Метка: Сиёсат

Анвоъи сохторҳои сиёсӣ дар андешаи Ибни Сино

Дар ибтидо бояд гуфт, андешаи сиёсии Ибни Сино чандон тафовуте бо тафаккури сиёсии Форобӣ надорад. Зеро андешаҳои Форобӣ дар заминаи сиёсат, ба ҳадде муҳкам ва устувор матраҳ шудааст, ки на танҳо Ибни Сино, балки бештари донишмандони баъд аз Форобӣ таҳти таъсири он қарор гирифтаанд. Ба ҳар ҳол, дар […]

Нигоҳе гузаро ба андешаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ибни Халдун

Абузайд Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдун (1332-1406), файласуф ва ҷомеашиноси исломӣ, дар Тунис ба дунё омад ва дар Миср даргузашт. Ибни Халдун зиндагии пурмоҷарое дошт. Зеро аз як сӯ, падар, модар ва ҷамъе аз устодони худро дар асари тоъун, ва сипас ҳамсар ва фарзандонашро дар асари тӯфони баҳр […]

Қаҳтурриҷол

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Беш аз ду даҳа аст, ки дар кишвари Тоҷикистон қаҳтӣ омада; қаҳтӣ дар ҳамаи заминаҳо: Қаҳтии фарҳанг ва дониш Қаҳтии диёнат ва шарофат Қаҳтии сиёсат ва адолат Қаҳтии иқтисод ва маъош Қаҳтии амният ва саломат Қаҳтии ҳунар ва адаб … Вале ба назар мерасад, модари […]

Муфтии Тоҷикистон ва надими Султон Маҳмуд

Сайидюнуси Истаравшанӣ Билохира нафаҳмидем, оё давлати Тоҷикистон ба лиҳози сохтори сиёсӣ, динро аз сиёсат ҷудо медонад ё дин дар ин сохтор айни сиёсат аст? Агар ҷудо нест, пас чаро иддаъо мекунад, як давлати дунявӣ ва ба истилоҳ секулор аст? Ва агар ҷудост, пас чаро муфтии ин кишвар дар […]

Мо ва тасаввуф (6)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (12) Дар баҳси пешин гуфтем, ки вақте ба омӯзаҳои тасаввуф назар меафканем, дар он ба масоиле бармехӯрем, ки бо вуҷуди онҳо, маҳол аст пиндошта шавад, тасаввуф аз сиёсат ҷудо будааст, ва ба сурати кӯтоҳ дар бораи сафарҳои чаҳоргона, ки сӯфия ба он мӯътақиданд сӯҳбат […]

Мо ва тасаввуф (5)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (11) Дар баҳси пешин гуфтем, сӯфиёне дар тӯли торих ёфт шудаанд, ки худро аз арсаи сиёсат дур нигаҳ доштаанд, ва ҳамин кори эшон боис шуда ин пиндор ба вуҷуд биёяд, ки асосан тасаввуф мактабе аст, ки динро аз сиёсат ҷудо медонад. Оё ин пиндор […]

Мо ва тасаввуф (4)

Силсилабаҳсҳои ислоҳи андешаи динӣ (10) Яке дигар аз масоиле, ки бояд дар ин баҳс дар борааш сӯҳбат бикунем, робитаи тасаввуф ва сӯфия бо сиёсат аст. Албатта, дар оянда ва дар ҳамин силсилабаҳсҳо, баҳсе ҳам хоҳам дошт дар бораи робитаи ислом бо сиёсат, ки аз назари тартиб, бояд пештар […]

“Ҳукумати мардум бар мардум ва барои мардум, ҳаргиз маҳкум ба нобудӣ нахоҳад буд”

Сиёсат ва ҳукуматдорӣ дар каломи бузургон * * * “Ҳукумати кишваре, ки дар он гадоӣ ба сурати ҳирфа дарояд, бад ва фосид аст.” (Voltaire) * * * “Касоне ки дорои ахлоқи истибдод буда ва бар нафс ва кишвари худ мустабиддона ҳукумат мекунанд, баҳрае ҷуз бадбахтӣ ва некбат надоранд.” […]

“ҲНИТ баста шавад!”

Меҳвари суханрониҳо ва хутбаҳои имом-хатибҳо дар намози ҷумъаи ҳафтаи пеш дар Тоҷикистон, матни таҳияшуда аз сӯи як ниҳоди вобаста ба ҳукумат буд, ки бар асоси он, имом-хатибҳои масоҷиди сар то сари кишвар маъмур ба иблоғ ва расондани паёми ин матн ба мардум буданд. Дар ин паём омадааст: “Мувофиқи […]

Оё хатари ДОЪИШ барои Тоҷикистон ҷиддист?

Авоили моҳи марти ҳамин сол буд, ки Вазорати дифои Русия аз таҳдиди гурӯҳи теруристии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия” (ва ё ҳамон ДОЪИШ) ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод. Бар асоси гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи […]

Паёми таслият ба муносибати шаҳодати ҷонгудози Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов

Ба номи Худо Хушо онон, ки дар роҳи адолат Ба хуни хеш ғалтиданду рафтанд Хушо онон, ки дар мизони виҷдон Ҳисобу хеш санҷиданду рафтанд Нагардиданд ҳаргиз гирди ботил Ҳақиқатро писандиданду рафтанд * * * Намедонам, касоне ки Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватовро терур карданд, бо чӣ ангеза ва ҳадаф ба […]