Метка: Сайидюнуси Истаравшанӣ

“Кайфа такуну ювалло ъалайкум”

Худованд, чунон ки дар низоми хилқат тавозун барқарор карда ва агар ин тавозун набуд, зиндагӣ дар рӯйи замин мухтал мешуд, зоҳиран дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии башар ҳам навъе тавозун барқарор кардааст. Тавозун дар хилқат мисли он чӣ дар амали танаффуси мавҷудоти зинда дида мешавад. Наботот диаксиди карбун […]

Чаро женерол “шӯриш” кард? Ба ӯ чӣ намерасид?

“Шӯриш”-и женерол Абдуҳалим Назарзода агар аз як сӯй баҳонае шудааст барои бастани ҲНИТ дар назди мақомот, аз сӯйи дигар аммо маҷоле гардида барои бисёреҳо дар Тоҷикистон — аз муфтиву муллоҳову ба ном рӯшанфикрону нависандаҳову шоирону ғайра — барои изҳори алоқа ва вафодории бештар, чарбзабонӣ, чоплусӣ ва тамаллуқ ба […]

Дурӯғи бузург

Билофосила пас аз поён ёфтани амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ва саркӯб ва аз байни бурдани гурӯҳи женерол Абдуҳалим Назарзода дар Ромит, додситонии кулли кишвар эълом кард, пушти сари ин “шӯриш” Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва шахси раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ қарор доштааст. Гузашта аз бегонагон […]

Талх аст, аммо бояд гуфт

Иддаъо надорам, аммо аз миёни тоҷикҳо шояд касе беҳтар ва бештар аз банда бо кишвари Сурия ва бофти ҷамъиятии он ва низ бо низоми ҳокимаш ошно набошад. Дар ин кишвар ҳудуди 8 сол зиндагӣ кардаам, аз соли 2001 то 2009, замоне ки ҳамгом бо таҳсил дар риштаи фалсафаи […]

Ба Шуштар заданд гардан мисгаре

Имрӯз дар пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ ду матлаб хондам, ки ҳар ду дардовар ва таассуфангез буданд. Яке, гузорише аст таҳти унвони “Духтари Назарзода аз боздошт раҳо шуд”, ва дигаре, “Сурия рафту барнагашт…”ҷиҳоди”-ҳо ҳамсарони худро хор карданд”. Ин ду гузориш дар воқеъ аз вуҷуди як фарҳанги бисёр ғалат ва […]

“Ҳаққи мағлуб” ва “ботили ғолиб”

Мо одамон мавҷудоти аҷибу ғарибе ҳастем. Ҳамеша будан бо ботилро бар будан дар канори ҳақ тарҷеҳ додаем, аз замони Одам ва то Хотам ва то ба имрӯз ва шояд то ба қиёмат. Чаро ки ё аз басират ва биниши лозим барои ташхиси ҳақ аз ботил бархӯрдор нестем, ки […]

Ниёиш

Худоё! Аз Ту мехоҳам аз се неъмати бузургат ҳаргиз маҳрумам насозӣ: Неъмати ОГОҲӢ, неъмати БАСИРАТ ва неъмати ДАРД. ОГОҲӢ ба худам, ОГОҲӢ ба Ту ва ОГОҲӢ ба ҷаҳон; Худоё! Чунон БАСИР ва БИНОЯМ кун, ки битавонам дурустро аз нодуруст, ҳақро аз ботил, ростро аз дурӯғ, дӯстро аз душман […]

Дуо

Худоё! Ба ту паноҳ мебарам аз ҳангоме, ки ба хотири ҳаёти ором ва бе дарди сар, ҳозир ба қабули ҳар навъ зиллат ва хорӣ бишавам! Агар дар боқии умр, дар сарнавиштам ва пешониам, замоне навишта шудааст, ки дар он ҳозир бошам барои зиндагии ором ва бе дарди сар, […]

“Золим аз мазлум бошад, шиква чист”

Зарбулмасал мегӯяд: “Золим аз мазлум бошад, шиква чист”. Яъне, агар золим ва ситамгаре ҳаст, аз сустии худамон аст. Аз сустии одамизод гурги одамхӯр пайдо мешавад. Кӯтоҳӣ ва мудорои беш аз ҳадди худи одамӣ аст, ки оташи тамаъ ва бадиро дар касе шӯълавар мекунад. Ба ба қавли Саъдӣ, “Хубӣ, […]

Нуқоти қувват ва заъфи “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон”

Аз аввалҳои соли 90-и қарни гузашта ва то ин охирҳо, вақте вожаи опозисиюн дар миёни тоҷикҳо ба кор бурда мешуд, зеҳнҳо бедиранг ба сӯйи аҳзобе чун Ҳизби наҳзати исломӣ, ҷунбиши “Ватандор”, Ҳизби демукрот, Ҳизби сусиёл-демукрот, Ҳизби сусиёлист ва ҳатто Ҳизби кумунист ва низ шуморе аз шахсиятҳои мустақил дар […]

Мақомоти тоҷик “мағзи хар” хӯрдаанд?

Ҳанӯз натавонистаам худамро мутақоиъд бикунам, ки Ҳукумати Тоҷикистон воқеан ва ба дур аз ҳар шӯхӣ, дар тасмими худ мабнӣ бар “ғайри қонунӣ” эълом кардани фаъолияти ҲНИТ ва “ҳазф”-и он аз матни ҷомеаи тоҷик ҷиддӣ аст. Бовараш бароям бисёр сахт аст. Зеро ин кор авоқиб ва паёмадҳои бас ногувореро […]