Метка: Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ

Калимоти мондагори Сайидҷамол

Чашми инсон кӯр бошад беҳтар аст аз ин ки биниш ва тарзи фикри ӯ кӯр бошад. * * * Бадтарин дарди мардуми Машриқзамин ин аст, ки онҳо дар иттиҳод миёни худ бо ҳам ихтилоф доранд, вале дар таъйиди ихтилоф, бо ҳам муттаҳиду муттафиқанд. Онҳо дар миёни худ аҳду […]

Дардҳои имрӯзи мо, дардҳои дирӯзи мост

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ Бо нигоҳе ба осори барҷоймонда аз Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ — ислоҳгар ва рӯшанфикри ҷаҳони ислом дар қарни 19-ум, ба хубӣ дармеёбем, ки дардҳое, ки Сайид Ҷамол барои ҷомеаи исломии он рӯз ташхис дода ва барои дармони онҳо мекӯшид, айни ҳамон дардҳо […]

Ваҳдати исломӣ дар андешаи Сайидҷамол

Даъват ба иттиҳод ва ҳамбастагӣ ва парҳез аз гусастагӣ, аз масоили муҳимми ислом аст ва Худованд дар Қуръони Карим моро даъват ба иттиҳод ва ҳамбастагӣ намудааст. Сайидҷамолуддини Асадободӣ маъруф ба Афғонӣ (1839-1897), бидуни шак яке аз аввалин ва муҳимтарин мунодиёни ваҳдати исломӣ дар қарнҳои ахир мебошад. Ӯ буд, […]

Агар имрӯз касе мисли Иқбол дар миёни мо мебуд, чӣ мегуфт ва чӣ мекард?

Оё боре шудааст, дар бораи ин матлаб биандешем, ки агар имрӯз Сайид Ҷамол ё Иқбол ё Шариатӣ ё касе мисли Аҳмади Дониши худамон ва ё ҳар эҳёгар ва ислоҳгари исломии дигар, ки мешиносем, дар миёни мо мебуд, муҳимтарин дағдағаи фикрии ӯро чӣ чиз ташкил медод? Мавзӯъро каме бозтар […]

Эй кош тамоми тухми афкори худамро дар мазраъаи миллат кошта будам!

“Афсӯс мехӯрам аз ин ки киштаҳои худро надаравидам. Ба орзуе, ки доштам, комилан ноил нагардидам. Шамшери шақоват нагузошт бедории милали Шарқро бибинам. Дасти ҷаҳолат фурсат надод садои озодӣ аз ҳулқуми милали Шарқ бишнавам. Эй кош ман тамоми тухми афкори худамро дар мазраъаи омодаи миллат кошта будам! Чӣ хуш […]