Метка: Туркия

Бозандагон ва барандагони ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия

“Нерӯҳои демукротики Сурия” ҳанӯз ҳам манотиқи нисбатан густурдаеро дар ихтиёр доранд, аммо ин манотиқ рӯз ба рӯз камтар мешавад. Ба эҳтимоли зиёд, манотиқе, ки феълан ба тасарруфи артиши Туркия ё Сурия дарнамеоянд, дар чорчӯби тафоҳумот миёни Туркия, Русия ва Сурия дар ояндаи на чандон дур, таҳти контроли Димишқ […]

Тромп: “Курдҳо фаришта нестанд, ПКК бадтар аз ДОЪИШ аст”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо баёни ин ки “мо дорем курдҳоро мисли фариштаҳо нишон медиҳем”, изҳор дошт: “Ман вориди ҷанг байни Туркия ва Сурия нахоҳам шуд. Хусусан вақте, ки агар курдҳоро дар назар бигиред – як бори дигар мегӯям, бо ҳамаи эҳтироме, ки барои онҳо қоилам — онҳо […]

Ваҷҳи муштараки хиёнати Омрико дар робита бо Курдистон ва Яман

Таҳлиле аз Нӯҳ Милман (Noah Millman) дар ҳафтаномаи Week Дунолд Тромп саранҷом даст ба коре зад, ки мунҷар ба ноумедии бисёре аз атрофиёни вай шуд. Раисиҷумҳур амалан ба Туркия барои ҳамла алайҳи мавозеи яке аз наздиктарин муттаҳидони мо дар ҷанг бо ДОЪИШ чароғи сабз нишон дод. Ин иқдоми […]

Вокуниши бисёр тунди Ардуғон ба Иттиҳодияи Араб

Раисиҷумҳури Туркия ба баёнияи Иттиҳодияи Араб ва маҳкум кардани иқдомоти артиши Туркия дар Сурия аз тарафи ин иттиҳодия, вокуниши бисёр тунде нишон дод ва Иттиҳодияи Арабро ба шиддат таҳқир кард. Ба гузориши рӯзномаи Ҳуррият, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дирӯз (душанбе, 14 октябр) дар гуфтугӯ бо сардабирҳо ва […]

Баёнияи муштараки 12 гурӯҳи фаластинӣ алайҳи ҳамлаи низомии Туркия ба Сурия

Гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ дар навори Ғазза баёнияе муштарак содир намуда, бар лузуми таваққуфи ҳар чи зудтари таҷовузи низомии Туркия ба хоки Сурия таъкид карданд. Ба гузориш пойгоҳи Алаҳд, гурӯҳҳои фаластинӣ дар баёнияи муштараки худ, Иттиҳодияи Араб ва Созмони Ҳамкории Исломиро ба таҳаррукоти фаврӣ барои таваққуфи ин ҳамла фаро […]

Тавофуқи курдҳо бо Димишқ // Артиши Сурия вориди Манбаҷ шуд

Курдҳо аз дастёбӣ ба тавофуқ бо давлати Сурия барои истиқрори нерӯҳои артиши Сурия дар марз бо Туркия хабар доданд. Ин дар ҳолест, ки дақоиқе пеш расонаҳо аз вуруди артиши Сурия ба шаҳри Манбаҷ хабар доданд. Ба гузориши расонаҳои минтақа, аз шаби Душанбе артиши Сурия дар марз бо Туркия […]

Фармондеҳи шибҳинизомиёни курд: “Мо аз равобит бо Омрико пушаймон нестем”

Мазлум Абдӣ, фармондеҳи шибҳинизомиёни курд, бо баёни ин ки мо “аз равобит бо Омрико пушаймон нестем” гуфт: “Ҳамчунин мо аз рад кардани пешниҳоди Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон пушаймон нестем, аммо мо хору хафиф шудаем.” Абдӣ, ки дар ҷараёни нишасте аз Вошингтун сӯҳбат […]

Эҳтимоли эҳёи ДОЪИШ дар шимоли Сурия пас аз ҳамлаи Туркия

Нигаронкунандатарин натиҷаи эҳтимолии ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия, фароҳам омадани замина барои эҳёи ДОЪИШ дар натиҷаи ошуфтагӣ дар манотиқи шимол ва шимоли шарқии ин кишвар аст. Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy Ҳамлаи ҷадиди Туркия дар шимоли Сурия метавонад як бори дигар нақшаи даргириҳо дар ин кишвари ҷангзадаро тағйир […]

Эрон дар барзахи миёни курдҳо ва Туркия

Кучактарин ҳимояти Эрон аз Туркия дар қиболи ҳамла ва таҷовуз ба курдҳои Сурия, бо вокуниши тунди курдҳо аз Сурия то Туркия, Ироқ ва бахусус ҷомеаи курди Эрон мувоҷеҳ мешавад. Аз ин рӯ барои он ки ин ҳассосиятҳо ҳам аз ҷониби курдҳо рӯй надиҳад, Эрон саъй дорад ҳатталмақдур худро […]

Посухи курдҳо ба ҳамалоти артиши Туркия

Нерӯҳои демукротики Сурия (курдҳо) дар посух ба ҳамалоти артиши Туркия, шаҳри марзии Насибини Туркияро ҳадафи ҳамалоти хумпораӣ қарор доданд. Соатҳое пеш расонаҳо аз гулӯлаборони шаҳри Насибини Туркия ба дасти нерӯҳои демукротики Сурия хабар доданд. Шибҳинизомиёни курд ҳамчунин дар вокуниш ба ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии Туркия, чоҳҳои нафт дар […]

Ханҷари Тромп дар пушти ҳампаймононаш

Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо тасмими ногаҳониаш мабнӣ бар хуруҷ аз шимоли Сурия чӣ басо ҳадияи масмумеро ба раисиҷумҳури Туркия дода ва Ардуғон артишашро вориди доме бисёр хатарнок кардааст, ки хуруҷ аз он барояш бисёр душвор мебошад. Таҳлили Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм Бисёреҳо Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро ба […]