Метка: Худшиносӣ

Худшиносӣ, калиди ҳамаи маърифатҳост

Сайидюнуси Истаравшанӣ Агар инсон худашро бишносад, дигар ҳама чизро ба дурустӣ хоҳад шинохт. Мушкили умдаи инсон дар ин аст, ки ғолибан пеш аз он ки худашро дуруст шинохта бошад, саъй мекунад аввал ҷаҳонро бишносад. Дар ҳоле ки калиди шинохти ҳама чиз пеши вай, ин шинохти худаш аст. Албатта, […]

Идомаи посух ба пурсиш дар бораи худшиносӣ

Дар мақолаи пешин, ба қисмате аз пурсиши бародари азизамон дар бораи худшиносӣ посух дода шуд ва ваъда дода будем, ки дар фурсати муносиб, посухро такмил хоҳем намуд. Аввал пурсишро ёдовар бишавам. Пурсиш ин буд: “Дуруд. Устод мехостам, то худшиносиро тавзеҳ диҳед, хеле содда ва фаҳмо намуда. Хоҳишан хеле […]

Худшиносӣ ба баёне хеле содда

Пурсиш: Дуруд. Устод мехостам, то худшиносиро тавзеҳ диҳед, хеле содда ва фаҳмо намуда. Хоҳишан хеле содда карда тавзеҳ диҳед, на аз нуқта назари фалсафа. Фарз кунед, ки як мактабхони синфи 8 аз Шумо савол карда истодааст. Пешопеш ташаккур! А.Қ. * * * Посух: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Ва алайкум […]

Мухолифат бо ҳукумат, лузуман ба маънои хостори расидан ба қудрат нест

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар кишвари мо, чунонки бисёре аз мафоҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ воруна тафсиру тавзеҳ шуда (ва мешаванд), мавзеъгириҳо — ба хусус мавзеъгирӣ дар арсаи сиёсат — низ ба мардум ва афкори умумӣ воруна нишон дода мешаванд, он ҳам бештар аз тариқи расонаҳои вобаста ба ҳукумат ва махсусан […]

Қуръон ва масъалаи худшиносӣ ва Худошиносӣ

Маҳмудхон Бурҳонов Бе ягон шакку тардид метавон гуфт, ки дар ин мавзӯъ Қуръони Карим болотарин ва охирин сухани мумкинро гуфтааст, ки на пеш аз он ва на пас аз он, ҳеч мактаб ва ё дине ба ин зебоӣ ва зарофат натавониста онро баён кунад. Дар Қуръон ояте ҳаст, […]

Тамсили бисёр зебои Мавлоно дар бораи худшиносӣ

Мавлоно дар дафтари шашуми Маснавӣ достоне овардааст бисёр зебо дар бораи худшиносӣ. Мегӯяд, фақири муфлисе буд, ки аз зиёдии фақр ва надорӣ ҷонаш ба лаб расида буд, дар намозу дуо аз Худованд ризқе дархост кард аммо бидуни он ки заҳмате бикашад ва саъйе намояд. Ӯ муддате ҳамин дархостро […]

Худшиносӣ (21) – Худогоҳии миллӣ, инсонӣ ва паёмбарона (2)

Дар поёни баҳси пешин гуфтем, ки «худогоҳии инсонӣ» бо ин ки беш аз ҳама сурати мантиқӣ дорад, вале мутаассифона воқеият наёфтааст. Чаро? Далелаш дар моҳияти инсон нуҳуфтааст. Моҳияти инсон бо ҳамаи мавҷудоти дигар – ҷамод, набот, ҳайвон – комилан мутафовит аст. Тавзеҳ он ки: ҳар мавҷуде ба ҷуз […]

Худшиносӣ (20) – Худогоҳии миллӣ, инсонӣ ва паёмбарона (1)

Баҳсҳои мо дар мавзӯи «худшиносӣ» рӯ ба поён аст ва танҳо матлабе, ки боқӣ монда ва ваъда дода будам дар поёни ин силсиламабоҳис роҷеъ ба он ба тафсил сӯҳбат бикунам ин аст, ки: 1. Дар заминаи «худогоҳӣ», ба ҷуз «худогоҳии фардӣ» (ки ба тафсил дар ин бора сӯҳбат […]

Худшиносӣ (19) – Худшиносӣ барои чист?

Баҳсҳои мо дар бораи худшиносӣ тақрибан рӯ ба поён аст, фақат ду се матлаб боқӣ монда, ки лозим аст дар бораи онҳо сӯҳбат бикунем. Яке ин ки: асосан худшиносӣ барои чист? Оё худаш, ба худии худ, як ҳадаф аст? Ва ё барои ҳадафи дигаре манзур шудааст? Масъалаи дигаре […]

Худшиносӣ (18) – Руҳи ҷамъӣ (3)

Баҳси мо ин буд, ки ҷомеа як мураккаби ҳақиқӣ аст, вале на таркиби ҷисмҳо, балки таркиби руҳҳо, андешаҳо, отифаҳо, хостҳо, иродаҳо, ва хулоса таркиби фарҳангҳо, на таркиби танҳо ва андомҳо. Афрод, ки ҳар кадом як воҳиди мустақил ҳастанд, вақте вориди зиндагии иҷтимоӣ мешаванд, ҳувияти руҳии ҷадиде — ки […]

Худшиносӣ (17) – Руҳи ҷамъӣ (2)

Масъалае, ки дар садади посух ба он ҳастем ин буд, ки чунонки фард дорои «худ» (ман) аст, оё ҷомеа низ дорои «худ» мебошад? Дар баҳси пешин, ба унвони муқаддима, ин масъала табйин шуд, ки инсон табиатан иҷтимоӣ офарида шуда ва иҷтимоӣ будан дар ниҳоди ӯ гузошта шудааст. Ин […]