Метка: Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ин аст мӯъҷиза будани Қуръони Карим!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Агар мо Қуръони Каримро мӯъҷизаи илоҳӣ медонем, бештар ба ин ҷиҳат аст, ки ин китоб дар як муддати бисёр андак тавонист инсонҳои бадавӣ ва ваҳширо мутаҳаввил кунад. Ва на танҳо арабҳоро, балки тамоми милалу ақвомеро, ки дар он даврон ба ислом даромаданд. Зеро дар он замон, […]

Вақте ҳазрати Мӯсо (а) “терурист” хонда мешавад

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз оятҳои қобили таваҷҷӯҳи Қуръони Карим, ояти 26 сураи Ғофир аст. Ояте, ки дар бораи сиёсати Фиръавн дар баробари ҳазрати Мӯсо (а) мегӯяд; Мӯсое, ки алайҳи Фиръавн қиём карда буд. Ин оят дар бораи равише сухан мегӯяд, ки Фиръавн – ва ҳамчунин фиръавнмаслакони таърих – […]

Чаро дунё фақат “зӯр”-ро мешиносад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Шояд барои севвумин бор аст, ки ба ҳамин мазмун ёддошт менависам, ки: то “зӯр” набошед, касе барои шумо эҳтиром қоил намешавад ва ба ҳуқуқатон арҷ намегузорад; на ҳеч одаме ва на ҳеч давлате ва на ҳеч созмоне. Бале, шояд бо судури баёнияҳои пучу тухолӣ, ҳамдардӣ изҳор […]

Ба андак намаки биниши сиёсӣ ҳам ниёзмандем

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар оғози ин ёддошт, лозим аст арз кунам, мавзеъи сиёсии ҳар гурӯҳ ва фарде — ҳар чӣ ҳаст – мавриди эҳтироми ин банда аст ва дар ин ёддошт ҳаргиз қасди ҷасорат ба гурӯҳ ва ё фардеро надорам. Он чи арз мекунам, танҳо назари қосири ин банда […]

Ин барг аз таърихро насли кунунӣ бояд бидонад

«Ман фикр мекунам, ки эътирозҳои моҳи феврали соли 1990 як мавҷи бедории миллӣ буд. Рӯзҳое буд, ки дар майдонҳои маркази Душанбе як ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада буд, маҳалгароӣ аз байн рафта буд. Касе намегуфт, ки ту кӯлобӣ, ту помирӣ, ту хуҷандӣ… Ҳама як шуда буд. Муроди халқ […]

Популизм ва опозисиюни тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ Популизм, ки ба тоҷикӣ ба он “авомгароӣ” гуфта мешавад, равиши сиёсиест, ки дағдағаи соҳиби он ҷуз “ризояти умумӣ ва ҷалби пуштибон” нест, ба ин маъно, ки як сиёсатмадори популист таваҷҷӯҳаш беш аз он ки равонаи мушкилоти решаӣ ва асосӣ дар як кишвар ва ироаи роҳкорҳое барои […]

Васиятномаи Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ

Матни васиятномаи Сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, мунташир шуд. Ба гузориши хабаргузории Форс, матни комили ин васиятнома ба ин шарҳ аст: Бисмиллоҳир Раҳонир Раҳим Шаҳодат медиҳам ба усули дин Ашҳаду алло илоҳа иллал-лоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ ва ашҳаду анна […]

Ба баҳонаи солрӯзи шаҳодати Ҳасанул-Банно, поягузори Ихвонул-муслимин

Ҳасан ул-Банно, ки марде шуҷоъ буд, ҳеч гоҳ тарсе ба дил роҳ надод ва ҷасурона дар малаъи омм зоҳир мешуд, ки ҳамин амр боис шуд вай саранҷом дар 12 феврали 1949 дар яке аз хиёбонҳои Қоҳира ба дасти авомили Англис терур шавад ва ба орзуяш, ки шаҳодат буд […]

Олим будан ва огоҳ будан ба чист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Камолу саодати инсон дар ин аст, ки илм омӯзад ва огоҳ бошад. Аммо огоҳ будан фақат ба ин нест, ки бар маълумоти ту ҳар рӯз чизе афзуда шавад, масалан то имрӯз намедонистӣ Порис пойтахти Фаронса будааст ва имрӯз бароят ин маълум шуд ва ё ин ки […]

Абдулқодирзода инҷо рост мегӯяд

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ин сухани ҳикматомезро, ки: “Ба он чи мегӯяд нигоҳ кун, на ба он ки мегӯяд”, ҳама шунидаем ва қабулаш ҳам дорем, аммо дар амал камтар касе пайдо мешавад, ки ба мазмуни ин гуфтор амал кунад. Ахиран, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар изҳори назаре, як […]

Нақд бояд чӣ гуна бошад // Рисолаи Далер Шарифов ба унвони намуна

Сайидюнуси Истаравшанӣ Иддаои “бетарафӣ” хеле иддаои бузургу гунда аст, ва дар арзёбии масоил ҳар касе тавони якчунин иддаоеро надорад, ва шахсан банда мӯътақидам, мо дар дунё одами тамоман “бетараф” надорем, магар он ки аз ҷинси одам набошад. Зеро одам, то модоме ки одам аст, ӯ ба чизе боварманд […]