Метка: СММ

Ардуғон: “Истонбул бояд маркази Созмони Милал бошад”

Раисиҷумҳури Туркия дар баёнияе мактуб дар бораи 71-умин солгарди таъсиси Созмони Милал навишт, Истонбул бояд маркази СММ бошад. Ба навиштаи рӯзномаи “Ҳуррият”, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия гуфтааст: “Пас аз он ки Туркия кӯмаки молии худро дар солҳои ахир ба Созмони Милал бештар карда, ҳоло ба дунболи ин […]

Номаи Аҳмадинажод ба дабири кулли ҷадиди СММ

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури собиқи Эрон, бо ирсоли номае ба дабири кулли ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид, барои афзоиши коромадии Созмони Милал, пешниҳодҳо ва роҳкорҳои муҳиммеро ба вай ироа карда. Ба гузориши Shahrekhabar, матни комили ин нома ба оқои Онтуниё Гутирес (António Guterres), ки дирӯз ба дафтари намояндагии Созмони Милал […]

Нигаронии Созмони Милал аз ҳукми Ёров ва Маҳкамов

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳороте рӯзи 12 октябр аз ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҷиддан изҳори нигаронӣ кард. Дар матни изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ин ду вакили дифоъ «дар мурофиаи амалан […]

«Яке аз аъзои доими Шӯрои амнияти СММ бояд кишваре мусалмон бошад»

Раисиҷумҳури Туркия бори дигар дархости худ барои ислоҳи сохтори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро такрор кард. Ардуғон гуфт: «Набуди як кишвари мусалмон дар миёни аъзои доими Шӯрои амният ғайри мунсифона аст.» Ба гузориши рӯзномаи Сабоҳ, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар маросиме дар Истанбул гуфт: «Наметавонем худро маҳкум […]

Интиқоди бесобиқаи гузоришгари СММ аз ҳукумати Тоҷикистон

Гузоришгари вижаи СММ, бо таъкид бар ин ки ҳукумати Тоҷикистон «вазъи амниятии кишвар ва мубориза бо терроризму экстремизмро ҳамчун баҳона барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мекунад ва озодии баёнро маҳдуд месозад», нигаронии худро аз бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва боздошти аъзоёни он изҳор дошта ва бо […]

Иҷоза барои дидор; ба ҷиҳати «одамият», ё аз барои ризои ҷомеаи ҷаҳонӣ?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Имрӯз, ҳамзамон бо ташрифи гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон ва дидор ва гуфтугӯи ӯ бо намояндагони ниҳодҳои интизомии кишвар, як дафъа раги «одамият»-и мақомоти тоҷик баланд шуд ва ба бастагони боздоштшудаҳои ҲНИТ иҷоза доданд, то бо наздикони зиндонии худ дидор бикунанд. Суоли матраҳ ин […]

Нукоте дар бораи номаи ахири Абдуллоҷонов ва Атовуллоев ба СММ

Ду тан аз сиёсатмадорони матраҳи тоҷик — яъне ҷаноби Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири асбақ ва номзад дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар соли 1994 ва ҷаноби Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани тозатаъсиси созандагони Тоҷикистон — дирӯз номае саргушода ба Бон Ки Мун, дабири кулли СММ ва чанд ниҳоди байналмилалии дигар ва […]

Вақте гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар ришва мегирад

Арабистони Саудӣ маблағи як милюн дулор ба гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури вазъи ҳуқуқи башар ришва додааст, то мавзеъгирии тунде дар қиболи масоили Эрон иттихоз кунад ва гузоришҳое ҷиҳатдор бинависад. Як санади мунташиршуда дар пойгоҳи WikiLeaks ҳокӣ аз он аст, ки сафорати Арабистон дар Кувайт, ба […]

Мардӣ набувад фитодаро пой задан

Мо тоҷикон, ки ба Рӯдакӣ — ки ба ҳақ ӯро сардафтари адабиёти порсӣ донистаанд — ифтихор мекунем ва хештанро аз сулола ва насли ин абармард мешуморем, оё ин ифтихор ва болидан ва худро аз насли ӯ донистан, танҳо ба ин аст, ки ба такрор аз ӯ ёд бикунем […]