Метка: Шарофиддин Гадоев

Матни номаи Amnesty International ба додситони кулли Тоҷикистон дар мавриди Шарофиддин Гадоев

Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) дар номае ба додситони кулли Тоҷикистон, зимни ибрози нигаронии амиқи худ аз вазъияти Шарофиддин Гадоев — узви Шӯрои раҳбарии Паймони Миллӣ ва ҳамоҳангкунандаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, аз додситони кулли кишвар хостааст, фавран Шарофиддинро озод кунанд. Дар ин нома омадааст: “Додситони кулл, […]

Муовини мудири Human Rights: “Шарофиддин Гадоев куҷост?”

Ян Кой (Jan Kooy) – муовини мудири Созмони Human Rights Watch дар Урупо, дар паёме кӯтоҳ, бо тарҳи ин суол, ки “Шарофиддин Гадоев куҷост?”, хитоб ба Вазорати хориҷаи Ҳуланд, навиштааст: “Шарофиддин Гадоев дорои паноҳандагии сиёсӣ дар кишвари Ҳуланд мебошад, аммо дар Маскав дастгир ва (ба Душанбе) истирдод шуда. […]

Як мақоми давлатӣ: “Муҳим барои мо, баромадан аз бӯҳрони Гадоев бо осеби камтарин ва ҳифзи обрӯст”

Як мақоми баландпояи давлатӣ дар гуфтугӯ бо сойти Ахбор гуфтааст: “Дар ин шароит барои Душанбе дигар муҳим ин нест, ки ба фарзияи қаблии “бозгашти ихтиёрӣ”-и Гадоев пойфишорӣ кунад. Муҳим барои Душанбе дар ин вазъият баромадан аз ин бӯҳрони Гадоев бо осеби камтарин ва бо ҳифзи обрӯ аст.” Дақоиқе […]

Яке ду сухан дар бораи моҷарои рабуда шудани Шарофиддин

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар оғози моҷаро, яъне он замон, ки Шарофиддин як дафъа сар аз Душанбе даровард, ду гурӯҳ хушҳолу шодмон гардиданд ва ҳисобӣ пой кӯбиданд: яке, ҳукумат, ба хусус мақомоти амниятӣ, ки забони ҳолашон ин буд, ки: бибинед, чӣ қадр мо тавоно ҳастем! Тавонистем яке аз раҳбарони мухолифонро […]

Шарофиддин Гадоев чӣ гуна рабуда шуд? // Ҷузъиёти моҷаро

Чаҳор созмони ҳомии ҳуқуқи башар ҷузъиёти боздошти Гадоев дар Маскав, пойтахти Русияро мунташир карданд. Ба гуфтаи онҳо, бино бар гузориши сойти Ахбор, “нимаи дуюми рӯзи 14 феврал кормандони хадамоти амнияти Русия ӯро дар меҳмонхона вохӯрда, ба мулоқот бурданд. Сипас дигар кормандони хадамоти вежаи Русия бо мошие дигар, дар […]

Тавсияи Кабирӣ ба Рустами Эмомалӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), хитоб ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва тими ҷавонаш, изҳор дошт: “Ҳарчи зудтар иштибоҳи худро ислоҳ кунед; Шарофиддин агар ба Аврупо баргардад, на танҳо барои ӯ хуб аст – чун билохира ба озодӣ бармегардад — балки барои шумо ҳам хуб аст, […]

“На танҳо исматон вориди листи таҳрим мешавад, балки ба унвони қочоқчиёни инсон, парвандаатон ба додгоҳи байналмилалӣ бурда хоҳад шуд”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, хитоб ба мақомоти Тоҷикистон гуфт: “Созмонҳое, ки парвандаҳои шуморо дар даст доштанд ва дар ин замина кор мекарданд, дирӯз бо ман тамос гирифтанд ва гуфтанд, ки дигар ниёз ба далелу фактҳои иловагӣ нест, ва он факту далелҳое, ки то имрӯз мо чӣ […]

Барномае махсус дар ВВС форсӣ дар бораи Шарофиддин Гадоев

Дақоиқе пеш, Дориюши Раҷабиён, хабарнигори ВВС форсӣ, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук навишт: ”Дар соати ҳашту ними бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) ба вақти Душанбе, Би-Би-Сии форсӣ матлаберо дар бораи Шарофиддин Гадоеф пахш мекунад, мубтанӣ бар сӯҳбатҳои худи ӯ, вакилаш ва касе, ки ӯро ба Русия даъват […]

Алишер Абдурраҳмонов кист?

Пас аз рабуда шудани Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” тавассути одамрубоёни ҳукуматӣ, ин ҷунбиш бо баргузории як маҷлиси изтирорӣ, муваққатан Алишер Абдураҳмоновро ба унвони ҳамоҳангсози ҷадиди ин ҷунбиш интихоб намуд. Ба гузориши сайти Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, дирӯз маҷлиси изтирории садорати Ҷунбиши […]

Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”: “Одамрубоӣ дар Русия борҳо ошкор шудааст”

Ҷунбиши мардумии “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” дар баёнияе, бо баёни ин ки ҳамоҳангсози ин ҷунбиш Шарофиддин Гадоев рабуда шудааст, тасреҳ кард: “Дар доираи сафари корӣ Шарофиддин Гадоев расман раводиди Русияро дар сафоратхонаи ин кишвар дар Шоҳигарии Нидерланд ба даст овардааст, дипломатҳои Русия медонистанд, ки Шарофиддин Гадоев бо ҳамин […]