Метка: Тоҷикистон

Тақдими устуворномаи сафири ҷадиди Эрон ба Эмомалӣ Раҳмон (тасовир)

Имрӯз (ҷумъа, 15 март) тайи як маросими расмӣ, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, устуворномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим кард. Дар ин маросим, ки дар маҳалли Кохи миллат баргузор шуд, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шуморе аз сафирони кишварҳои хориҷӣ устуворномаҳои […]

Сад офарин бар мардуми шарифи Тоҷикистон!

Сад офарин бар мардуми шарифи Тоҷикистон, ки тамоми вазифаҳо ва масъулиятҳои як ҳукумат ва давлатро худашон анҷом медиҳанд, ба ин тартиб: — таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кору шуғл, ки масъулияти ҳар давлате аст, аммо дар кишвари мо, мардум худашон ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд хусусан ба Русия ва […]

Оғози кори сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон бо паёми беҳбуди равобит

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дирӯз (чаҳоршанбе, 13.03.2019) бо паёми беҳбуди равобит кори худро дар кишвар оғоз кард. Ба гузориши хабаргузории Ирно, Собирӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори ин хабаргузорӣ, муҳимтарин ҳадафи худ аз маъмурияташро “беҳбуд ва тақвияти равобити ду кишвари форсизабон” унвон кард. Вай […]

Шиканҷаи зиндониён дар Тоҷикистон дар гузориши ҷадиди ҳуқуқи башари Омрико

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ, Депортумони давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Омрико дар гузориши нави худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, бо худкома хондани ҳукумат, навишт, бо ин ки Қонуни асосии Тоҷикистон истифодаи шиканҷаро манъ мекунад ва дар Кодекси ҷиноӣ моддаи ҷудогонаи ҷазо барои шиканҷа […]

Шукурҷон Зуҳуров: “Эрон дар дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон дар канори мо буд, ва ин қобили инкор нест”

Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, дар дидор бо сафири Эрон дар поёни давраи маъмурияти вай, бо таъкид бар зарурати идомаи раванди тақвияти равобити дуҷониба гуфт: “Эрон ва Тоҷикистон решаҳо, фарҳанг, дин, забон ва таъриху тамаддуни муштараке доранд. Эрон дар дастёбӣ ба сулҳ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар […]

Назари коршиноси эронӣ дар робита бо тағйири лаҳни ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи Эрон

Як коршиноси масоили сиёсии Эрон, бо ишора ба тағйири мавзеъи ҳукумати Тоҷикистон дар баробари Эрон дар ҳафтаҳои ахир, иброз дошт, ки бо ин ҳама, аммо тарафи тоҷикӣ саъй дорад ҳамчунон тӯпро ба майдони Эрон биандозад, ки боисте нисбат ба ин рафтори давлати Тоҷикистон ҳушёр буд. Вай афзуд: “Вазорати […]

Зариф: “Ширкатҳои бисёре аз Эрон муштоқи ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ҳастанд” (тасовир)

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, гуфт: “Ширкатҳои бисёре аз Эрон муштоқи ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон ҳастанд” Ба гузориши Ирно, Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, дирӯз (чаҳоршанбе, 13 феврал) дар поёни маъмурияташ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо Муҳаммадҷавод Зариф, […]

Иқтисоди Тоҷикистон савор бар асби таваккал пеш меравад

Ёддошти Исфандиёри Одина Аз осебҳои аслии иҷрои қонуни маросим дар иқтисоди Тоҷикистон ҷилавгирии он аз масрафгароӣ (consumerism) аст, ки аз вижагиҳои аслии иқтисодҳои пешрафта аст. Хуб, чи тур ин қонун ҷилави масрафгароиро гирифт? Аввал бояд донист, ки масрафгароӣ чист. Масрафгароӣ ба вазъияте дар иқтисод гуфта мешавад, ки мардум […]

Чӣ гуна метавон ба густариши Чин дар Тоҷикистон поён дод? Нигоҳи коршиноси қазоқ

Гузорише дар сойти 365info.kz Бадеҳиҳои Тоҷикистон ба Чин ҳамчунон рӯ ба рушд аст. Бисёре мӯътақиданд, ки Душанбе дар қиболи ин бадеҳиҳо, мутаъаллиқ ба Пекин шудааст. Пажӯҳише дар ин бора тавассути Мурод Лаумулин анҷом шудааст, ки дар сойти Маркази илмии “Остона” мунташир шудааст. Дар матни зер хулосае аз ин […]

Интиқоди шадиди HRW аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Гузориши Тоҳири Сафар дар пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2018 бисёр бад шудааст ва ба ҳадде, ки мақомот тоби дидани нармтарин интиқодро ҳам надоштаанд. Гузориши солонаи созмон дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2018 рӯзи 17-уми январ нашр […]

Чаро касе ҳозир нест дар фазои маҷозӣ аз сиёсатҳои ин режим ҳимоят кунад?

(Нигоҳе ба “ҳузур”-и ҳукумати Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ ва яке-ду мулоҳиза ба ёддошти Сайёфи Мизроб ба унвони “Вакуум”) Сайидюнуси Истаравшанӣ Бешак, имрӯз, шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Фейсбук, Твиттер, Ютюб ва ғайра, ба майдоне берақиб барои интишори ахбору гузоришҳо ва таҳлилу изҳори назарҳо табдил ёфта ва ҷойи рӯзномаҳо ва ҳатто […]