Метка: Хуҷанд

Ин модарони доғдида ҳам шоистаи як “изҳори таслият” буданд, ҷаноби Президент!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ду рӯз пеш, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барқияи таслияте ба Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, ба хотири ҳодисаи асафангези Кобул фиристод; ҳодисае, ки дар он, ҳудуди 50 нафар аз ҷамъомадагон дар ҷашни мавлуди ҳазрати Паёмбар (с) дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ, ба шаҳодат расиданд. Шакке нест, ки ин […]

Садриддин: “Оё нафту пул аз хуни инсон боарзиштар аст?”

Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли тоҷик ва мудири сойти Ислоҳ, бо ишора ба хомӯшии ҳомиёни ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ дар баробари кушта шудани беш аз 50 нафар зиндонии тоҷик, хитоб ба онҳо гуфтааст: “Оё нафту пул аз хуни инсон боарзиштар аст барои муассисаҳои ҳомии ҳуқуқи башар? Ё ин ки […]

Ҷузъиёти ошӯб дар зиндони Хуҷанд

Ба гузориши сойти Паём, замоне ки мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи сабаб ва ҷузъиёти ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд худдорӣ мекунанд ва мекӯшанд тамоми роҳҳои расидани иттилоъ ба расонаҳо ва мардумро масдуд кунанд, на танҳо фарзияву тахмин ва овозаҳо бештар мешаванд, балки иттилоъот низ бо ҳар роҳе ба […]

Роҳандозии петитсия барои ташкили як кумисиюни мустақил барои таҳқиқи қатли омми зиндониёни зиндони Хуҷанд

Фаъолони тоҷик додхосте (петитсия) дар сойти Change.org барои ташкили як кумисиюни мустақил барои таҳқиқи қатли омми зиндониёни зиндони шумораи 3 Хуҷанд, ки дар 7 ноябри соли ҷорӣ иттифоқ афтод, роҳ андохтаанд. Матни ин додхост бад-ин шарҳ аст: Дар шоми 7 ноябри соли 2018 дар Тоҷикистон, як рӯз пас […]

“КДАМ бо пахши ин хабар мехост афкори ҷомеъаро аз қатли омми зиндони Хуҷанд ба ҳошия барад”

Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсии тоҷик ва узви Шӯрои олии ПМТ, дар гуфтугӯ бо сойти Паём, бо ишора интишори ин хабар, ки мақомоти амниятӣ 12 узви ДОЪИШ-ро, ки мехостанд пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанберо битараконанд боздошт карданд ва инкори ин хабар аз сӯи ҳамин ниҳод, гуфт: “Бо гумони ғолиб, […]

ПМТ хостори иҷрои таҳқиқи дақиқ дар хусуси ҳодисаи зиндони Хуҷанд шуд

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо “фоҷеаи миллӣ” хондани ҳодисаи зиндони рақами 3-и Хуҷанд дар шаби 7 ноябр, аз Созмони Милали Муттаҳид дархост намудааст, то “Ҳукумати Тоҷикистонро водор ба ташкили як комиссияи муташаккил аз намояндагони мақомот, намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низ хонаводаҳои маҳбусин намояд, то […]

Кадом як хиҷолатовартар аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳафтаи ҷорӣ шоҳиди ду ҳодиса дар кишвар будем: яке, қатли омми зиндониён дар Хуҷанд — ки бино бар охирин гузоришҳо, ҳудуди 50 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ барҷой гузоштааст — ва ҳодисаи дигар, пухтани як тонн ош дар пойтахт ва баргузории маросими бисёр […]

Сиёсат ё шайтанат?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар суханронии ахираш дар Кохи Арбоби Хуҷанд ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар соли 1992, бо муттаҳам кардани ҲНИТ дар ҷанги шаҳрвандии 1992-1997, гуфт: “Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва […]

Файласуфи гумноми тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳар гоҳ сухан аз фалосифаи тоҷик ба миён ояд, ба зеҳни ҳар як аз мо номи абармардоне чун Форобӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Хайём, Мавлоно ва амсоли эшон меояд, чаро ки дар китобҳоямон, чи он чи дар мактабҳои миёна тадрис мешавад ва ё дар донишгоҳҳоямон меомӯзанд […]

Боздошти густардаи намозгузорон дар шаҳри Хуҷанд

Шаби гузашта кормандони Кумитаи амният ва пулиси шаҳри Хуҷанд вориди масҷиди «Тути калон»-и ин шаҳр ҳангоми баргузории намози хуфтан шуда, тамоми намозгузорони ин масҷидро боздошт карданд. Ба гузориши сойти Payom, манбаи огоҳ дар ин бора гуфтааст, шумори афроди боздоштшуда ҳудуди 30 нафар буда, аксаран ҷавонон будаанд. Тибқи ин […]