Метка: Фаластин

Интифозаи феълӣ моҳҳо ва шояд солҳо идома ёбад

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо ба расмият шинохтани Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти режими ишғолгари “Исроил”, муттаҳидони худ дар кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс ва ҳамчунин Мисрро, ки дар меҳвари мавсум ба “миёнаравҳои араб” ҳастанд, аз пой даровард ва шӯълаи интифозаеро равшан […]

Ширкати нахуствазири Тоҷикистон дар нишасти “Созмони Ҳамкории Исломӣ” дар Истонбул

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар суханоне дар нишасти фавқулодаи “Созмони Ҳамкории Исломӣ” дар Истонбул, бар аҳаммияти ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалӣ ва талошҳои созанда ҷиҳати ҳалли одилонаю фарогири қазияи Фаластин таъкид кард. Ба гузориши сойти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 13 декабри соли 2017 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия нишасти ғайринавбатии […]

Таъкиди шайхи Алазҳар бар ҳимоят аз Интифозаи миллати Фаластин

Шайхи Алазҳари Миср бар ҳимоят аз Интифозаи миллати Фаластин то замони ташкили давлати мустақилли ин кишвар ба пойтахтии Қудси шариф таъкид кард. Аҳмад Тайиб, шайхи Алазҳар, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, бар ҳимоят аз Интифозаи миллати Фаластин то ташкили давлати мустақил ба […]

Баёнияи поёнии нишасти сарони “Созмони Ҳамкории Исломӣ”

“Созмони Ҳамкории Исломӣ” таъкид кард: “Тасмими раисиҷумҳури Омрико дар бораи Қудс пуч ва беэътибор аст, онро намепазирем ва ба шиддат маҳкум мекунем.” Ба гузориши хабаргузории Форс, нишасти изтирории сарони “Созмони Ҳамкории Исломӣ” дар Истонбул, бо судури баёнияе дар бораи Қудс ба поён расид. 48 кишвари узви ин созмон […]

Валиҳади саудӣ хитоб ба Маҳмуд Аббос: “Қудс ва ҳаққи бозгашти паноҳандагонро фаромӯш кун!”

Як пойгоҳи арабзабон фош кард, ки валиаҳди саудӣ дар ҷараёни дидор бо Маҳмуд Аббос, пешниҳод дода то дар қиболи гирифтани маболиғи ҳангуфте, Қудс ва ҳаққи бозгашти паноҳандагонро фаромӯш кунад. Пойгоҳи Арродор ҷузъиёти ҷадидеро аз дидори чанде пеши Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ бо Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони […]

Насруллоҳ: “Тасмими Тромп сароғозе барои поёни “Исроил” хоҳад буд” (филм)

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо баёни ин ки “Тасмими Тромп сароғозе барои поёни “Исроил” хоҳад буд” гуфт: “Аз ҳамаи гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа ва ҳамаи касоне, ки ба муқовимат имон доранд мехоҳем, ки мавзеъи якпорча барои муқобила бо таҷовузи омрикоӣ-саҳюнистӣ иттихоз кунанд, то Қудсро пасбигирем.” Вай […]

Тамоси телефонии раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо Ҳасани Руҳонӣ

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), дар тамоси телефонӣ бо Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, зимни қадрдонӣ аз мавозеъи устувор ва усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва Қудси шариф, тасреҳ кард: “Аз нигоҳи миллати Фаластин, Ҷумҳурии Исломии Эрон як сутуни нерӯманд […]

Гуфтугӯи женерол Сулаймонӣ бо фармондеҳони низомии Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ

Женерол Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Эрон, дар тамоси телефонӣ бо фармондеҳи гурдонҳои “Шаҳид Иззуддин Қассом” ва фармондеҳи гурдонҳои “Сароё ал-Қудс”, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои пуштибонии ҳамаҷониба аз нерӯҳои муқовимати исломии Фаластинро эълом кард. Ба гузориши Tasnimnews,  женерол Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Эрон, соате […]

Тағйироти бузурге дар ҳоли рух додан дар Ховари Миёна аст

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, танҳо касе набуд, ки дар ҳисобҳои худ иштибоҳ кард ва арзёбии баде аз вокунишҳои исломӣ ва арабӣ дар бораи тасмими фоҷеабораш дар заминаи ба расмият шинохтани Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти режими ишғолгари исроилӣ ва интиқоли сафорати Омрико […]

Вокуниши тунди Натонёҳу ба суханони Ардуғон дар бораи “Исроил”

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар вокуниш ба суханони Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ки Исроилро “давлате терурист ва кӯдаккуш” хонд, гуфт: “Он касе, ки рустоҳои ҳамватанони курди худро бомбборон мекунад, он касе, ки ба Ҳамос дар Ғазза кӯмак мекунад, он касе, ки ба Эрон барои давр задани […]

Ҳароси “Исроил” аз ифшои асноди моликияти Қудс

Як рӯзномаи туркӣ дар хабаре эълом кард, ки асноди моликият бар шаҳри Қудс, ки дар оршивҳои (архивҳои) Туркия аз давраи Усмонӣ нигаҳдорӣ мешавад, боиси нигаронии шадиди исроилиҳо шудааст. Пойгоҳи интернетии рӯзномаи туркии “Яни Шафақ” дар хабаре навишт: “171 ҳазору 360 санади моликияти Қудс, ки марбут ба давраи Усмонӣ […]