Метка: Суннат

Суханоне аз Паёмбари Хотам (с)

* Некхӯйӣ ва хушҳамсоягӣ хонаҳоро обод ва умрҳоро дароз мекунанд. * Ду чашм аз осеби оташ дар амонанд: яке он ки нимаҳои шаб аз тарси Худо бигиряд, ва дигар он ки дар роҳи Худо шаб нигаҳбонӣ кунад. * Чун фарзанди Одам пир шавад, ду сифат дар ӯ ҷавон […]

Баҳраи ашъори Ҳофиз аз Қуръон ва аҳодис

Ба баҳонаи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ Мазан зӣ чуну чаро дам, ки бандаи муқбил,  Қабул кард ба ҷон ҳар сухан, ки ҷонон гуфт. Талмеҳ аст ба ояти: قُل لاَّ أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلاَ ضَرًّا إِلاَّ مَا شَاء اللّهُ “Бигӯ: ман молики суду зиён барои худ нестам, магар он чиро, […]

Чанд достони омӯзанда аз зиндагии Паёмбари Акрам (с)

Ба муносибати зодрӯзи фархундаи Паёмбари Акрам (с) Паёмбар ва тақсими кор дар сафар Паёмбари Акрам (с) дар яке аз сафарҳояш дастур дод, то гӯсфандеро барои ғизои корвон омода кунанд. Дар ин миён яке аз корвониён ва ёрони Паёмбар гуфт: забҳи гӯсфанд бо ман. Дигаре гуфт: кандани пӯсти гӯсфанд […]

Баҳсе дар бораи вожаи “илм” ва “илмӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ Аз баҳсу гуфтугӯҳое, ки миёни корбарон дар фазои маҷозӣ сурат мегирад, чунин бардошт мешавад, ки гоҳе, мо забони якдигарро нафаҳмида беҳуда бо ҳам ҷанҷол ва кашмакаш мекунем. Аз ин рӯ, дар ҳар баҳсе, аввал бояд маъноҳое, ки ҳар як аз мо ба кор мегирад, ба ҳамбаҳсаш […]

Оё мусалмон будан, тақлид аз фарҳанги аъроб аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ (Бознашр аз торихи 24.10.2010-и ҳамин пойгоҳ) Нигоҳи дуруст ба мусалмон будани мо, тоҷикон, кадомин нигоҳ аст? Оё ин аст, ки ислом ҷузъи суннатҳои мо ва он чи аз падару бобоёнамон ба «мерос” бурдаем? Яъне агар мо худро мусалмон медонем, бад-ин сабаб будааст, ки чун падаронамон мусалмон […]

Аз насиҳатҳои Паёмбар (с)

Насиҳатҳои ҳазрати Паёмбар (с) ба Абӯзари Ғифорӣ (р): Абӯзар: Эй Расули Худо (с)! Маро тавсияе кун. Паёмбар: Туро ба тақво ва парҳезгорӣ суфориш мекунам, чаро ки тақво дар раъси ҳамаи корҳои туст. Абӯзар: Боз ҳам бифармоед, бештар. Паёмбар: Бар ту бод Қуръон хондан ва ёди Худои Мутаъол, чаро […]

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар чанд сатр

Ба баҳонаи милоди босаодати паёмбари меҳрубониҳо, ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) Ҳазрати Муҳаммад (с) «ростгӯтарини мардумон ва ба аҳди худ сахт пойбанд, аз ҳамаи мардум забонаш нармтар ва дар муъошират аз ҳама беҳтар буд.» (Алғорот с 59, Ансобул-ашроф ҷ 1, с 391, Табақотул-кубро ҷ 1, с 411-412) «Ҳар […]

Шиъа ва суннӣ (7) – Оё ба дунболи ёфтани ҳаққу ботилем, ё чизе дигар?

Дар ду баҳси пешин, раъй ва дидгоҳи ду фақеҳ аз фуқаҳои муъосири шиъа (Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ ва низ Имом Хумайнӣ (р))-ро дар робита бо ин масъала, ки аввалан, ба чӣ касе мусалмон гуфта мешавад, ва сониян, мақсуд аз куфр, ки дар порае аз ривоёт барои ғайри шиъаён (ва […]

Шиъа ва суннӣ (6) – Дидгоҳи Имом Хумайнӣ (р)

(Ёдоварӣ: Чунон ки дар нахустин баҳси ин силсилнавиштор ёдовар шуда будам, мухотаби мо дар ин баҳсҳо, бештар азизоне ҳастанд, ки то ҳадде бо улуми исломӣ ошноӣ доранд, бинобар ин, азизоне, ки бо маъорифи исломӣ ошно нестанд, беҳтар аст ин баҳсҳоро мутолеа накунанд, зеро фаҳм ва ҳазми онҳо шояд […]

Шиъа ва суннӣ (5)

Аз баҳсҳои пешин чанд матлаб равшан шуд. Яке ин ки вожаи куфр ба як маъно набудааст, балки ин вожа дар манобеи исломӣ ба хусус дар Қуръон ва Суннат, ба маъонии мухталифе омада ва чанд мисол ҳам барои исботи ин матлаб зикр кардем. Ва дигар он ки собит шуд, […]

Шиъа ва суннӣ (4)

Дар баҳси пешин ин суол матраҳ шуд, ки чаро бархе аз пайравони мазоҳиби исломӣ пайравони мазоҳиби дигарро кофир мешуморанд, ҳол он ки ҳамагӣ мусалмонанд ва далел ҳам бар ин амали худ аз Қуръон ва суннат меоваранд? Ва бадтар аз ин, на танҳо падидаи шуми такфир миёни пайравони ду […]