Метка: тазоҳурот

Тазоҳуроти густурда дар Яман дар эътироз ба “муомилаи қарн” – (Видео)

Мардуми Саъдаи Яман имрӯз (31 январ) дар эътироз ба тарҳи сулҳи Омрико мавсум ба “муомилаи қарн” тазоҳурот барпо карда ва омодагии худро барои ҳимоят аз муқовимати Фаластин эълом намуданд. Шабакаи хабарии Алмасира гузориш дод, ки ин тазоҳурот бо унвони “На ба муомилаи Тромп!” ва “Фаластин масъалаи аслии мост!” […]

Тромп хитоб ба тазоҳуркунандагон дар Эрон: “Ман аз ибтидои риёсати ҷумҳурии худ, дар канори шумо истодаам!”

Раисиҷумҳури Омрико дар ҳимоят аз тазоҳурот дар Эрон, баён дошт, ки давлати вай ба ҳимоят аз онҳо идома медиҳад. Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дақоиқе пеш дар твитте, аз таҷаммӯи шомгоҳи шанбе дар Теҳрон ҳимоят кард. Вай дар сафҳаи твиттери худ, хитоб ба тазоҳуроткунандагон дар Эрон навишт: “Ман аз […]

Тазоҳурот дар Бағдод бо шиори: “Мо порлумони кунуниро намояндаи худ намедонем!” – (Тасовир)

Ҳазорон нафар аз мардуми Ироқ имрӯз бо таҷаммӯъ дар майдони Таҳрири Бағдод алайҳи ҳузури бегонагон тазоҳурот карданд. Мӯътаризон бо парчамҳои Ироқ ҳозир шуда ва алайҳи дахолати хориҷӣ дар Ироқ ва “нақзи ҳокимияти арзии кишвар” шиор сар доданд. Ба гузориши Mdeast, тазоҳуркунандагон таъкид карданд, ки аъзои порлумони кунуниро намояндаи […]

Баёнияи ПМТ дар поёни таҷаммӯи эътирозӣ дар Порис

Паймони Миллии Тоҷикистон дар поёни таҷаммӯи эътирозии худ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса, бо судури баёнияе, изҳори умедворӣ кард, ки “кишвари Фаронса ба унвони парчамдори озодӣ ва демукросӣ, бо истифода аз ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвар, аз ӯ ба шиддат ба хотири сиёсатҳои саркӯбгаронааш интиқод ба амал […]

Тасовире аз омодагии мухолифон барои тазоҳурот дар Порис

Қарор аст ҳамин соатҳо тазоҳуроте аз сӯи мухолифони тоҷик дар майдони “Республика”-и Порис, пойтахти Фаронса баргузор гардад. Ин тазоҳурот дар эътироз ба сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар Фаронса қарор дорад баргузор мешавад. Ин тазоҳурот соати 10 ба вақти Фаронса (14 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад […]

Нахуствазири Лубнон дар 13-умин рӯзи эътирозот истеъфо кард

Нахуствазири Лубнон дар вокуниш ба идомаи эътирозҳои мардумӣ, эълом кард, ба “бунбаст” расида ва истеъфои худ ва давлаташро таслими раисиҷумҳур мекунад. Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон имрӯз (29 октябр), дар 13-умин рӯзи тазоҳурот, истеъфои худ ва давлати Лубнонро эълом кард. Ҳарирӣ, ки барои бори дуввум аз замони оғози эътирозҳо, […]

Дар Этюпӣ (Эфиопия) ҳам эътирозот роҳ афтод

Эътирозот пас аз он баргузор шуд, ки Ҷовир Муҳаммад, сиёсатмадори барҷастаи Этюпӣ ва рақиби сиёсии нахуствазир эълом кард пулис манзили ӯро муҳосира кардааст. Нахуствазири Этюпӣ Оби Аҳмад ахиран барандаи ҷоизаи сулҳи Нубели 2019 шудааст. Ба гузориши Euronews, дар ҷараёни хушунатҳо ва даргириҳои хунбор дар устони Урумиёи Этюпӣ дар […]

Моҳи октябр, моҳи эътирозҳо дар чанд кишвари ҷаҳон

Густариши шабакаҳои иҷтимоӣ бетардид бар рафтори афрод ва ҷомеаҳо таъсир гузошта ва интизороти онҳоро боло бурдааст. Имрӯза як шаҳрванд дигар худашро фақат бо муҳити перомунии худ муқоиса намекунад, балки худашро бо шаҳрвандони соири ҷомеаҳо ва кишварҳо муқоиса мекунад. Расонаҳои ҷамъӣ мисли Фейсбук ва Твиттер ба наҳви чашмгире огоҳии […]

Афви байналмилал: “Миср ба зиндони бузурги мунтақидон табдил шудааст”

Созмони Афви байналмилал (Amnesty International) дар пайи боздоштҳои ахир дар Миср, аз давлати ин кишвар хост, то аз “иқдомҳои саркӯбгароёнаи худ, ки Мисрро ба зиндони бузурги мунтақидону мухолифон табдил кардааст, даст бардорад.” Ба гузориши Алҷазира, Созмони Афви байналмилал якшанбешаб баёнияеро пас аз тазоҳуроти ахири мисриҳо алайҳи Ассисӣ, ки […]