Метка: теруризм

Мусалмонони Борселуно хостори муҷозоти омилони ҳамлаи теруристии ахир шуданд (тасовир)

Дар пайи ҳамалоти теруристӣ дар Борселуно, ки боиси кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони ин шаҳр шуд, мусалмонони Борселуно бо таҷаммӯъ дар майдони аслии шаҳр, нисбат ба ин ҳодисаи ғайриинсонӣ эътироз карданд ва хостори маҳкумият ва муҷозоти омилони он шуданд. Дар ҳамин росто, Федеросиюни мусалмонони Испониё имрӯз […]

Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамлаи теруристии Борселунро маҳкум кард

Созмони Ҳамкории Исломӣ бо судури баёнияе, ҳамлаи теруристии Борселун, ки ДОЪИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифт, маҳкум кард. Ба гузориши хабаргузории “Аморот24”, Созмони Ҳамкории Исломӣ бо судури баёнияе, ҳамлаи теруристии Борселун, ки ДОЪИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифт маҳкум кард. Юсуф ал-Усаймин, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ, зимни […]

Ҳамлаи теруристӣ бо худрави Van ба мардум дар Борселун ва кушта шудани 13 нафар

Як худрави Van бо вуруди ногаҳонӣ ба маҳалли тараддуди пиёдаравон дар маркази шаҳри Борселун (Барселона)-и Испониё, даҳҳо нафарро зер гирифт, пулис мегӯяд, ангезаи ин ҳамла “теруристӣ” будааст. Он тавр, ки Reuters гузориш дода, пулиси вилояти Котолуниё вуқӯи ин ҳодиса ва захмӣ шудани пиёдаравонро таъйид кардааст. Бар пояи ин […]

Давлати Миёнмор дар ҷиноёт алайҳи мусалмонони Руҳингиё шарик аст

Шӯрои машваратии мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор эълом кард: “Давлати Миёнмор шарики ҳамаи ҷурму ҷиноётест, ки алайҳи ақаллияти мусалмони Руҳингиё дар вилояти Рохин анҷом мегирад. Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, Шӯрои машваратии мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор эълом кард, давлати Миёнмор дар ҷиноёте, ки алайҳи ақаллияти мусалмонони Руҳингиё дар ин кишвар […]

Таҳқиқи СММ: “Теруристҳо дарке аз ислом ва маънои “ҷиҳод” надоранд”

Натоиҷи таҳқиқе, ки Созмони Милали Муттаҳид ба тозагӣ анҷом додааст, нишон медиҳад, афроде, ки барои пайвастан ба гурӯҳҳои теруристӣ дар Сурия ватанашонро тарк мекунанд, “кучактарин дарке дар бораи маънои ҳақиқии “ҷиҳод” ё ҳатто дини ислом надоранд”. Ба гузориши Independent, натоиҷи таҳқиқи анҷомшуда барои “Дафтари зидди теруризми Созмони Милали […]

“Теруристҳо ба дунболи эҷоди даргирии мазҳабӣ дар Афғонистон ҳастанд”

Раиси иҷроии давлати Афғонистон дар вокуниш ба инфиҷори масҷиди “Ҷаводия” дар Ҳирот таъкид кард: “Теруристҳо барои эҷоди даргирии мазҳабӣ дар ин кишвар талош мекунанд, аммо муваффақ нахоҳанд шуд.” Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон, бо маҳкум кардани ҳамлаи теруристӣ ба масҷиди “Ҷаводия” дар Ҳирот, эълом кард, ки теруристҳо […]

Ҳамлаи теруристӣ ба як масҷид дар Ҳирот / 30 намозгузор шаҳид шуданд (тасовир)

Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиди шиъаён дар вилояти Ҳироти Афғонистон 30 нафар шаҳид ва беш аз 40 намозгузори дигар захмӣ шуданд. Масҷиди “Ҷаводия” дар минтақаи Бакрободи вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон ҳадафи ҳамлаи интиҳорӣ қарор гирифт ва бахши бузурге аз он тахриб шуд. Пас аз ҳамлаи моҳи […]

Эрон ҳамлаи нокоми теруристӣ ба Байтуллоҳро ба шиддат маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон тарҳи нокоми ҳамлаи теруристӣ ба Байтуллоҳро ба шиддат маҳкум кард ва зимни ҳушдор нисбат ба ин падидаи шум, тамоми миллатҳои минтақаро ба ҳушёрӣ ва талоши бевақфа барои мубориза бо теруризм фаро хонд. Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯ ва раиси Маркази диплумосии умумӣ […]

3 фарзи ғалат дар мавриди мусалмонон дар даврони ДОЪИШ

Мақолае аз профессор Тод Грин (Todd Green) Суннати масеҳӣ аз пайравони ин дин мехоҳад, ки шаҳодати дурӯғ надиҳанд. Аммо чӣ гуна ба ин хоста ҷомаи амал бипӯшонем? Инки дар замони вуҷуди ДОЪИШ, алайҳи мусалмонон шаҳодати дурӯғ надиҳем, ба чӣ маъност? Дар ин навиштор 3 фарзи нодуруст, агар нагӯем […]

22 кушта ва 94 захмӣ дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Туркия (тасовир)

Вуқӯи инфиҷоре қавӣ дар наздикии маҳалли баргузории як маросими арӯсӣ дар шаҳри Ғози Антопи Туркия даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст. Расонаҳои туркияӣ бомдоди рӯзи якшанбе аз вуқӯи инфиҷоре қавӣ дар шаҳри Ғози Антопи Туркия хабар доданд. Ин инфиҷор дар наздикии маҳалли баргузории як маросими арӯсӣ рух […]

Мусалмонони Фаронса: “Қотили кашиш набояд мутобиқи усули ислом дафн шавад”

Мусалмонони шаҳри Saint Etienne du Rouvray аз кафну дафни исломии Одил Курмиш, яке аз муҳоҷимоне, ки гулӯи кашиши солхӯрдаи ин шаҳрро буриданд, худдорӣ карданд. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Одил Курмиши 19-сола ба ҳамроҳи Абдулмолик Набил, 6 танро дар калисои Saint Etienne du Rouvray гаравгон гирифта ва сипас кашиши […]