Метка: Шарҳи Маснавӣ

Шарҳи Маснавӣ (33)

Баёни он ки куштан ва заҳр додани марди заргар ба ишорати илоҳӣ буд, на ба ҳавои нафс ва тааммули фосид (2) * * * Баҳри он аст имтиҳони неку бад, То биҷӯшад, бар сар орад зар, забад. Озмойиши сараву носара барои он аст, ки тилло ба ҷӯш ояд […]

Шарҳи Маснавӣ (32)

Баёни он ки куштан ва заҳр додани марди заргар ба ишорати илоҳӣ буд, на ба ҳавои нафс ва тааммули фосид (1) * * * Дар бахши 29 ин силсиланавиштор таҳти унвони “Чаро ҳакими илоҳӣ бо заргар ин корро кард?”, филҷумла гуфта гузаштем, ки заҳр додани ҳакими илоҳӣ ба […]

Шарҳи Маснавӣ (31)

Фиристодани подшоҳ расулон ба Самарқанд ба овардани заргар (4) * * * Аз ин ҷо то чанд байти дигар ин матлаб бозгӯ шуда, ки ишқҳои рангин ва суратӣ чун бар маъшуқҳои зоил таъалллуқ мегирад, давоме надорад ва аз ин рӯ ҳамроҳ бо заволи он маъшуқҳо, ба завол меравад. […]

Шарҳи Маснавӣ (30)

Фиристодани подшоҳ расулон ба Самарқанд ба овардани заргар (3) * * * Чун зи ранҷурӣ ҷамоли ӯ намонд, Ҷони духтар дар ваболи ӯ намонд. Ҳангоме ки зебоӣ ва таровати заргар бар асари беморӣ аз миён рафт, ҷони канизак аз дарду ранҷи фироқ ва ҷудоии ӯ раҳо шуд. Вабол: […]

Шарҳи Маснавӣ (29) (Чаро ҳакими илоҳӣ бо заргар ин корро кард?)

Фиристодани подшоҳ расулон ба Самарқанд ба овардани заргар (2) * * * Шаҳ бад-ӯ бахшид он маҳрӯйро, Ҷуфт кард он ҳар ду сӯҳбатҷӯйро. Шоҳ он канизаки зеборӯйро ба заргар дод ва он ду нафарро, ки ҳамнишинӣ ва висоли якдигарро талаб мекарданд, ба висоли ҳам расонид. Муддати шаш моҳ […]

Шарҳи Маснавӣ (28)

Хилват талабидани он валӣ аз подшоҳ бо канизак, ҷиҳати дарёфтани ранҷи канизак (3) * * * Ваъдаҳову лутфҳои он ҳаким Кард он ранҷурро эмин зи бим. Ваъдаҳои содиқонаи он ҳакими илоҳӣ канизаки беморро аз биму хавф эмин кард. Ваъдаҳо бошад ҳақиқӣ, дилпазир, Ваъдаҳо бошад маҷозӣ, тосагир. Ваъдаҳои ҳақиқӣ […]

Шарҳи Маснавӣ (27)

Хилват талабидани он валӣ аз подшоҳ бо канизак, ҷиҳати дарёфтани ранҷи канизак (2) * * * Он ҳакими хорчин устод буд, Даст мезад, ҷо ба ҷо меозмуд. Он ҳакими илоҳӣ, ки бемориҳои руҳиро хуб мешинохт, бар бадани канизак даст мезад ва меозмуд, то решаи бемории ӯро бишносад. З-он […]

Шарҳи Маснавӣ (26)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (14) * * * Орзу мехоҳ, лек андоза хоҳ, Барнатобад кӯҳро як барги коҳ. Эй Ҳисомуддин! Орзу дошта бош, вале андоза нигаҳ дор, ки андоза некӯст. Яъне ба андозаи истеъдодат талаби дарки ҳақиқат кун на бештар, чунон ки […]

Шарҳи Маснавӣ (25)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (13) * * * Қола: атъимни фаинни ҷоиъун Ваътаҷил фал-вақту сайфун қотеъун. Ҳисомуддини Чалабӣ ба Мавлоно гуфт: ба ман таъоми маънавӣ бидеҳ, ки гуруснаам. Ва дар ин бора биштоб, ки замон ҳамчун шамшери тез сареъан мегузарад. Нукта: Вақт […]

Шарҳи Маснавӣ (24)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (12) * * * Воҷиб ояд, чунки омад номи ӯ, Шарҳ кардан рамзе аз инъоми ӯ. Чун ки номи Шамси Табрезӣ бар забонам омад, лозим аст, ки шаммае аз инъомҳои маънавии ӯ бозгӯ шавад. Ин нафас, ҷон доманам […]

Шарҳи Маснавӣ (23) – Шамс ва Мавлоно

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (11) * * * Чун ҳадиси рӯйи Шамсуддин расид, Шамси чорум осмон сар даркашид. Ҳар гоҳ аз рӯйи Шамсуддини Табрезӣ сухан ба миён ояд, хуршеди осмон аз партав ва ҷамоли он шармгин мешавад ва рӯи худро ниҳон месозад. […]