Метка: Тоҷикистон

Дар дидори дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ҳамтои эрониаш чӣ гузашт? (Тасовир)

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш, беҳтарин ва муассиртарин роҳи муқобила бо тафаккуроти ифротӣ ва такфириро “табйин ва тарвиҷи саҳеҳи ислом” хонд ва хотирнишон кард: “Тарвиҷи исломи доъишӣ аз роҳбурдҳои Омрико ва режими саҳюнистӣ барои густариши исломҳаросӣ ва эҷоди ихтилоф, ҷанг ва бӯҳрон […]

Дар маросими рӯнамоӣ аз китоби Раҳмон дар Теҳрон чӣ гузашт? (Тасовир)

Асри чаҳоршанбе (4 декабр) дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, маросими рӯнамоӣ аз китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”, ки мегӯянд навиштаи Эмомалӣ Раҳмон будааст, баргузор шуд. Ин китобро Ҳасани Қарибӣ ба форсӣ баргардон ва ба ҳиммати сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон,  Маҷаллаи “Бухоро”, Бунёди […]

Ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон: 3 падидаи мусбат ва 4 падидаи манфӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон бо ҷомеаи 25-30 сол пеши он тафовутҳое пайдо карда. Ин тафовутҳо, барои касе, ки болои 45 сол син дорад, бо андак диққат ва баррасӣ ҳувайдо мешавад. Ва бо ин ки мавориди ин тафовутҳо зиёданд, аммо дар ин навиштор ба 7 мавриди он, ки […]

Раиси Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Окодемии улуми Тоҷикистон: “Тоҷикистон бояд аз болои Эрон ба Суди Байналмилалии СММ шикоят кунад”

Назар Муъмин, раиси Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Окодемии улуми Тоҷикистон, дар мақолае дар пойгоҳи Сентразия.ру, ки хабаргузории расмии “Ховар” матни комили онро нашр кардааст, бо баёни ин ки “бино ба иттилои Human Rights Watch, Эрон, ки айни замон дастрасӣ ба интернетро қатъ кардааст, шумораи воқеии иштирокчиёни ҳабсгардидаи […]

Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ “Мо бояд коре кунем, ки дин дар чашми мардум беобрӯ шавад… Коре кунем, ки дар сари минбар одамони бесавод ва муттаҳам бошанд, ки ҳукумат лаҷоми онҳоро дар даст дорад. Имом-хатибе, ки мустақил аст, савод дорад, маҳбубият дорад ва пеши мақомот муттаҳам нест, ӯ барои мо хатарнок […]

Гузориши Родию Озодӣ: “Мизбонии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Эрон дар Душанбе”

Родию Озодӣ дар гузорише навишт, Душанбеи расмӣ, ки то кунун Теҳронро ба пуштибонӣ аз мухолифонаш дар хориҷ муттаҳам мекард, чанде аз мунтақидони режими исломии Эронро дар пойтахт мизбонӣ намуд. Дар ин гузориш омадааст: Ҳафтаи гузашта дар Душанбе бо иштироки чанде аз шоирону пажӯҳишгарони мухолифи режими кунунии Эрон нишасте […]

Нуфузи рӯ ба афзоиши Чин дар Осиёи Миёна

Дар солҳои ахир расонаҳои минтақа аз нуфузи рӯ ба афзоиши Чин дар Осиёи Миёна менависанд. Дар ин гузориш, ишорае шудааст ба ҳузури Чин дар ин минтақа аз назари омору арқом. Қирғизистон Ба гузориши хабаргузории Форс, бадеҳӣ (қарз)-и Ҷумҳурии Қирғизистон ба Чин қобили таваҷҷӯҳ аст ва дар соли 2008 […]

Интихоби Аълоҳазрат: тоҷикон аз Раҳмоновҳо кадом якро интихоб мекунанд?

Имрӯз ҳеч кас наметавонад бигӯяд, Эмомалӣ Раҳмон чӣ бозиеро анҷом хоҳад дод. Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Regnum Тоҷикистониён дар соли оянда раисиҷумҳур ва низ намояндагони порлумони кишварро интихоб хоҳанд кард. Баҳсу гуфтугӯҳо, агарчӣ доғ нестанд, аммо бештар дар меҳвари интихоби раисиҷумҳури оянда доиранд. Ба сухани дигар, баҳсу гуфтугӯ […]

Ризоӣ: “Имрӯз маҳдудият дар тамоми абъоди фаъолиятҳои исломӣ ҷорӣ аст”

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, руҳонии тоҷик ва узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо баёни ин ки имрӯз “маҳдудият дар тамоми абъоди фаъолиятҳои исломӣ ҷорӣ аст”, гуфт: “Ашхосе, ки баъд аз истиқлол дар донишгоҳҳои исломӣ ва кишварҳои мусалмонӣ таҳсил кардаанд, дар таъқиби ниҳодҳои амниятӣ қарор доранд. Иддаи зиёде аз онҳо […]

Нигоҳе ба фаъолияти “дастгоҳи идеулужик”-и ҳукумат

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз мавзӯъҳое, ки аз дербоз мехостам пиромуни он баҳс ба амал оварам – ки баҳсе дар хӯри таваҷҷӯҳ ҳам ҳаст — вале фурсат намешуд, ин баррасии фаъолияти “дастгоҳи идеулужик” (идеологический аппарат)-и ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли ахир аст. Дар яке ду рӯзи ахир бароям […]

Боистаҳои ПМТ дар баробари насли севвум

(Бахши севвум ва поёнии мақолаи “ПМТ ва насли севвуми пас аз истиқлол”) Ба баҳонаи нахустин солгарди таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) Сайидюнуси Истаравшанӣ Тазаккур: Он чи дар ин ёддошти таҳлилӣ меояд, рабте ба дидгоҳҳо ва мавозеи расмии Паймони Миллии Тоҷикистон — ки нигоранда узви он аст — надорад […]