Метка: Фаластин

Баёнияи муштараки 12 гурӯҳи фаластинӣ алайҳи ҳамлаи низомии Туркия ба Сурия

Гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ дар навори Ғазза баёнияе муштарак содир намуда, бар лузуми таваққуфи ҳар чи зудтари таҷовузи низомии Туркия ба хоки Сурия таъкид карданд. Ба гузориш пойгоҳи Алаҳд, гурӯҳҳои фаластинӣ дар баёнияи муштараки худ, Иттиҳодияи Араб ва Созмони Ҳамкории Исломиро ба таҳаррукоти фаврӣ барои таваққуфи ин ҳамла фаро […]

Нигоҳе ба суханрони Ардуғон ва вокуниши асабонии Натонёҳу

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy Пас аз нутқи шадидуллаҳни Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, алайҳи амалкарди “Исроил” дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарии рӯди Ӯрдун, ибтидо Бенёмин Натонёҳу ва баъд Изроил Котз, вазири умури хориҷаи “Исроил”, дар вокунише хашмгинона хитоб ба ӯ гуфтанд: “Ардуғон ба далели қатли омми […]

Раҳбари масеҳиёни Фаластин: “Конфронси Баҳрайн ниқоб аз чеҳраи аъроби хоин бардошт”

Атоулло Ҳанно, сарусқуфи калисои Руми уртудукс дар Байтулмуқаддас, бо баёни ин ки конфронси Баҳрайн ниқоб аз чеҳраи аъроби хоин бардошт, гуфт: “Арабҳои ширкаткунанда дар конфронси Баҳрайн аз марҳилаи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ба марҳилаи тавтиъа алайҳи Фаластин ва дар оғӯш гирифтани душманони Фаластин расидаанд.” Вай дар гуфтугӯ […]

Ҳама чиз дар бораи “Муомилаи қарн” ва тарроҳи он (тасовир)

“Нишасти Манома” (бахши иқтисодии тарҳи омрикоӣ-саҳюнистии мавсум ба “Муомилаи қарн”) шомгоҳи сешанбе бо суханронии Ҷоред Кушнер (Jared Kushner) — домод ва мушовири Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар Манома – пойтахти Баҳрайн оғоз шуд. Кушнер дар суханронии худ дар ин нишаст, бо ин иддао, ки сармоягузорӣ пешшарти поёни даргириҳост, […]

Оё фаластиниҳо заминҳои худро фурӯхтанд?

Бештари заминҳое, ки аз рӯзи таъсиси давлати ҷаълии «Исроил» дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор гирифт, заминҳое аст, ки аз тариқи қатл, ғорат ва куштор ба дасти саҳюнистҳо афтодааст, на фурӯши заминҳо ба саҳюнистҳо тавассути фаластиниҳо, ки таблиғ мешавад. Тибқи омори расмӣ, танҳо 1.8% заминҳо мустақиман тавассути фаластиниҳо ба саҳюнистҳо […]

Таҳлили Атвон аз ҷанги 2-рӯзаи Ғазза

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон дар нашрияи Раъюл-явм Навори Ғазза камтар аз 2 дарсад аз Фаластини таърихиро нишон медиҳад, аммо ин минтақа ва мардумаш, ба танҳоӣ, бинии ғоратгарони исроилӣ ва омрикоиро ба хок молиданд ва бо шуҷоату диловармардӣ, аз сарзамини 400 милюн араб ва муқаддасоти 1.5 милёрд мусалмон дифоъ […]

Эрон ва Туркия хостори вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамалоти Телавив ба Ғазза шуданд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғаззаро шадидан маҳкум кард ва хостори иқдоми фаврии созмонҳо ва маҷомеи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар ҷилавгирӣ аз идомаи таҷовузоти ин режим алайҳи мардуми бедифоъ ва бегуноҳи Фаластин шуд. Давлати Туркия низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то ба […]

Омрико аз ҳамалоти саҳюнистҳо ба Ғазза дифоъ кард

Вазири хориҷаи Омрико, бо дифоъ аз ҳамалоти бевақфаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, гуфт, ки умедвор аст дар ин минтақа оташбас барқарор шавад. Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико, ки дар шабакаи Фокс-нюз сӯҳбат мекард, дар мавриди даргириҳое, ки аз рӯзи гузашта бо шаҳодати чанд ҷавони фаластинӣ оғоз шуд, […]

Ҳамлаи густурдаи “Исроил” ба Ғазза то кунун 17 шаҳид ва 120 захмӣ барҷой гузошт (видео)

Аз 24 соати гузашта то кунун, Фаластин шоҳиди таҳаввулоти хушунатборе буда ва ҳавопаймоҳои ҷангии саҳюнистӣ борҳо ҳамалоти густурдае алайҳи мардуми Ғазза роҳандозӣ карданд. Ҳамалоте, ки албатта аз сӯи гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ бидуни посух намонд ва беш аз 600 мушак ба самти сарзаминҳои ишғолӣ партоб шуд. Дар ҳамин робита, […]

Натонёҳу: “Давлати фаластинӣ эҷод нахоҳад шуд”

Нахуствазири режими саҳюнистӣ ду рӯз монда бо интихоботи порлумон (Кнессет), дар мусоҳибае эълом кард, ки давлати фаластинӣ эҷод нахоҳад шуд. Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ имрӯз (якшанбе, 7 апрел) яъне ду рӯз монда ба баргузории интихоботи Кнессет ва бо ҳадафи ҷалби раъйи шаҳракнишинони ишғолгар, дар мусоҳиба бо вебгоҳи […]

Ба баҳонаи 15-умин солгарди шаҳодати Шайх Аҳмад Ёсин

Имрӯз (22-уми март) мусодиф аст бо 15-умин солрӯзи шаҳодати Шайх Аҳмад Ёсин, муассис ва раҳбари маънавии Ҷунбиши Муқовимати Исломии Фаластин (Ҳамос). Ӯ дар саҳаргоҳи ҳамин рӯз, замоне ки пас аз адои фаризаи намози субҳ қасди хуруҷ аз масҷидро дошт, мавриди ҳадафи мушаки «ҳаво ба замин»-и чархболҳои саҳюнистӣ қарор […]