Метка: Тоҷикистон

На ба ин шӯрии шӯрӣ…

Ба қалами Зафари Сӯфӣ Ба назар мерасад зимистони наздик ба панҷсолаи муносибати Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯ ба поён аст. Дар ин фазо нафаси баҳор медамад. Умед аст, ки ин нафаси баҳор оғози шугуфтанҳо ва болиданҳо мешавад. Зеро барои ҳар шахсе, ки дидгоҳҳояш мардуммеҳвар ва миллӣ аст, […]

Вақте хабаргузории Форс рафторе берун аз усули мутаъораф аз худ ба намоиш мегузорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ду рӯз пеш, хабаргузории Форси Эрон, дархосте мабнӣ бар иҷрои мусоҳиба бо раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раҳбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ намуд. Ва бо ин ки ҷаноби Кабирӣ фурсате кофӣ барои иҷрои мусоҳиба дар ин вақт надошт ва хост ин мусоҳиба ба замоне дигар мавкул […]

Назари Шерзамонов дар бораи сафари ғайримунтазираи вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Эрон

Назари коршиносон дар бораи иллати сафари ғайримунтазираи Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Эрон пас аз тирагии равобит дар чанд соли гузашта ва иттиҳомоти пай дар пайи мақомоти тоҷик ба давлати Эрон мабнӣ бар пуштибонии ин кишвар аз мухолифони сиёсии Раҳмон, мухталиф аст. Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигори тоҷик, […]

Чаро оқил кунад коре….

Ба қалами Зафари Сӯфӣ Ман ба ҳайси як шахсе, ки Эронро ватани торихии худ медонад, ҳамеша ҷонибдори равобити танготанги Тоҷикистон бо Эрон будаму ҳастам. Ман тоҷику эрониро бародари ҳам медонистаму медонам. Ҳамеша муқобили дастхуши бозиҳои сиёсӣ ва ноӯҳдабароии як идда шудани равобити Тоҷикистону Эрон будаму ҳастам ва то […]

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Теҳрон чӣ кор мекунад?

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манзури гуфтугӯ ва ройзанӣ бо ҳамтои эронии худ вориди Теҳрон шудааст, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Дар ин нишаст (нишаст бо вазири нерӯи Эрон) мушкилотро баррасӣ кардем ва дар мавриди роҳи ҳаллҳо сӯҳбат кардем. Дар ин масир бояд ҳамкорӣ байни дастгоҳҳои давлатӣ […]

Баёнияи ПМТ дар остонаи сафари Раиси Шӯрои Урупо ба Тоҷикистон

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо интишори баёнияе дар бораи сафари Дунолд Туск, Раиси Шӯрои Урупо ба Тоҷикистон, ибрози умедворӣ кардааст, ки “зимни сафари Раиси Шӯрои Урупо ба Тоҷикистон, дар қатори масоиле чун робитаҳои иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, мубориза бо ифротгароӣ ва ғайра, масоили марбут ба поймолшавии ҳуқуқи башар ва […]

“Боғбонҳо”

Фоҷеаи зиндони “Кирпичный” ҳамаро – бидуни истисно, чӣ мухолиф аст вай ва чӣ мувофиқ — такон дод. Ва фикр мекунам, дар 10 соли гузашта, ҳеч руходе ба андозаи ин рухдоди ғамангез, тоҷикҳоро такон надодааст. Бешак, ин ҳодиса суолҳо ва пурсишҳои зиёдеро пеши ҳар як аз мо барангехтааст, ки: […]

Кабирӣ: “Раҳмон ҳеч гоҳ инсони сулҳхоҳ набуд ва нест”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо сомонаи Ахбор, дар посух ба ин пурсиш, ки оё имкони муколама бо ҳукумат вуҷуд дорад ё на, бо баёни ин ки “мо муколамаро усулан инкор нахоҳем кард, чун эътиқоди мо ин аст, ки беҳтарин василаи ҳалли мушкилот […]

Чӣ касоне дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро роҳ андохтанд?

Ба қалами Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари тоҷик ва хабарнигори Радиои Озодӣ Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳиба ё “эътирофи” навбатии Владимир Квачков – полковники мустафъии РАИ (ГРУ), фармондеҳи бригадаи 15-уми таъйиноти махсус, ки замоне дар Узбекистон мустақар шуда буд, нашр шуд. Дар ин мусоҳиба ӯ ба тафсил чӣ гуна дар соли […]

Ин ханда надорад, бояд гирист

Сайидюнуси Истаравшанӣ Се солу анде пеш (дар ноябри соли 2015) ин достонро аз китоби “Ахлоқул-умаро” дар сафҳаам дар Фейсбук мунташир карда будам: Искандари Мақдунӣ қабл аз ҳамлааш ба Эрон, дармонда буд, ки чӣ гуна бар мардуме, ки аз мардуми ӯ бештар мефаҳманд ҳукумат кунад?, ки яке аз мушовиронаш […]

Наврӯз, Назарбоев, Раҳмон ва дуо

Ҳар вақт дар ёфтани унвон барои як ёддошт ва ё мақолае, ки мехоҳам бинависам гир кардам, вожаҳои калидии баҳсро пушти сари ҳам мегузорам ва дигар барои ёфтани унвони муносиб барои ёддошти мавриди назар, зеҳнамро хаста намекунам. Чаҳор вожае, ки дар унвони ин ёддошт оварда шудааст — вожаҳои Наврӯз, […]