Метка: Фаластин

Эҳуд Борок: “Дар се дақиқа, 300 фаластиниро куштем”

Эҳуд Борок, нахуствазир ва вазири пешини дифоъи режими саҳюнистӣ, рӯзи ҷумъа эътироф кард, ки дар се дақиқаву 30 сония, 300 фаластиниро қатли ом кардааст. Рӯзномаи саҳюнистии “Маорив” (מעריב) рӯз ҷумъа гузориш дод, ки ин иттифоқ дар замоне, ки Эҳуд Борок вазири дифоъ буд ва дар як ҳамлаи ҳавоӣ […]

Ҳимояти Маҷлиси сенои Ирланд аз манъи фурӯши маҳсулоти «исроилӣ»

Маҷлиси сенои Ирланд аз қонуни мамнӯияти воридоти маҳсулоти тавлидшуда аз сӯи давлати ишғолгари «Исроил» ва фурӯши онҳо дар саросари ҷаҳон ҳимоят кард. Маҷлиси сенои Ирланд рӯзи чаҳоршанбе (11.07.2018) ҳимояти худро аз қонуне эълом кард, ки ба мӯҷиби он, воридоти колоҳо ва хадамоти тавлидшуда аз сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва […]

«Ваҳдати уммати исломӣ ормони Қудсро бароварда мекунад»

Ёддошти Зулфиқори Исмоилиён, рӯзноманигор ва коршиноси сиёсии тоҷик Рӯзи Қудс рӯзи додрасии уммати исломӣ барои дифоъ аз мазлумияти Фаластин аст. Қудс рӯзе аст, ки ҳамаи кишварҳои мусалмон бояд нерӯ ва имконоти худро басиҷ кунанд, чун мардуми Фаластин бо қурбониҳое, ки доданд ва талошҳое, ки карданд, дар ҳақиқат ба […]

«Рӯзи ҷаҳонии Қудс, рӯзи мубориза барои таҳаққуқи адли илоҳӣ»

Ёддошти Игор Панкратенко, коршиноси сиёсии рус Гоҳе авқот аз забони бархе шунида мешавад, ки Рӯзи ҷаҳонии Қудс дигар маънои хоссе надорад, зеро бо ин вуҷуд, ки мардум тазоҳурот ва роҳпаймоӣ баргузор карда ва ҳамбастагии худ бо мазлумияти Фаластинро иброз мекунанд, вазъият на танҳо беҳбуд намеёбад, балки ҳатто бадтар […]

Раҳбари Эрон: “Озодии Фаластин суннати илоҳӣ аст, Омрико ҳеч ғалате наметавонад бикунад” – филм

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар аввалин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон, қориён ва ҳофизони Қуръон ба муддати се соат дар ҳузури раҳбари Эрон “маҳфили унс бо Қуръони Карим” барпо карданд. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор яке аз ниёзҳои зарурии имрӯзи уммати исломиро “наздикӣ ба Қуръон ва амал ба […]

Режими саҳюнистӣ бояд ба унвони ҷинояткори ҷангӣ ба додгоҳ муаррифӣ шавад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани куштори ваҳшиёнаи даҳҳо тан ва захмӣ шудани ҳазорон нафар аз фаластиниёни Ғазза ва соири сарзаминҳои Фаластин тавассути режими саҳюнистӣ, хостори вокуниши фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд. Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, куштори ваҳшиёна ва қатли омми […]

Насруллоҳ: “Ба ҳамалоти мушакии худ алайҳи Исроил идома хоҳем дод”

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ, бо ишора ба ҳамлаи мушакии ҳафтаи пеш ба Исроил тасреҳ кард: “Ин ҳамлаи мушакӣ яке аз шаклҳои посух ба таҷовузи мудовими Исроил ба Сурия аст. Туи исроилӣ ба унвони душман наметавонӣ ба таҷовузи худ ба Сурия ва мардуми он ва ба меҳвари […]

Омрико сафорати худ дар Қудси ишғолиро расман ифтитоҳ кард / Шумори шуҳадои фаластинӣ ба 40 нафар расид

Дар ҳоле, ки низомиёни режими саҳюнистӣ тазоҳуроти фаластиниҳоро ба хоку хун кашида ва то кунун 40 нафарро ба шаҳодат расонда ва ҳудуди 1700 нафарро захмӣ карданд, Иёлоти Муттаҳида ба сурати расмӣ ифтитоҳи сафорати худ дар Қудси ишғолиро эълом кард. Ба гузориши расонаҳо, Иёлоти Муттаҳида ба сурати расмӣ ифтитоҳи […]

Тазоҳуроти саросарӣ дар Фаластин дар эътироз ба интиқоли сафорати Омрико ба Қудс – филм ва тасовир

Имрӯз навори Ғазза, каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ дар эътироз ба ишғоли Фаластин ва интиқоли сафорати Омрико шоҳиди тазоҳуроти густурда аст. Аҳолии навори Ғазза аз соатҳои аввали субҳи имрӯз (душанбе, 14 май) ба самти марзҳои шарқии навори Ғазза бо Фаластини ишғолӣ рафтанд, то дар эътироз ба интиқоли сафорати […]

Либерман: “Ҳазрати Мӯсо (а) иштибоҳ кард, ӯ мебоист моро на ба Ховари Миёна, балки ба марзҳои Итолиё ва Суис мебурд”

Вазири ҷанги режими ишғолгари “Исроил” дар мусоҳиба бо як рӯзномаи русӣ гуфт, ки ин режим дар заминаи ҳамсоягон хушшонс набуда ва иқдоми ҳазрати Мӯсо (а) дар интиқоли яҳудиён ба Фаластин, иштибоҳе роҳбурдӣ (стратегӣ) будааст. Овигдур Либерман дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо рӯзномаи русии Коммерсант гуфт, ки иқдоми ҳазрати Мӯсо […]

Валиаҳди Саудӣ ба раҳбарони Фаластин: “Ё бо Исроил музокира кунед ё хафа шавед ва шикоят накунед!”

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ, дар ҷараёни сафари ахираш ба Омрико дар ҷаласаи дидор бо созмонҳои яҳудии Омрико, ба раҳбарони фаластинӣ тавсия карда, ки ё бо Исроил бар сари мизи музокира нишаста ва ихтилофоти худро ҳал кунанд ё “хафа шаванд ва шикоят накунанд.” Ба гузориши шабакаи хабарии Fox […]