидюнуси Истаравшанӣ Охирин ҳузурам дар Тоҷикистон соли 2010 буд, ҳудуди ду ҳафта дар кишвар ҳузур доштам. Чанд рӯз дар зодгоҳам Истаравшан ва чанд рӯз ҳам дар Душанбе. Фазои кишвар дар он замон, комилан “туркӣ” буд. Ҳар ҷо, ки мерафтам, сухан аз сериёлҳои туркӣ ва “қаҳрамононаш” мерафт, ҳатто дар […]

Инқилоби фарҳангӣ дар Ӯзбакистон

Ба қалами Азиз Нақибзод Эҳсос кардам, ки мардуми Ӯзбакистон ҳам он қадар алоқаманди китоб нестанд. Мардуми шаҳрҳояш шояд каме бештар аз мо ба китоб таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман, мардуми шаҳрии қазоқу қирғиз дар китобхонӣ аз мо тоҷикон ва ӯзбакҳо пештар рафтаанд. Аммо маълум мешавад, ки […]

Ояндаи Афғонистон ва 3 сенориюи пеши рӯ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Баъд аз савганди ҳамзамони ду нафар ба унвони раисиҷумҳури Афғонистон, агарчӣ бисёр душвор аст пешбинӣ кард, ки чӣ хоҳад шуд, вале се сенорию ба назар мӯҳтамал мерасад: 1) Сенориюи аввал: такрори ҳамон чизе, ки пеш аз ин буд. Яъне, Ашраф Ғанӣ ба унвони раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ […]

Мирзиёев ва ислоҳот дар Ӯзбакистон

Ёддошти Азиз Нақибзод Агар чашм нарасаду қудратҳои ҷаҳонӣ рашкашон наояд ва ба сиёсатҳои Ӯзбакистон дахолат накунанд, дар солҳои наздик шоҳиди рушди чашмгири кишвари ҳамсоя хоҳем шуд. Шарти инсоф аст, ба гардан бигирем, ки пойдевори рушди иқтисод ба хусус истеҳсолотро дар Ӯзбакистон президенти собиқаш Ислом Каримов гузошта буд. Каримов […]

Яке ду сухан бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи интихоботи ахир

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид ва натоиҷаш ҳам эълон шуд; натоиҷе, ки касе ғайри онро интизор надошт. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сусиёл-демукрот (ҲСДТ) – ки таваққӯъ дошт ҳизбаш дорои чанд курсӣ мешавад – тасреҳ кард, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифта. Шокирҷон Ҳакимов, муовини эшон ҳам, дар […]

Ҷаласа яъне ҳадар додани вақт, роҳи ҳалле вуҷуд дорад?

Ду гуна кор дорем: навъи аввал, ки шомили анвоъу ақсоми корҳое аст, ки коргарону кормандони зердаст анҷом медиҳанд, ва навъи дуввум, ки махсуси мудирону масъулон аст: “ҷаласа рафтан”. Ҳар иттифоқе, ки меафтад, аввалин чизе, ки мешунавем ин аст, ки ҷаласаҳое баргузор хоҳад шуд. Аммо ҷаласа, чунонки медонед, яке […]

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ин пурсиш ҳамеша фикрамро ба худ машғул медошт ва мехостам барояш як посухи дуруст биёбам, ки: чаро тасаввури аксар ба иттифоқи одамҳо — ва ҳатто худи мусалмонон бахусус авомми онҳо — аз ислом, бо он чи манобеъи динии мо аз ислом мегӯяд, фарқ мекунад ва аз […]

Суннати илоҳӣ сиёҳу сафед намешиносад // Вақте як ҳамоқат бо ҳамоқате дигар рӯ ба рӯ мешавад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар оғозин рӯзҳое, ки вируси куруно гиребонгири мардуми Чин шуд ва хабараш дар дунё печид, шуморе аз мо, мусалмонон — бо камоли таассуф албатта – “табли шодӣ” задем ва гуфтем, Худованд дар ҳоли муҷозоти “худобехабарони чинӣ” ба хотири зулму ситамҳое аст, ки бар мусалмонон раво медоранд. […]

Чаро 23 феврал?

Агар қарор аст аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ ба кишваре ишора шавад, ки бештарин саҳм дар ба мерос бурдани осору нишонаҳои низоми кумунистии Шӯравии собиқро дорост, бешак бояд аз Тоҷикистон ном бурд. Он ҳам, бо камоли таассуф, на мероси моддии он, балки мероси “маънавӣ”-аш. Тоҷикистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди […]